Давлати Афғонистон аз оғози ба кори коммиссияи таҳқиқ дар мавриди вазъияти боздоштшудагон дар зиндонҳои ин кишвар хабар дод.
Ба гузориши “daypress”, пас аз интишори гузориши коммиссиюни вижаи СММ дар мавриди вазъияти зиндониён дар Афғонистон, Кобул аз пайгирии ин мавзуъ хабар дод.
Гузориш СММ аз шиканҷа ва бадрафторӣ бо зиндониён дар марказҳои нигаҳдории муттаҳамон дар Афғонистон ҳикоят дорад. Мавзуе, ки мавриди таъйиди давлати ин кишвар низ қарор гирифтааст.
Давлати Афғонистон эълом кард, ки бо ташкили коммиссияи вижаӣ дар мавриди нақзи ҳуқуқи башар, шиканҷаи зиндониён ва бадрафторӣ бо онҳо дар зиндонҳои ин кишвар таҳқиқ мекунад.
Ин дар ҳолест, ки мутобиқи шикоят СММ дар зиндонҳои Афғонистон ва боздоштгоҳҳои он чанд намуди шиканҷа нисбати зиндониён раво дида шудааст, ки дар он нақзи ҳуқуқи башар дида мешавад.