Categories Ахбори рӯз

Сафорати Бритониё: рӯзноманигор раҳо карда шавад

Ширкати нашаротии Бритониё Би Би Сӣ бо пахши як баёния аз боздошти хабарнигораш дар Душанбе изҳори нигаронӣ намуд. Идораи марказии ин ширкат дар Лондон аз мақомоти интизомии Тоҷикистон дархост намудааст, ки хабарнигори Би Би СӣУрунбой Усмоновфавран озод карда шавад.Сафорати Бритониё низ дар баёнияи алоҳида боздошти хабарнигори Би Би Сӣ дар вилояти Суғдро макум намуда, аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хостааст, то ба ин қазия мақомоти Тоҷикистон бархӯрдимунсифона намоянд. Ёдовар бояд шуд, ки хабарнигори Би Би Сӣ Урунбой Усмонов бо ҷурми узвият дар ҳаракати «Ҳизб –ут-таҳрир» айбдор донистамешавад. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон рӯзи гузашта, аз боздошти хабарнигори Би Би Сӣ иттиллоъ дода, ӯро ҳамшарики ҳаракати Ҳизб –ут-таҳрир» хонда буд. Ин иттиҳоми алайҳихабарнигорашон эълоншударо идораи марказии Би Би Сӣ рад намудааст.

More From Author

You May Also Like