Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон, дар
паёми шодбошияш ба муносибати 24-умин солгарди истиқололияти давлатӣ барои
мардуми кишвар ва ҳамватанони бурунмарзӣ сулҳу оромӣ, хушбахтиву иқболи нек ва
хонаи обод орзу намудааст. Ӯ иброз
доштааст, ки маҳз истиқлолият ба мо имконияти таърихие фароҳам овард, ки ватани
худро соҳибӣ кунем, давлатдории миллии худро барпо намоем, суннату арзишҳои
миллиамонро эҳё созем, ормонҳои деринаи халқамонро амалӣ гардонем ва зиндагии
озодонаи мардумамонро ба роҳ монем.

Муҳимтарин
дастовардро дар зарфи беш аз ду даҳсолаи гузашта таъмини сулҳу оромӣ, аз хатари
нобудӣ наҷот додани давлатдории миллиамон ва аз парокандагӣ раҳо бахшидани
миллатамон ҳисобида, Э. Раҳмон таъкид кардааст: “…бе
доштани давлати озод орзу ва омоли таърихии миллат ва ҳадафу барномаҳои насли
имрӯзу фардои он маънои худро аз даст медод. Аз ин рӯ, агар дар он тӯфоне, ки
бадхоҳони миллати тоҷик дар сари роҳи кишвари тозаистиқлоли мо эҷод карда
буданд, давлат аз байн мерафт ва миллат пароканда мегардид, наслҳои оянда моро
ҳаргиз намебахшиданд”.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар идомаи табрикоти худ мегӯяд, маҳз бо пуштибонии мардум сулҳ дар кишвар барқарор шудааст: “Ҳоло
дар вазъияти ошуфтаву бесуботи ҷаҳони муосир ва зиндагии фоҷеабори баъзе халқу
миллатҳо ҳар як шаҳрванди огоҳи Тоҷикистон бо камоли шукргузорӣ дарк мекунад,
ки аз баракати сулҳу субот мо ба чӣ неъмати бузурге даст ёфтаем”.

Эмомалӣ Раҳмон дар идома аз хатарҳои муосир, аз ҷумла шиддатёбии бархӯрди
манфиатҳои геополитикии қудратҳои ҷаҳонӣ, тамоюли дубора ба қутбҳои сиёсиву
низомӣ ҷудо намудани олам, паҳншавии тафаккури харобиовари ифротгароӣ,
қувватгирии фаъолияти ҳаракатҳои экстремистиву террористиро зикр карда, таъкид
намудааст, ки ифротгароӣ ва дигар таҳдиду хатарҳои муосир, пеш аз ҳама ба
истиқлолияти давлатӣ, ба мавҷудияти худи давлати мустақил, ба сохтори давлатии
демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, ба суботу амният ва ҳаёти осоишта, ба хонаву
оилаи ободи ҳар як фард ва ба арзишҳои неки миллии мардуми тамаддунсози мо
таҳдид мекунанд: “Пас, муборизаи мо ба муқобили экстремизму терроризми
байналмилалӣ дар асл мубориза барои ҳифзи давлат, истиқлолият, фарҳангу забон,
арзишҳои миллӣ ва зиндагии озоду осудаи халқамон мебошад”.

Ҳамчунин Эмомалӣ
Раҳмон иброз доштааст, ки дар баробари таъмини сулҳу субот, қадами бисёр
устувори дигар дар бунёди давлати муосири тоҷикон интихоби дурусти сохти
давлатдорӣ буд: “Дар асоси воқеияти таърихиву сиёсии гузаштаву муосир ва бо
дарназардошти манфиатҳои имрӯзу ояндаи милливу давлатӣ, халқи Тоҷикистон бо
майлу иродаи худ ва бо изҳори раъйи озодона сохти давлатдории демократӣ,
ҳуқуқбунёд ва дунявиро интихоб намуд, ки акнун он ҳамчун иродаи қатъии мардуми
кишвар дар моддаи аввали Конститутсияи мо барои ҳамеша сабт гаштааст. Ҳоло
Тоҷикистон дар роҳи бунёди ин низоми давлатдорӣ қадамҳои устувор гузошта
истодааст”.

Раисиҷумҳури кишвар гуфтааст, мардуми кишвар ба ҳисси баланди масъулиятшиносӣ
дар назди миллату Ватан дар ҳифзи манфиатҳои милливу давлатиамон доим зираку
ҳушёр бошем, то қарзи худро дар назди Ватан ва халқи Тоҷикистон ба таври
сазовор адо намоем.