Categories Ахбори рӯз

Президенти Чоркӯҳи Исфара кист?

Бо фарорасии моҳи шарифи Рамазон,
ки моҳи раҳмату ҳамдигарбахшӣ, моҳи сулҳу ваҳдату ҳама хубиву некиҳост, умед бар он мешуд, ки масъулини мақомот дар
маҳалҳо шояд дар ин моҳ аз кирдорҳои ношоиставу ғайриқонунии худ дасту доман
бармечинанд. Вале ба қавли “сад ҳайф”, ки иддае аз масъулин ҳанӯз аз ҳамон шеваи
“худам шоҳу табъам вазир” кор мегиранд. Дар ин шабурӯз масъулини мақомоти
давлатии иҷроияи маҳаллии шаҳри Исфара дасту остин барзада бар зидди ҳамдиёрону
ҳаммилатони худ, ки коре ғайриқонуние накардаанд ва муҳимтарин “ҷурм”-ашон ин узвият
дар ягона ҳизби исломӣ, ки реша дар ормонҳои мардуми тоҷик дорад, муборизаро
оғоз кардаанд. Гуфтанист, ки пеши ин тоифаи ба ном намояндаи ҳукумат қонуну санадҳои
ҳуқуқӣ арзише надоранд ва онҳоро коғазпорае беш намедонанд. Ва фаромӯш
мекунанд, ки муҳаббат ба арзишҳои диниву узвият дар Ҳизби наҳзати исломиро ба роҳи
зуру фишор наметавон берун кард. Ҷои муҳаббат қалб аст ва қалб дар ихтиёри
инсони озоду озодхуву озодгуст.

Дирӯз вақте тавассути оинаи
нилгун паёми президенти кишвар Э. Раҳмонро дар бораи ин моҳи пурбаракат, моҳи
бахшишу худгузарӣ тамошо мекардам, ба дил гузаронидам, ки сабаб дар чист, ки зумрае
аз масъулин ин ҳама гуфтаҳоро дастикам мегиранд, ё онҳо президенти дигаре
доранд, ки ба онҳо дастурҳои зиддимардумӣ медиҳад. Э. Раҳмон дар паёми худ ба
муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон мегӯяд, мардуми мо барои оромии рӯҳу
равони хеш хайру саховатро зиёдтар мекунанд, таҳаммулро пеша карда, аз гуноҳҳои
ҳамдигар мегузаранд ва сулҳу салоҳро авло дониста, ба ниёзмандону камбизоатҳо,
ятимону маъюбон, барҷомондагон ва бечорагону фақирон дасти хайру эҳсон дароз
менамоянд.

Дуруст аст, ки сулҳу ваҳдат
беҳтарин дастоварди таърихии миллати мост, шигифтовар ин аст, ки рӯз аз рӯз, иддае аз масъулин ҷои ҳифзу ҳимоят аз он,
камрангу заифаш мегардонанд.

Ҳусейнбой Ғайбуллоев, раиси
ташкилоти ибтидоии ҲНИТ дар ҷамоат Чоркӯҳ имрӯз дар сӯҳбат бо “Наҳзат” гуфт,
рӯзи 16 июн ба хонаи ӯ ду нафар омада, яке худро назоратчии барқ ва дигаре
намояндаи ҷамоат муаррифӣ намуданд ва баъди тафтиш ҷарима ситониданд. Рӯзи
баъдӣ (17 июн) бошад, дар ҳоле, ки ман берун аз манзил будам ва дар хона танҳо
ҳамсарам буд, бо роҳбарии як нафар бо номи Додохон, ки худро ҷонишини раиси
ҷамоат муаррифӣ кардааст, 17 нафар кормандони мақомоти маҳаллӣ вориди манзилам
шуда, ба ҳамсарам гуфтанд, ки барои “уколкунии чорвоятон” омадаем. Ҳамсарам дар
ҳоли ҳайратзадагӣ, мегӯяд, охир ин кори як ё ду нафар аст, наход барои
гузаронидани “укол” 17 нафар барои ин кор омада бошед, гуфта, гиряву фиғон сар медиҳад
ва талаб мекунад, ки ҳарчӣ зудтар тарки манзили ӯ кунанд. Сипас се нафар вориди
манзил мешаванд. Вақте ҳамсарам, мегӯяд, ки ҳамсояҳо ҳам чорво доранд, оё ба
чорвои онҳо ҳам сузандору мегузаронанд, дар ҷавоб гуфтанд, ки ин кори мост. Ба
гуфтаи Ҳусейнбой Ғайбуллоев ин ҳама “ташрифовариҳо”-и нобаҳангом ҳадафмандона
буда, дар зери коса ним косае ҳастт.

More From Author

You May Also Like