Мақомоти Туркманистон эълон намуда, ки ба муносибати фарорасии Иди Курбон зиёда аз 2 ҳазор зиндонӣ дар ин кишвар афв мешавад.
Бино ба гузориши як расонаи хабарӣ, вазири амнияти Туркманистон Ойлим Бердиев зимни нишасти матбуотие дар шаҳри Туркманбошии ин кишвар гуфтааст: «Бар асоси суннати инсонӣ ва ба муносибати фарорасидани Иди Курбон ду ҳазору понздаҳ маҳбус афв мешаванд, ки 11 нафари онҳоро шаҳрвандони хориҷӣ ташкил медиҳанд».
Раисҷумҳури ин кишвар Қурбонқул Бердимуҳаммадов низ, ки дар ин нишаст ҳузур дошт гуфт, ҳукми афви ин зиндониёнро имзо намудааст.
Маврид ба ёдоварист, ки соли гузашта низ дар ин кишвар 6 ҳазор зиндонӣ афв гардида буданд.