Бино ба иттиллои centralasiaonline.com Ҳукумати Тоҷикистон навори пурсиши Алии Бедакӣ (Аловиддин Давлатовро) сохта эълон намудааст. Ёдовар бояд шуд, ки чанд рӯзе пеш дар телефонҳои мобилӣ ва сомонаҳои интернетӣ наворе паҳн гашт, ки дар он лаҳзаи пурсиши Алии Бедакӣ аз сӯи низомиён инъикос карда мешуд. Сомонаи centralasiaonline.com бо нақли қавл аз забони раиси Ситоди Вазорати корҳои дохила Тоҳир Норматов ин наворро сабти сохта донистааст.
Categories
Ахбори рӯз