Суҳбаторо: Муҳиддин Асозода
Дар остонаи баргузори ҷашни 40-солагии ҲНИТ сӯҳбате доштем бо муовини раиси ҲНИТ, ҳамзмон раиси ситоди баргузории ин ҷашнвора Муҳаммадкарими Орзу.
Лутфан оид ба омодагиҳои таҷлили чилумин солгарди таъсисёбии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ба ҳайси раиси ситод чи гуфтаниҳое доред?
Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон.
Чорабиниҳое, ки имрӯз ҲНИТ дар назар дорад, метавон гуфт, ин як ҷашни оддӣ нест. Ҷашнест, ки пас аз чиҳил соли таъсисёбии ҳизб ба таври умум як маротиба баргузор мегардад.
Бо итминон метавон гуфт тамоми масъулини ҳизб ҷиҳати ҳар чи бештар дар сатҳи хуб баргузор намудани ин ҷашнвора шабу рӯз камари ҳиммат баста, аз тамоми нерӯ ва имконоти хеш дар ҳоли истифодаанд.
Умед дорем, баргузории ин ҷашн ба таври хубтару беҳтар ва намунае на танҳо дар сатҳи як ҳизб ҳатто дар кишвар бошад.
Ҳоло метавон гуфт чанд дарсади корҳо анҷом ёфтаанд?
Агар корҳоро аз аввали таъсисёбии ситод дар мадди назар дошта бошем, метавон гуфт дар умум 90% корҳо бо инояти Парвардигор анҷом ёфтаанд.
Аммо айнан ҳамин савол имрӯз аз тарафи иддае аз дӯстон шунида шуд ва дар посух гуфтам, ман корҳои гузаштаро ҳаргиз фикр намекунам, бештар дар фикри ояндаам, зеро мо фисади ҳар корро аз ҳамон рӯз ҳисоб мекунем, ҳоло метавон гуфт корҳои зиёде дар пеш мондааст.
Таври маълум, меҳмонони зиёде,ки мебоист аз хориҷи кишвар ба ин ҷашн ташриф меоварданд, бо мушкили раводид мувоҷеҳ шуда буданд, ҳоло метавон гуфт ин мушкил то чӣҳад ҳалли худро пайдо кард?
Чунончи дирӯз раиси ҳизб Муҳиддин Кабирӣ дар конфронси матбуотӣ эълон кард, воқеан ҳам мушкилоти раводиди меҳмонони хориҷӣ то ҳанӯз ҳалли худро наёфтааст.
Албатта, ба истиснои чанд нафар меҳмони мо, ки тавассути талошу кӯшишҳои худ тавонистанд ин раводидро ба даст оранд.
Ҷараёни кор ҳокӣ аз он аст, ки меҳмонон аз кишварҳое, ки ниёз ба гирифтани раводид надоранд, комилан дар ин ҷашн ширкат меварзанд вале боқӣ меҳмононро метавон гуфт ҳудудан 10-15% ширкат меварзанд.
Дархости хаттиву шифоҳӣ ба тамоми мақомоти зидахл барои толори муносибе ҷиҳати баргузории ин ҷашнвора ирсол гардид, вале ҳеҷ гуна ҷавоби рад ва ё қабул аз он тараф шунида нашуд, пас оё имконоти қабули меҳмонон дар ихтиёри Шумо қарор дорад?
Ман ба унвони раиси баргузории ин ҷашн ҳаргиз гуфтанӣ нестам, ки мо мушкилоти толор дорем. Толори қароргоҳи марказии ҳизб дар ихтиёр дорем ва он ба ҳама меъёрҳои замонавӣ ҷавобгӯст.
Бо вуҷуди ин ки толори мо метавонад ҳудудан шашсад то ҳафтсад нафарро биғунҷонад, илова бар ин, мо дар назар дорем ҷашни мо дар саҳни толор баргузор гардад, ки он ҷо ба ҳисоби мо ҳудуди ҳазору ҳашсад нафарро меғунҷонад. Гузашта аз ин бинои маркази фарҳангӣ, ки ҳоло дар ҳоли омодааст ва дар маҷмуъ метавон гуфт маркази ҳизб бештар аз се ҳазор меҳмонро метавонад дар дохилаш ҷой кунад.
Бояд гуфт, ки пас аз ин ҳодисае, ки нисбати бародар, муовини раиси ҳизб Маҳмадалӣ Ҳаит сурат гирифт, мо тасмим гирифтем, аз тамоми манотиқи кишвар даъвати меҳмононро 15-20% афзоиш бидиҳем.
Ба андешаи Шумо ҳодисаи ахире,ки аз тарафи афроди номаълум нисбат ба устод Маҳмадалӣ Ҳаит воқеъ шуд, оё ба рафти баргузории ҷашн халал ворид намекунад?
Албатта, ҳар як ҳодиса чӣ бузург аст ва ё чӣ кӯчак метавонад таъсири худро бирасонад. Чӣ расад ба ин ҳодисаи даҳшатоваре, ки болои як шахсияти хеле маъруф ва нафаре, ки муовини раиси як ҳизби сиёсӣ бошаду дар ба даст овардани сулҳи тоҷикон саҳм дошта ва гузашта аз ин дар кишвари худ рух диҳад.
Аммо бо он табиате, ки ҳизби мо ва аъзои ҳизби мо доранд, ҳарчанд мушкилот болояшон сарозер шавад, ҳамон қадар ҳамбастагӣ ва якпорчагии онҳо бештар мешавад.
Мо ҳамеша набудани бародар Маҳмадалӣ Ҳаитро эҳсос мекунем, вале наҳзат имрӯз ба шахсиятҳо пойбанд нест ва наҳзат роҳи худро иншоаллоҳ, идома хоҳад дод.
Дар робита ба барномаи баргузории ин ҷашн чӣ гуфтаниҳое доред, мардум чиро бояд мунтазир бошанд, киҳо метавонанд ширкат варзанд?
Тамоми чорабиниҳои мо тибқи барнома танҳо рӯзи 27-ум баргузор мегардад. Дар ҳамин рӯз меҳмонони дохилӣ ва хориҷӣ ташриф меоранд.
Раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ паёми Ҳизби наҳзатро ба мардум мерасонад.
Дар қисмати дуюми барнома бештар атрофии таҳлили фаъолияти 40-солаи ҳизб ва баррасии дидгоҳи наҳзат аз ҷониби масъулини ҳизб доир мегардад.
Худо нигаҳбони Шумо