Categories Ахбори рӯз

Табрикоти истиқлолият: Таҷрибаи аз тӯфонҳо наҷот ёфтанро дорем

Ҳамакнун Тоҷикистон 24-умин солгарди истиқлолияти
давлатии худро ҷашн мегирад. Истиқлолиятие,
ки то имрӯз фарозу нишебӣ ва баландиву пастиҳои зиёдеро паси сар намуд. Душманони
миллат, онҳое, ки ин неъматро чашми дидан надоштан ҳанӯз аз рӯзҳои аввал,
мехостанд онро “буғӣ” намоянд. Ҷанги таҳмиливу бародаркӯшро болои он таҳмил
намуданд. Хуни даҳҳову садҳо ҳазор мардуми бегуноҳ рехта шуд, садҳо ҳазори
дигар маҷбур ба тарки хонаву дар ва ғарибу овора дар кишварҳои дигар гаштанд. Муборизаву муқовимат барои соҳиб шудан барои
ҳуқуқҳои аздастрафта ва музокираву гуфтугӯи фарзандони ин миллат самараи нек ба
бовар овард. 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав ба Созишномаи умумии истиқрори
сулҳ ва ризоияти миллӣ имзо гузошта шуд. Миллат боз ба ҳам омад ва сарҷамъ гардид.
Силоҳу муҳимот канор гузошта шуд ва оғӯши гарми бародарӣ ба рӯи ҳам кушоданд.
Якдигарро бахшидаву бо дидгоҳҳои мухталифе, ки доштанд, аҳд карданд, ки дар
оянда ҳамдигарро таҳаммул хоҳанд кард. Риш, ҳиҷоб ва пойбанд будан ба арзишҳову
урфу одатҳои милливу мазҳабӣ ва ё бедину пойбанд набудан ба арзишу фарҳанге ҳаргиз
моро аз ҳам ҷудо нахоҳад кард. Тоҷикистони навине, ки месозем, ба ҳама тааллуқ
хоҳад дошт. Ин буд, ки баъди талошҳои зиёди Комиссияи Оштии Миллӣ ба Сарқонуни
ҶТ тағийроту иловаҳо ворид гардид ва барои ҳамаи шаҳрвандони кишвар, новобаста
аз дин, нажод ва қавм замонати конститутсионӣ дода шуд, ки ШУМО азизон
шаҳрвандони комилҳуқуқи ин сарзаминед, ҳеҷ кас наметавонад, ин ҳуқуқу озодиҳоро
аз шумо салб намояд. Зиндагӣ кунед, лаззат баред…

Ин аҳде, буд, ки ҷаҳониён шоҳидаш буданд ва мо қавли
ҷавонмардӣ додему дасти вафодорӣ фишурдем ва гуфтем: – Дигар нахоҳем, гузошт,
ки Ваҳдати моро касе хадшадор намояд. Воқеан дар ибтидо инро дар амал собит
карда тавонистем. Ноябри соли 1998-ро касе фаромӯш накардааст. Душманони миллат
ва истиқлолияти давлатиро, ки аҳдофи шуму ғаразҳои нопок доштанд, бо кӯмаки ҳамдигар
аз хокамон берун рондем. Ин ҳамбастагиву бародарии мо чашми душманони ҳасуд,
онҳое, ки замоне Тоҷикистонро таҷзияву худро “ҳоким”-и он медиданд, кур кард…
Ҳамин курӣ ва ҳамин нотавонӣ 18 сол аст, идома дорад. Аммо рӯзу ҳафтаҳои ахири
кишвар баҳри пурталотумеро мемонад, ки гӯё аз омад-омади тӯфоне азиме паём
медиҳад. Албатта, киштие, ки ба ин бузургӣ болои амвоҷи тӯфон меравад ва ҳаёту мамоти як миллат ва давлат ба он вобастагӣ дорад, ба як нохудои коромӯздае ниёз дорад, то бо таҷрибаву
маҳорате, ки дорад, киштиро ба соҳили наҷот солим бирасонад. Ин ҳолатро мо боре дар нафси худ таҷриба
кардем. Тӯфонро ба чашми сар дидем ва шукронаи Аллоҳро мекунем, ки бо
худгузариҳову азҳақгузаштанҳо ба соҳили наҷот расидем…

Дар паёми табрикотии имсолаи худ ба муносибати рӯзи истиқолияти давлатӣ Президенти кишвар масъулияти ҳамагониро барои оянда ва наслҳои
баъдӣ чӣ басо хуб нишон додааст: “…агар дар он тӯфоне, ки бадхоҳони миллати
тоҷик дар сари роҳи кишвари тозаистиқлоли мо эҷод карда буданд, давлат аз байн
мерафт ва миллат пароканда мегардид, наслҳои оянда моро ҳаргиз намебахшиданд”…
Ҳамакнун мо дар лобалои ҳолате ҳастем, ки амвоҷ ором-ором ба ҳаракат омада
истодаанд. Паёми Президентро метавон ҳам ҳушдор ва ҳам масъулият донист. Ҳушдор
барои зиракиро аз даст надодан, ҳушдор барои пеши роҳи ҳамагуна бесарусомониҳоро
гирифтан, ҳушдор барои оне, ки Худои нахоста вақте амвоҷ киштиро боло мебарад,
бо манёвру маҳорати хос онро поин оварданд ё вақте киштӣ ба қаъри баҳр меравад,
онро солим боло бурдан, ин аст масъулиятдориву масъулиятшиносӣ дар назди имрӯзу
фардои миллат ва таърих. Худо кунад, ки дар таърихи ояндаи кишвар ному
корнамоиҳои имрӯзиён мояи ифтихору омӯзишу эҳтиром бошад… Ҷашни истиқлолияти давлатӣ муборак!!

More From Author

You May Also Like