Шаби 14-уми сентябр зимни як амалиёти муштаракаи мақомоти интизомии Қирғизистону Тоҷикистон се нафар аз шаҳврандони ин кишварро, ки дар пайгарди қонунӣ қарор доштанд, дар Душанбе боздошт карда буданд. Бино ба иттилоъи расонаҳо онҳо ба ҷурми даст доштан дар қатли Мадад Содирқулов, раҳбари дастгоҳи раёсатҷумҳурии Қурмонбек Боқиев, дар моҳи марти соли 2009 айбдор дониста шудаанд.
Тавре Маҳмадуллоҳ Асадуллоев, сухангӯи вазорати умури дохилаи Тоҷикистон гуфтааст,“Ин се нафар бар асоси даст доштан дар ҷиноятҳои вазнин дар Қирғизистон, ки таҳти пайгарди қонунӣ дар арсаи байналмилалӣ қарор доштанд, ахиран дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили Қирғизистон ва Тоҷикистон дар ноҳияи Синои пойтахти Тоҷикистон дастгир шуданд.”
Дастгиршудаҳо Кодирбек Досанов, соли таваллудаш 1971, Чингиз Ҷумъагулов, соли таваллудаш 1981 ва Мирлан Шакулиев, соли таваллудаш 1986 мебошанд ва тибқи қонун ва дархости Қирғизистон ба ин кишвар истирдод хоҳанд шуд.
Ҳамчунин мақомоти Қирғизистон хабар додаанд, афроди дастгиршуда дар қатли Мадад Содирқулов, раиси дафтари раиси ҷумҳури собиқи Қирғизистон даст доштаанд. Аммо қаблан иттилоъ дода шуда буд, ки ҷасади сӯхтаи Мадад Содирқулов ва ду тан аз ёрони ӯро дувуним сол пеш аз дохили мошини оташзадае дар роҳи Алма-Ато-Бишкек пайдо карданд. Он замон марги ин мансабдорро натиҷаи тасодум мегуфтанд, вале ахиран пулиси Қирғизистон эълон кард, ки Содирқулов кушта шудааст. Дар ин бора сардори раёсати мубориза алайҳи ҷӣноёти муташаккили ВКД генерал Ҷӯрахон Зойиров иброз доштааст.Тибқи иттилои ӯ, айни замон бо мақомоти Қирғизистон дар бораи истирдоди эшон ба Бишкек ва дар ивази онҳо бозпас гирифтани як маҳбуси фирории тоҷик, ки дар Қирғизистон дастгир шудааст, ҳаллу фасл мешавад.