Талабшоҳи Салом
Таърихи миллат суҳуфи зиёде дошта, ки он ҳама бар маҳзи таҳоҷуми дигар миллату халқиятҳо хуншор шуда. Охирин чунин як ҳуҷум бар сари миллат дар солҳои 20-и асри пор таҳаққуқ пазируфт ва бо ҳамин усули хунини таҳоҷум бар сари миллати тоҷик тағйир хӯрд. Шеваи бархурдҳои хунин ҷойи худро ба дигар шеваҳо доданд, ки яке аз он ҳам рӯбоҳсифат миёни шерони жаён даромадан буда. Бо таассуф дар ин марҳала ҳам авроқи хуншори миллат ба ҳар сабке сабти таърих шуданд ва то ҳол фарде пайдо нагашта, ки ташхиси он ҳама ҷароҳатҳо кунад ва онҳоро чун табиби бетамаъе даво бахшад.
Оре, майдоннишиниҳое ки дар авохири қарни 20 зуҳур карданд, пароканда шуданд, аммо миллатро низ ба дунболи худ ба парокандагӣ ҳидоят намуданд. Ин ҳама бо вазиши боди баҳорӣ вориди пойтахт шуданд ва бо гарм шудани ҳарорати ҳаво низ вазъи сиёсии кишварро гармтар намуданд, ба ҳадде ки сарвари тозаинтихоби тоҷикон ҳам рӯ ба гурез овард…
Талаби 1 миллард рубл ба ивази оромӣ
Июни соли 1992 вазъ дар минтақаи Қӯрғонтеппа муташанниҷ шуд. Ҳарчанд 20-уми июни ҳамон сол дар фурудгоҳ мулоқот баргузор гашт ва ваъда дода шуд, ки сангаргириҳо барҳам мехӯранд, аммо 21-уми ҳамон моҳ боз ҳам гаравгонгирӣ ва ҳоли қаблӣ идома пайдо кард.
Ин, албатта, нишони аввалини ҷанги бародаркуш буд. Мулоқоти Хоруғ ҳам, ки 36 рӯз баъд аз он баргузор шуд, натавонист масъаларо ҳал кунад. 18 август иҷлосияи 15-уми Шӯрои Олӣ даъват шуд ва яке аз масоили матраҳ вазъи Қӯрғонтеппа ва атрофи он ба шумор мерафт, ки ҳанӯз ноором буд. Дар ин иҷлос президент Раҳмон Набиев баромад кард. Ба қавли Бӯрӣ Каримов, баромади президент чунин маънӣ дошт, ки ба ин кор мухолифин гунаҳкоранд. Аммо суоли калидие он ҷо пайдо шуд, ки дар қиболи гуфтаҳои Раҳмон Набиев ҷавоби мушаххасро тақозо мекард, яъне суоли «яроқро кӣ дод?», ба назар мерасад, ки ин масъала Раҳмон Набиевро дар як вазъи ҳассос қарор дод. Суоли мазкур бо назардошти қисмат шудани таслиҳот аз ҷониби ҳукумат дар майдони «Озодӣ» дар аввали моҳи май буд. Чун вазъ ба ин ҳад расид, дар иҷлосия ҷонибдорони Раҳмон Набиев низ пайдо шуданд, то президент зери фишори бештар қарор нагирад. Худи президент ҳам намехост контролро аз даст диҳад, вале вазъ дигар ҷараён дошт ва торафт имиҷи ӯро коҳиш медод. Зеро ба қавли Ҷамшед Каримов, раисҷумҳур натавонист рисолати худро дар ростои ба вуҷуд овардани ҳамраъйӣ, ки метавонад роҳи ҳалли сулҳомези масъаларо пиёда кунад, ифо созад. «Ман аминам, ки бо ҳеҷ як бархӯрди низомӣ мо ин мушкилро ҳал карда наметавонем, зеро ин усул миллатро ба худкушӣ мебарад», гуфтааст Ҷамшед Каримов ба «Независимая газета». Гузашта аз ин Ҷамшед Каримов дар мусоҳиба бо хабарнигор Олег Панфилов гуфтааст, ки «бетарафии ӯ (Раҳмон Набиев – Т.С.), ки имрӯз мегӯяд, хоҳад ё нахоҳад, ҷонибҳоро ба конфронтатсия мебарад». Бо вуҷуди он ки раисҷумҳури вақт худро бетараф эълон намуда буд ва аз вохӯрӣ бо Раёсати Шӯрои Оливу дигар мақомоти минтақавӣ ҳазар мекард, намехост зимоми қудратро аз даст раҳо намояд.
Масъалаи дигаре ки дар иҷлос матраҳ буд, интихоби раиси Шӯрои Олӣ ба шумор мерафт. Иҷрокунандаи вазифаи раиси Шӯрои Олӣ Акбаршоҳ Искандаров буд, ки мавсуф дар пайи талаби истеъфои Сафаралӣ Кенҷаев, раиси қаблии парлумон дар моҳи май ва фирори ӯ вазифаи иҷрокунандаи раиси Шӯрои Олиро ӯҳда мекард. Ва маҳз дар ҳамин ҷаласа Акбаршоҳ Искандаров раис интихоб шуд. Ба навиштаи Нуралӣ Давлат, Акбаршоҳ Искандаров замони иҷрокунандаи вазифа буданаш ба минтақаҳои даргир сафар кард. Ҳатто мулоқоти Хоруғро сарварӣ намуд, ки он ҷо Сангак Сафаров, ба ҳайси сарпарасти Фронти халқӣ ҳам ҳузур дошт, вале ин ҷаҳду талоши ӯ бенатиҷа анҷом ёфтанд.
Ҳамин тариқ, иҷлосияи мазкур ҳам натавонист вазъи ваҳими Қӯрғонтеппаро тағйир диҳад. На танҳо ба беҳтар шудани вазъ таъсир накард, балки роҳи ҳаллеро ҷиҳати ором кардани вазъ дар он ҷо пайдо карда натавонистанд ва авзоъ дар ин минтақа ва кулли Тоҷикистон ваҳимтар мегашт. Қувваҳои беруна ба ин кор ҷалб шуда буданд, зеро мехостанд вазъ ташаннуҷ пайдо кунад, ба ҳадде ки аз контроли ҳукумати феълӣ барояд. Вале на ҳама сарфаҳми ин бозиҳо рафтанд.
Ба қавли Соломин, яке аз афсарони Дивизияи 201, ҳамон дивизияе ки баъди истиқлолияти Тоҷикистон дар заминаи он пойгоҳи низомии Русия дар кишвар таъсис ёфт ва барои ба муддати 30 соли дигар боқӣ мондан муҷаввиз мегирад, аз Маскав ҷиҳати таҳаққуқи тарҳе 3 миллиард рубл ба Қӯрғонтеппа ирсол шуд, вале он ба дасти кӣ мерасид, номаълум буд. Гумон меравад, он бояд ба дасти силоҳдорон мерасид, зеро аввалан аз интиқол шудани ин маболиғ Ҳукумати Муросои Миллӣ дарак надошт, баъдан, чунин як нақшае кашида шуда буд: ду танк бояд аз полки қӯрғонтеппагии Дивизияи 201 фирор ва дар шаҳр бедодӣ менамуданд, мардумро аз кӯчаҳои шаҳр мегурезониданд. Тибқи ин нақша, мақомоти Дивизияи 201 танкҳоро боздошта, ронандагони онҳоро ҳамчун дузд бояд ҷазо медод. Дар чунин як ҳол, пул соҳиби худро меёфт ва вазъ боз ҳам ноором мешуд, зеро он пуле ки бояд меомад, ҳаққи заҳмати мардуми минтақа буд.
Барои таҳаққуқ пайдо накардани ин амал ва пешгирии он, ба қавли Аслиддин Соҳибназаров, Соломин роҳе пешниҳод кард ва он ҳам додани маблағ дар ҳаҷми як миллиард рубл ба ӯ буда, ки он замон ҳудудан 180-200 миллион долларро ташкил медодааст. Соломин ки мехост аз Тоҷикистон берун биравад, аммо на бо ҳамёни тиҳӣ, ҷиҳати ҳалли ин масъала ба Аслиддин Соҳибназаров муроҷеъ шуда будааст. Ҳамзамон ӯ гуфтааст, ки бо додани қисме аз он маболиғ ба Грачев ва Козирев имкон буд, пеши роҳи хунрезӣ гирифта шавад, аммо Раҳмон Набиев ин амалро иҷро накард, балки бо ташаббуси бевоситаи ӯ пул ба Қӯрғонтеппа фиристода мешавад.
Фикр мекунам, илоҷи ин кор ҳам дер шуда буд, бар ин мабно ки аз фиристодани ин маблағ аллакай мардуми Қӯрғонтеппа хабар ёфта буданд. Зеро баъди ин вохӯрӣ Аслиддин Соҳибназаров мебоист бо Раҳмон Набиев ва ё Ҷамшед Каримов, ки иҷрокунандаи вазифаи раиси Девони вузаро буд, вомехӯрд, аммо онҳоро дар ҷойи кор наёфт. Ба таъкиди худи ӯ, вақте Раҳмон Набиевро занг мезанад, ӯро намеёбад, Ҷамшед Каримов дар ҷаласа будааст, раиси Бонки миллӣ бошад, аз додани иттилоъи бештар ба Соҳибназаров дар ин маврид худдорӣ менамояд.
Фирор ва истеъфои Раҳмон Набиев
Дар чунин як вазъ дар масҷиде аз масоҷиди шаҳри Душанбе бо номи масҷиди «Южний» таҷаммӯъ сурат мегирад, ки ҳарчанд дар садри ин таҷаммӯъ Мулло Абдуғаффор қарор дошт, аммо аксари мардум гӯё аз Қӯрғонтеппа буданд. Эшон маълумот доштанд, ки бо хости Раҳмон Набиев аз Маскав тавассути Тошканду Айваҷ ба Қӯрғонтеппа пул фиристода мешавад, ба ин манзур таҷаммӯъ карданд ва ният доштанд, то назди Қасри президент омада, аз Раҳмон Набиев талаб намоянд, ки пеши роҳи маҳалбозӣ ва куштори тоҷиконро, ки аз диди минтақавӣ бо ҳам сангар гирифта буданд, хотима бахшад.
Ин иқдом аллакай авохири моҳи август буд, ки 28-уми ҳамин моҳ дар назди Қасри раёсатҷумҳур мардум таҷаммӯъ намуданд, вале Раҳмон Набиев он ҷо набуд. Бинобар ин 48 нафарро дар дохили бинои Девони вузаро ба асорат гирифта, талаботи худро пеш гузоштанд.
Ба навиштаи рӯзномаи «Адолат», №36, 1992, нашрияи Ҳизби демократии Тоҷикистон мӯътаризин иддаъо доштанд, ки «дастаҳои мусаллаҳе ки аз Кӯлоб ба Қӯрғонтеппа ворид шуданд, бояд ҳатман аз ҳудуди вилоят бароянд ва дигар бо мақсадҳои зишт ба хоки Вахшонзамин по нагузоранд. Дар ин кор бояд пеш аз ҳама президент саҳм бигирад, зеро ҳазорҳо ҷавони бетаҷрибаро ӯ мусаллаҳ кард. …баъди се рӯз дар сурати мӯътадил нагаштани вазъ дигар ба Президенти ҷумҳурӣ заррае эътиқоди мо нахоҳад монд ва аз тамоми қарору фармону қонунҳои ӯ сарпечӣ хоҳем кард», гуфтаанд онҳо. Аммо Президент на танҳо хоҳиши онҳоро иҷро накард, балки наздашон ҳам набаромад. Дар чунин ҳол, вазъ ва талаби мӯътаризин ба ҳадде шиддат ёфт, ки Ҷамшед Каримов, раиси Девони вузаро ва яке аз гаравгонҳо бо Раҳмон Набиев дар тамос шуда, мақсади мӯътаризинро баён дошт. Вале «парронанд, паррондан гиранд, ман истеъфо намедиҳам» («Адолат», №36, 1992), чунин ҷавоб гирифт Ҷамшед Каримов аз раисиҷумҳур.
Бо вуҷуди чунин як мавқеъгирӣ Раҳмон Набиев дигар ба коргоҳ наомад, балки роҳи гурез меҷуст, то аз пойтахт дуртар бошад. Бо ин мақсад аввал ӯ ба мақари Дивизияи 201 паноҳ бурд ва баъдан, тавре «Коммерсант» менависад, зери ҳифозати 30 тан аз асокири ин дивизия ба Қаратоғи Регар фирор кард. Ба навиштаи ин нашрия, ду рӯз баъд усаро раҳо шуданд, аммо президент барнагашт.
Бар ин мабно рӯзҳои 2-3 сентябр Раёсати Шӯрои Олӣ роҳҳои ғайрипарлумонии барканор кардани президентро мавриди баррасӣ қарор дод. Он ҷо пешниҳодҳои мухталиф ироъа шуданд. Агар қисме тарафдори қонунӣ истеъфо додани Президент буданд, қисми дигар мехост дар ин росто аз назокатҳои шариъати Ислом кор гирифта шавад. Дар натиҷаи чунин баҳсҳо аъзои раёсат ду қисмат шуданд, ки усулан гурӯҳи аввалро ба ҷонибдорони ҳалли масъала ба таври компромис ва гурӯҳи дигарро ба гурӯҳи ҷонибдорони ҳалли масъала ба таври ғайрикомпромис ҷудо кардан мумкин аст. Гурӯҳи аввал пешниҳод дошт, ки усули идораи президентӣ ба шакли Шӯрои давлатӣ иваз шавад, вале гурӯҳи дуввум иддаъо мекард, ки бигзор, раисҷумҳур чун рамз мисли шоҳи Англия боқӣ монад, аммо умурро Шӯрои давлатӣ ӯҳда намояд. Ба ин мақсад рӯзҳои 5-6 сентябр иҷлосияи Шӯрои Олӣ даъват шуд.
Ин дар ҳоле буд, ки Сангак Сафаров бо дастаҳои ҷангандаи хеш дар шаҳри Қӯрғонтеппа буд ва рӯзи 2-юми сентябр, ба навиштаи «Адолат», гирдиҳамоӣ ташкил намуда, арз дошт, ки «ду вилояти Кӯлобу Қӯрғонтеппаро ягона намуда, худаш раиси кумиҷроияро таъийн хоҳад кард. Мардуми Қаротегин хоҳанд, хизматгори онҳо бошанд, нахоҳанд, ин сарзаминро тарк кунанд». Ҷиҳати дигари баромади Сангак ҷолиби диққат хоҳад буд. Ӯ зимни баромадаш нақшаи таҳоҷумро баён дошт. Тавре дар рӯзнома нигошта шудааст, Сангак Сафаров афзуда, ки «мо Қӯрғонтеппаро мегирем! Баъд Кофарниҳонро аз ғилбол мегузаронем. Пас ба Душанбе ҳуҷум мекунем». Қобили таъкид аст, ки ин ишора дар мақола то ҷое нақши калидӣ дорад, зеро баъди вуруди нерӯҳои ҳукуматӣ ба Душанбе моҳи декабри соли 1992 ҳамлаҳои Фронти халқӣ мувофиқ ба ҳамин тарҳ сурат гирифтанд, ки поётар дар ин масъала хоҳем гуфт.
Замоне ин тазоҳурот баргузор гашта буд, ки чаҳор рӯз қабл, 28 август, рӯзе ки масокини Қӯрғонтеппа дар назди Кохи раёсатҷумҳур таҷаммӯъ карданд, дар бинои додситонии шаҳри Хуҷанд оинномаи Фронти халқии Тоҷикистон ба дасти Сафаралӣ Кенҷаев навишта шуд. Дар ин бора худи ӯ дар «Табадуллоти давлатӣ» навиштааст.
Аёме ки Раёсати Шӯрои Олӣ масъалаи раисҷумҳурро баррасӣ мекарду Сангак Сафаров дар Қӯрғонтеппа таҷаммӯъ барпо карда буд, вазъи кишвар то рафт печида мешуд, хоса дар ҷануби он вазъи бӯҳронӣ ҳукмфармо мегашт. Бар ин мабно 4 сентябр президентҳои Русия, Қазоқистон, Ӯзбакистон ва Қирғизистон муроҷиъатномае қабул карданд, ки дар он омадааст: «бо таваҷҷӯҳ ба меъёрҳои байналмилалӣ, башардӯстӣ ва ахлоқӣ мо ҷиҳати ҷудонопазирии бародарии халқи худ, дахлнопазирии марзи ҷануби ҷамоҳири муштаракулманофеъ, ташдиди ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, таҳдиди рахнаи амният ва давлат ва халқи худ, ихтилоли суботи сиёсиро дар минтақа эълон менамоем. Мо аз ҳукумат ва сарварони гурӯҳҳои сиёсии Тоҷикистон даъват менамоем, ки бо дарки амиқ ва масъулият нисбат ба вазъи ба вуҷудомада муносибат намоянд». Зимнан дар ҷавоби ин муроҷиъат Девони вузаро ва Раёсати Шӯрои Олии Тоҷикистон навиштанд: «Дар кишвар вазъи шадиди сиёсӣ ва иқтисодӣ ҳукмфармост. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар лобалои домангустарии ҷанги шаҳрвандист. Президент Раҳмон Набиев амалан аз ӯҳдадориҳояш дар робита ба ҳуқуқи инсон ва озодӣ даст кашидааст… Раёсати Шӯрои Олӣ ва Ҳукумати Тоҷикистон эълон менамоянд, ки маҷбуранд, муваққатан ҳалли масоили истеҳкоми вазъи сиёсӣ – ҷамъиятиро ба ӯҳда бигиранд. Мо тақозо менамоем, ки ба дахолати мусаллаҳи нерӯҳои низомии худ дар умури дохилии Тоҷикистон роҳ надиҳед ва ҳамчунин аз баҳогузории субъективӣ худдорӣ намоед («Независимая газета», №171, 05. 09. 92).
Дар чунин як вазъи печида Раисҷумҳур салоҳиятҳояшро иҷро карда наметавонист ва Раёсати Шӯрои Олӣ, ки умурро дар даст дошт, мехост 5-6-уми сентябр иҷлосия баргузор намояд. Аммо рӯзи 4 сетябр аз 221 узви Шӯрои Олӣ танҳо 80 нафари онҳо ҳузур пайдо карданд. Вукалои Кӯлобу Қӯрғонтеппа бинобар вазъи ноором натавонистанд ба иҷлос биёянд. Ба навиштаи «Коммерсант», №136, аз 7 сентяри соли 1992, вакилони Шӯрои Олӣ аз Кӯлобу вилояти Ленинобод иҷлоси мазкурро барои сарнагун кардани раисҷумҳури вақт таҳрим карданд.
Бо вуҷуд президент бетарафиро ихтиёр кард, ки ҳатто баъзе масъулини ҳукумати вақт барои ба истеъфо рафтани ӯ розӣ буданд, вале худаш, тавре дар боло ишора шуд, ба ивази куштор ҳам ба истеъфо рафтанӣ набуд. Баръакс кӯшиш мекард, ки ба ҳар роҳе набошад, вазъро таҳти контрол дарорад. Ба ҳамин хотир дар он шабу рӯзи ҳассос аз марказ дурӣ меҷуст. Ҳамзамон ба хулосае расида буд, ки иҷлосияи Шӯрои Олӣ дар Хуҷанд баргузор гардад. Бинобар ин назди мардум набаромад, балки 7 сентябр аз қасри ҳукуматӣ ба фурудгоҳ равон шуд, то ба вилояти Ленинобод сафар намояд. Вакилони Шӯрои Олӣ низ бояд бо ӯ ба Ленинобод сафар мекарданд, то иҷлосияро барпо доранд. Аммо дар фурудгоҳ Раҳмон Набиев бо вукало аз ҷониби дастаи мусаллаҳи Мулло Абдуғаффор ва Исмати Авулӣ дастгир гашта, зери фишори онҳо президент аризаи истеъфояшро навишт.
“Наҷот”