Categories Ахбори рӯз

Оқил Оқилов дар Беларусия

Сарвазири Тоҷикистон Оқил оқилов ҷиҳати иштирок дар иҷлоси сарони ҳукуматҳои ИДМ ва ЕврАзЭС вориди Беларусия гардидааст. Дар ин бора оҷонсии БЕЛТА хабар дода, муносибатҳои Тоҷикистону Беларусияро дӯстона арзёбӣ кардааст. Гуфта мешавад, ки ҳамкориҳои тиҷоратӣ байни Тоҷикистону Беларусия соли 2003 6 миллион доллар ва соли 2010 бошад, 47, 6 миллион долларро ташкил додааст. Бино ба иттиллои ин оҷонс дар иҷлоси Беларусия ҳамкории байни кишварҳои ИДМ ва ЕврАзЭС мавриди таҳлилу баррасӣ қарор мегиранд.

More From Author

You May Also Like