Нахуствазири давлати мардумии Фаластин таъкид кард, ки сафари Раҷаб Тайиб Урдуғон ба Ғазза, ки эҳтимол дар ҳафтаҳои оянда сурат мегирад, сафаре таърихӣ хоҳад буд.
Ба гузориши хабаргузории “Фаластин” ба нақл аз як хабаргузории туркӣ, Исмоил Ҳания дар суҳбате зимни ишора ба ин ки маросими истиқбол аз Урдуғон ба шевае шоиста анҷом хоҳад шуд, хотирнишон кард, ки иқдомоти лозим ва матлуб ҷиҳати анҷоми сафари вай ба Ғазза анҷом шудааст.
Ҳания зимни интиқод аз мавзеъгирии Амрико дар қиболи ин сафар ташреҳ кард, ки Урдуғон мухолифати худро бо талошҳои амрикоиҳо ва дигар тарафҳо ба мақсади мунсариф кардани вай аз анҷоми ин сафар эълом карда ва мавзеи вай нишон медиҳад, ки давраи султаи Амрико ба минтақаи дигар поён ёфтааст.
Ҷон Керӣ, вазири умури хориҷаи Амрико аз Раҷаб Тайиб Урдуғон хоста буд, сафари худ ба Ғаззаро лағв ва ба вақти дигаре вогузор кунад. Аммо Урдуғон таъкид карда, ки бар анҷоми сафари худ дар мавъид муқарар исрор дорад.
Пешбинӣ мешавад, ки нахуствазири Туркия то нимаи моҳи ҷорӣ пас аз поёни сафари худ ба Амрико ба Ғазза сафар кунад.