Categories Ахбори рӯз

Интиқоли фирориён ба Душанбе

Бино ба иттиллои Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон 4 шаҳрванди Тоҷикистон аз Афғонистон ба Душанбе интиқол дода шудаанд. Гуфта мешавад, ки ду нафари эшон Ҳикматуллоҳ Азизов ва Баҳром Орифҷонов аз ҷумлаи 25 маҳбусе ҳастанд, ки дар таърихи 23 август аз боздоштгоҳи КАМ фирор карда будаанд. Бино ба иттиллои мунташиргашта ду нафар фирори дигар барои узвият дар гурӯҳи мамнӯъи Ҳаракати исломии Узбакистон айбдор карда мешаванд. Дар баёнияи КАМ омадааст, ки муҷримини боздоштшуда дар таърихи 18 декабр дар яке аз минтақаҳои Тахори Афғонистон аз сӯи ниҳодҳои амниятии Тоҷикистону Афғонистон боздошт гардидаанд.

More From Author

You May Also Like