аз атрофи шаҳри Маскав ва шаҳри Тулаи Русия пайдо кардаанд, ки бино ба ташхиси
тиббӣ синну соли кушташудаҳо аз 26 то 35 сола мебошанд.
Фавтидаҳо Ёрматов
Хуршед Шарифович, Салимов Самандар Ёрматович, Дилшодов Солеҳҷон Одилович ва
Нодиров Фирдавс Ашурович мебошанд, ки баъд аз ташхису муоинаи табибон ҷасадҳои
онҳо ба Ватан интиқол дода мешаванд. То ба ҳол ниҳодҳои қудратии Русия муайян
накардаанд, ки чӣ омиле сабаби марги шаҳрвандони Тоҷикистон гаштааст.
Бино ба иттилои
пайвандони фавтидаҳо, дар тану бадани онҳо осори латукуб ва бо усули буғӣ ба
ҳалокат расонидан мушоҳида мегардад. Дигар аз шоҳидоне, ки дар мурдахона
ҷасадҳоро дидаанд, бар ин назаранд, ки доғу нишонаҳои латукуб дар бадани онҳо
ба чашм мерсад, ки ин худ гувоҳ аз куштори бераҳмонаи гуруҳе медиҳад.
Ба гуфтаи намояндаҳои
мақомоти умури дохилии шаҳри Маскав,
чаҳор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар як бригада адои вазифа мекардаанд.
Пайдонамоии ҷасади ду нафар аз шаҳри Тула ва дуи дигар аз ҷангалзори атрофи
Маскав гувоҳ аз марги иҷбории онҳо медиҳад ва масъулони ниҳодҳои қудратии
Маскав низ чунин фарзияро тахмин мекунанд.