Имомназар, зиндагӣ баҳри шаҳодат

Имомназар, зиндагӣ баҳри шаҳодатcolorstart:#000000Рамазон, эй моҳи баракат ва раҳмату мағфират! Аз омаданат дилҳо шод мешаванд, чун моҳи сабру таҳаммул ва шикебоӣ ҳастӣ. Барои ҳар мусалмон чунин хислатҳоро доро будан ҳам фарз асту ҳам суннат, вале афсӯс…

Афсӯс, ки даври нофарҷом чунин моҳи шарифро дар таърихи миллат доғдор ҳам сохтааст. Дар ин ду соле, ки моҳи Рамазон фаро расид, воқеаҳои фоҷеабори соли 2012 дар Хоруғшаҳр ба ёд мерасанд, ёди нолаву афғони модари мотамзадаи тоҷики бадахшонӣ. Оҳу нолаҳои модарони ҷигарсӯхта, ки 24 нафар фарзанди навҷавони худро аз даст доданд. Бешубҳа, омилони он воқеаҳои фоҷиабор бар ҳар як фарди кишвар пӯшида нест. Ҳангоме нирӯҳои сар то по мусаллаҳи ҳукуматӣ барои пахш кардани як гурӯҳ ҷавонони оппозитсюнӣ, онҳое, ки нигоҳи алтернативи сиёсӣ доштанд, вориди минтақа шуданд. Дар ин ҳолати мудҳиш инсонҳои баруманде пайдо шуданд, ки моҷароро на бо хушунату зӯргӯӣ, балки бо роҳи ризояту мусолиҳа ҳаллу фасл кардан мехостанд. Чун таҷрибаи солҳои 90-ум ин гуна ҷавонмардонро ба майдон бароварда буд.

Имомназар аз зумраи чунин чеҳраҳо буд. Ин чеҳраи маъруф ва шаҳиди гулгункафанро, на танҳо дар Бадахшон, ҳатто дар саросари кишвар ва берун аз он ҳам мешинохтанд. Дар ин фурсате, ки бароям Худованд имкон додааст, мехоҳам таваҷҷуҳи хонандаи закии нашрияи «Наҷот»-ро ба корҳои ин марди баномусу шуҷоъ, ҷавонмарди ғаюру сарсупурда дар роҳи хидмат ба мардум, ки зиндагиномаи ӯ пур аз такопӯ, мубориза баҳри адолату ҳақиқат будааст, ҷалб намоям Шаҳид Имомназар, 13-уми ноябри соли 1964 дар шаҳри Хоруғ таваллуд ёфта, аз овони кӯдакӣ ва наврасӣ дар худ хислатҳои ҳалимиву меҳрубониро доро буд. Пас аз хатми мактаб ба хизмати аскарӣ рафта, он ҷо бо русдухтаре бо номи Наташа шинос мешавад ва бо ӯ издивоҷ карда, бо ҳам рафиқи ҳаётӣ мегарданд.

Имомназар пас аз хизмати аскарӣ дар автобазаи нуҳуми шаҳри Хоруғ ҳамчун ронанда кор мекунад. Ӯ ҷавонмарди тануманде буд ва дар маъракаҳои гуштингирӣ ҳамеша ширкат мекард ва мардум ӯро Паҳлавон ном ниҳода буданд. Дар воқеъ шаҳид Имомназар аз зумраи паҳлавононе буд, ки касе пушти онҳоро ба заминро нахобонидааст. Ӯ хеле соҳибэҳтиром буд, хусусан миёни ҷавонон, онҳо дар атрофаш ҷамъ омада, ба ҳарфаш гӯш мекарданд.

Солҳои 90-ум, бо пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ, ҳар як ҷумҳурӣ аз соҳибистиқлолии худ дарак медод, Тоҷикистони азизи мо низ истисно набуд. Ба ёдам ҳаст, он давра ҷумҳурии мо аз ҷумлаи онҳое буд, ки аз ҳама ахир истиқлолияти хешро эълом кард. Замоне, ки зимоми сиёсат дар дасти коммунистони собиқ буд ва ҳеҷ гоҳ аз «бародари бузург»-и худ ҷудо шудан намехостанд. Вале билохира ночор дар заминаи фишори пайвастаи ҳизбу созмонҳои оппозитсионӣ ва истиқлолхоҳ маҷбуран истиқлолиятро қабул намуданд.

Ҳамин тавр мубориза миёни низому афкори пешин барои бақои хеш ва ҳаракату аҳзоби сиёсии навтаъсис баҳри таҳаввулот ва низоми нав авҷ гирифт. Муборизаи лидерони сиёсии оппозитсионӣ баҳри истиқлолу демокросӣ, озодии сухан ва ақида аз як ҷониб, ҳокимони сохти пӯсидаи тоталитарӣ барои аз даст надодани қудрат аз дигар ҷониб. Барои Имомназар, ҳамчун як фарди баруманд ва мардумӣ ҳам, ки қалбаш моломоли матонат ва шуҷоъат буд, ин масъала истисно буда наметавонист.

Ба ҳар ҳол, кор ба хушунат ва рӯёрӯиҳои ҷангӣ кашида шуд ва Имомназар дар паҳлуи фармондеҳи гурӯҳе аз размандагон баҳри озодӣ, Маҷнуни Палла, ки баъдан ба шаҳодат расид, қарор гирифт. Вақте бародар Маҷнунро ба шаҳодат расониданд, шахсияти соҳибэҳтирому соҳибнуфуз Имомназар ин масъулиятро ба дӯши хеш гирифт. Дар заминаи хислатҳои наҷибе, мисли ҳалимиву хоксорӣ, ҷавонон дар атрофаш муттаҳид шуданд, вале ин ҳолат дер давом накард. Имомназар дар асари пиёда кардани фитнае аз сӯи душманон, ки гӯё Ҳофиз ном «дузди қонунӣ»-ро кушта бошад, сутунмӯҳраашро бо тири «Калашников» захмӣ мекунанд. Барои муолиҷа ба шаҳри Маскав меравад ва бори дувум ба Шветсариё, вале аз муолиҷа натиҷаи умедбахш ҳосил намешавад. Тир дар сутунмӯҳра дар мемонад ва духтурҳо гуфтаанд, агар тирро бо ҷарроҳӣ бигиранд, эҳтимол гурдаҳо аз кор монанд. Ба ҳамин хотир, то рӯзи охирини зиндагӣ Имомназар бо тири дар сутунмуҳра будааш зиндагӣ мекард.
Имомназар фаъолияту зиндагиномаи худро бидуни Ислом ва хидмат ба аҳли имон тасаввур намекард. Робита ва дӯстиву бародарии ӯ бо раҳбари ҲНИТ ва ИНОТ устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ хеле ҷиддӣ ва қавӣ буд. Дар поягузорӣ ва фароҳам сохтани шароити лозим барои баргузории конфронси таъсисии шуъбаи ҲНИТ дар Бадахшон саҳми ин шаҳиди гулгункафан ниҳоят бузург аст. Агарчи ҳукумат барои таъсиси ниҳодҳои ҳизбӣ расман иҷозат дода бошад ҳам, вале барои оғози фаъолияти онҳо монеъаҳои гӯшношуниде эҷод мекард, бахусус барои ҲНИТ.

Солҳои 2002 вақте ҲНИТ конфронси хешро дар Хоруғ доир кардан мехост, раиси вақти ВМКБ Алимуҳаммад Ниёзмуҳаммадов на танҳо мусоидат накард, балки устод Нуриро, ки дар истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ саҳми беназир дошт, ба ҳузури хеш қабул накарду аз Хоруғ бадар рафт. Вале Имомназари ҷасуру матинирода дар заминаи эҳтироме, ки байни қишрҳои мухталифи ҷомеа дошт, натанҳо ба ёфтани толори бошукӯҳе дар маркази Хоруғшаҳр мушарраф гардид, балки барои иштироки анбӯҳи зиёди мардум дар конфронси ҲНИТ мусоидат намуд. Ин корҳо гузаштанд, вале аз мақомоти вилоятӣ танҳо беэҳтиромӣ ва разолат ба мерос боқӣ монду бас.

Боре барои шиносоӣ бо Имомназар ҳамчун дӯст ба хонааш ташриф овардам, зеро аз меҳрубониву хоксорӣ ва ҷавонмардии ин абармард қиссаҳои зиёд шунида будам. Дар баробари ворид шудан ба саҳни ҳавлӣ, шахси танумандеро болои дучарха дидам, ки барои истиқбол он ҷо истода буд. Пас аз салому ошноӣ аз ҳолам пурсон шуд ва бисёр бонармӣ ва меҳрубонона ҳарф мезад. Чеҳраи нуронӣ ва дастони бақувваташ ҳоло ҳам аз паҳлавонии ӯ шаҳодат медоданд. Дохили хона шудем, хонаи суннатии бадахшониён бо сутунҳои бузургу наққошишуда. Деворҳои хонаро оятҳои қуръонӣ бо хатҳои зарҳалин мунаввар мекарданд. Чун аз наздик бо қумандони соҳибэҳтиром шинос шудам, барои худ шахсеро дарёфтам, ки ниҳоят хоксору меҳмоннавоз ва ботақво буд. Мардуми мо чунин мегӯянд: ё ятими бош ё муллои хонда. Вале ятим дили муллои хондаро тасхир карда буд. Ман дар тинати Имомназар хислатҳои наҷиби одамиро эҳсос кардам, қалбаш моломоли нури имон буд. Барои меҳмон ва мардуми оддӣ ҷонашро фидо мекард. Агар банохост гадо ё нодоре вориди хонааш мегашт, охирин дирҳами худро аз ӯ дареғ намекард, ҳамеша хайрхоҳи мардуми бечора буд. Хизматҳояш баҳри таҳкими имону мазҳаб басо зиёданд. Бори аввал баҳри сохтани масҷид-ҷамоатхона дар шаҳри Хоруғ иқдомеро пеш гирифт, ки касе онро то он замон накарда буд. Вале ҳукумати маҳаллӣ вақте расман дари онро боз мекарданд, иҷоза надод, ки бо номи аслӣ эълон карда шавад, ҳамин буд, ки ночор онро «хонаи маърифат» гуфтанд. Вале мардуми Хоруғшаҳр то имрӯз он ҷамоъатхонаро «хонаи Имомназар» ном мебаранд.

Мегӯянд боре Имомназар бо мошини худ аз маҳаллаи УПД гузашта, ашхосеро мебинад, ки дар сари роҳ арақ мефурӯхтаанд. Ӯ шишаҳои арақро бо калтак зада мешиканад ва пули онро ҷуброн мекунад.

Дӯстӣ ва бародарии Имомназар дӯстии аҳли суннат ва исмоилияро дар кишвар хеле қавӣ сохта буд, ҳусни тафоҳум ва ҳамдигарфаҳмӣ дар фазои Бадахшон танинандоз гашта буд, ки кадоме аз домулоҳо ё халифаҳои исмоилӣ чунин иқдоми ухуватзоро аз худ нишон надодаанд.

Боре дар хонаи марҳум Имомназар дар болои миз китоберо дидам бо муқоваи сурх ва хати арабиасоси форсӣ, муқоваи онро кушода дидам, навиштаеро дида он ҷо: «Ба бародари имонӣ Имомназар ба сифати туҳфа аз қозии мусулмонони Тоҷикистон, Неъматуллоҳзода». Оре, ин гуна инсонҳо Имомназарро ба чашм надида буданд, вале шуҳрати ӯ ва имону исломдорӣ ва хоксории ишон ба дуриҳои дур рафта буд, ҳатто берун аз Тоҷикистон ҳам.

Имомназар байни мазоҳиби Ислом фарқ намегузошт, барояш Ислом муқаддас буд ва ҳамаи мазоҳиби мухталифи Исломро ҳамвора яксон медид. Чунин ҳусни тафоҳум ва созишкориаш ӯро байни хосу ом шуҳрат бахшида буд. Касе боре надида бошад ҳам, ӯ пурсон мекарду дар борааш ҳарф мезад.

Имомназар ҳангоми вуруди нерӯҳои мусаллаҳи ҳукуматӣ ба Хоруғ, борҳо талош кард то бо маъмурони олирутба нишасте дошта бошад ва фазои шаҳри дӯстдоштаашро беғубор нигоҳ дорад, вале амирони олирутба дар дарёи ғурур ва кибр ғарқа буданд. Онҳо танҳо эътимод ба қувваи хеш доштанд. Ҳамин буд, ки хушунат боло гирифту хун рехта шуд, вале барои ҳокимон ин ҳама натиҷаи дилхоҳ набахшид. Билохира ҷонибайн ба созиш муваффақ шуданду оташбас эълом гардид, афсус ҳама дар зоҳир. Имомназар, ки ҷавонони разманда ҳарфи ӯро гӯш мекарданд ва Имом Оғохони IV садоқати бемисл дошт, баҳри оромӣ ва осудагии ҷомеъа онҳоро барои халъи силоҳ шудан даъват кард. Вале ғаразҷӯён дар камин пайт меҷустаанд. Соати 4-и шаб бадхоҳони Имомназар вориди ҳавлиаш гашта бародарашро ба шиддат маҷрӯҳ сохта, ба воситаи тиреза ду норинҷакро ба ҷои хоби ӯ мепартоянд. Бо ин қаноъат накарда, аз автомати «Макаров» низ истифода бурда, дохили хонаро тирборон мекунанд. Писару бародаронаш, ки қабл аз партофта шудани норинҷак берун баромада буданд, бо ворид шудан ба хона паҳлавони кӯҳпайкарро оғуштаи хун мебинанд, ки болои фарш хобидааст, ба хоби абад.

Имомназар ҳамагӣ 50 сол умр дошт. Муҷоҳиди матин, қалб пур аз меҳру сахо ва орзуву ормони миллӣ, ки тӯли ин солҳо мепарварид. Зиндагиномаи шаҳиди аъло пур аз муборизаҳоест, ки дар он рушди имону ҳақиқат сабт гаштааст.

Ӯ чунин муносибати ноҷавон­мардонаро дер боз мунтазир буд, чунки медонист оқибати монёврҳои ҳукуматдоронро. Медонист, ки ҳар фарди муҷоҳид ва мубориз баҳри имону ҳақиқат оқибат маргаш шаҳодатталабист. Бале, ӯ шаҳид гашт, шаҳиди роҳи Худо. Шаҳид Имомназари гулгункафан дар воқеъ кони сахо буд, дили пур аз меҳру муҳаббат ва вафо. Нидои малакутии «инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиъун»-ро лаббайк гуфт. Хушо ба ҳоли касоне, ки дар меҳмонии Парвадигори хеш қарор мегиранд.

Бародари азиз ва марҳум, аз худ як писар ва як духтар ба мерос монд. Наташахонум бо табори бегона буданаш, аз имону Ислом бархурдор буда, ҳамеша бо либоси миллии тоҷикӣ ва ҳифзи сатр мегардад, мисли духтараш Розияхонум. Писараш Салам, ҳамчун падар ба паҳлавонӣ шуғл дорад ва албатта, бо хислатҳои наҷиби Имомназар.

Имсол дар моҳи шарифи Рамазон ҳамроҳ бо Салам ба зиёрати қабри шаҳид Имомназар рафтем. Ҷое, ки ӯ мадфун аст, оромгоҳи 13 шаҳиди дигар ҳам он ҷост. Дар санги мазораш аксаш кандакорӣ шуда, ки механдид, мисле ки маргро бо табассум қабул карда буд. Ва моро ҳам мисли ҳарвақта бо табассуми хос пешвоз гирифт. Дар санги мазораш ин байтро хондам:

Сабр кардам ба ҳама доғи азизон, ё Раб,
Ин сабурӣ натавонам, ҷавонон миранд.

Инчунин дар зер ояи карима навишта шуда, ки «Парвардигорро дар дунё ва охират ба мо некӯӣ ато кун ва моро аз азоби дӯзах наҷот деҳ!»
Оре, эй бародари азизу шаҳид, Имомназар, ту чунин хислатҳоро дар дунёи фонӣ ҳам доштӣ, накӯӣ ва сахоро аз худ ба мерос гузоштӣ. Мо аз барои ту танҳо як каф дуъо метавонем фиристоду бас.

Зиҳӣ, эй шаҳиди пок дар роҳи Худо!

Н. Пирмаҳмадов/colorend

More From Author

You May Also Like