Ҳикматуллоҳи Воҳидхон
18.04.2012, 19:14
Чи хеле хабар дода будем, шаби гузашта дар натиҷаи фурӯравии як бинои нотамом дар шаҳри Маскав, 2 – нафар ҳалок ва 10 – нафари дигар ҷароҳатҳои гуногун бардошта буданд.
Бино ба иттилои Сафорати Тоҷикистон дар Маскав, 8 нафар аз ҷароҳатбардоштагон ва яке аз фавтидагони ин фоҷиа, шаҳрвандони Тоҷикистон ва истиқоматкунандагони ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд будаанд. Нафари фавтида, Қушқоров Тулқун Умаралиевичи 18 сола будааст.
«Ҷасади ин ҷавон рӯзи панҷшанбе бо рейси Маскав – Хуҷанд фиристода мешавад» – афзуд манбаъ. Комисияи махсуси сафорат рӯйхати ҷароҳатбардоштагонро, ки дар беморхонаҳои Маскав бистарианд, нашр намудааст, то тибқи он пайвандони ин маҷрӯҳон тавонанд суроғаи онҳоро пайдо кунанд:
1. Абдуллоев Ромиш Баҳромович, соли таваллуд 1992, (беморхонаи №15 шаҳри Маскав),
2. Умаров Аслан Фарҳодович, соли таваллуд 1976, (беморхонаи №15 шаҳри Маскав)
3. Икромзода Нуриддини Файзиддин, соли тавллуд 1991, (беморхонаи №1 шаҳри Маскав),
4.Мустафоев Улмас Аҳмадович, соли таваллуд 1993, (беморхонаи №1 шаҳри Маскав),
5.Ашӯров Фахриддин Умарович, соли таваллуд 1990, (беморхонаи №7 шаҳри Маскав),
6.Ҳалимов Комрон, соли таваллуд 1994, (беморхонаи №13-и шаҳри Маскав),
7. Эшмуродов Парвиз Бердимуродович, соли таваллуд 1985, (дар беморхонаи НИИ ба номи Н.В. Склифосовскии ш. Маскав)
8. Ашӯров Аслиддин Умарович, соли таваллуд 1995, (дар беморхонаи НИИ ба номи Н.В. Склифосовскии ш. Маскав)
Кӯмакҳои аввалия аз ҷониби сафорати Тоҷикистон дар Маскав барои ҷароҳатдидагон расонида шудааст.
Манбаъ: «Интерфакс», Tojnews.org