Навои ҳоҷиёни Каъба

Таҳияи Муҳиддин Асозода

nahzat.tj

Атрофи Каъбатуллоҳ “Аллоҳ” гуфта рафтем,

Бо ашкҳои резон рухсора суфта рафтем,

Бо ғунчаи дили худ ҳар дам шукуфта рафтем,

Пеши таҷаммули байт худро нуҳуфта рафтем,

Такбир гуфта рафтем, таҳлил гуфта рафтем.


Умре ба завқи байтат, эй Кирдугор, зистем,

Аз қурби даргаҳи Ту ё Раб худопарастем,

Аз ҳаҷр нола кардем, бо сӯзҳо гиристем,

Дар худ фақир гашта мо аз гунаҳ бирастем,

Охир хуҷаста рафтем, ё Раб Ту гуфта рафтем.


Сад нола гирди байтат кардем, пок гаштем,

Аз нури Ҳазрати Зот як қабза хок гаштем,

Сад шеван аз дили зор ҳам синачок гаштем,

Ту зинда бош, эй ҷон, мо худ ҳалок гаштем,

Аз сад ҳазор асрор якро нагуфта рафтем.


Ҳусни сафои байтат дар дида нур бахшид,

Ҷонро навои шавқат ҳар дам сурӯр бахшид,

Завқи нуҳӯфтаи ком охир зуҳӯр бахшид,

Ин ҷони хастаро васл чошни ҳузур бахшид,

Бо ҷисми зор рафтем, бо ҷони шефта рафтем.

More From Author

You May Also Like