Categories Ахбори рӯз

Мақоми собиқи Пентагон: “Таҳримҳо алайҳи Эрон натиҷаи акс дорад”

Масъули пешин дар Пентагон таҳримҳои Ғарб алайҳи Эрон бар сари барномаҳои энержии ҳастаии Теҳронро кам аҳамият хонда ва муътақид аст, ки ин таҳримҳои якҷонибаи натиҷаи акс ба дунбол дорад.

Ба гузориши “presstv”, Майкл Молов, масъули пешин дар вазорати дифоъи Амрико гуфт, ки Эрон бо вуҷуди таҳримҳо ва ё таҳдидҳои Исроил барои ҳамлаи низомӣ, ҳамчунон тасмими пешбурди барномаи энержии ҳастаии худ мебошад.

Вай афзуд, ин таҳримҳо таъсире бар пешрафти Эрон дар заминаи барномаи энержии ҳастаӣ надоштааст.

Ин мақоми пешини Пентагон изҳор дошт, ки ин таҳримҳо танҳо ба шаҳрвандони маъмулии Эрон осеб ворид кардааст ва ин масъала низ танҳо сабаби душманӣ ва хусумати онҳо дар қиболи Амрико ва сиёсатҳояш шудааст.

Лозим ба ёдоварист, ки дар солҳои ахир бар асоси иттиҳомҳои бепоя ва беасос мабнӣ бар ин ки Эрон дар барномаи энержии атомии худ аҳдофи низомиро дунбол мекунад, чандин даври таҳрим алайҳи Теҳрон аъмол кардааст.

More From Author

You May Also Like