Ҳафтаи сипаригардида яке аз мавзӯъҳои доғи ҳафтаномаҳои кишвар садамаи рухдода дар таърихи 9-уми октябр дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе буд, ки бино ба хабаре, ки матбуот додаанд дар ин садама писари 16 солаи Амонулло Ҳукумов раиси Роҳи оҳани Тоҷикистон бо мошини сабукрави худ ба мошини дигаре бархӯрд намуда, сабаби марги се нафар ва захмӣ гардидани се нафари дигар гаштааст. Матбуот ба ин масъала аз паҳлӯҳои мухталиф нигаристаанд.
Аз ҷумла Нигоҳ матлаберо дар ин бора бо номи “Мушкили № 1 давлат” ба нашр расонда,ки муаллиф дар оғоз чунин менигорад:«9-уми октябр боз ҳодисае рух дод, ки моҳияти ҳукумат дар Тоҷикистонро ба тамошои аҳли олам гузошт. Ҳеч кас аз мақомот ёрои онро надорад ба мардум фаҳмонад, ки гап чӣ асту қонуни Тоҷикистон ва ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон чӣ қудрат дорад ва умуман ин қонун вуҷуд дорад ё не».
Нависанда дар идомаи матлаб оид ба оддӣ набудани ҳодисаи мазкур меафзояд,ки садама бо ширкати фарзанди ноболиғи раиси КВД “РОТ” ва аз наздикони президент фоҷиаи оддӣ буда наметавонад ва сипас якчанд омилро зикр мекунад аз ҷумла ноболиғ будани писари Амонулло Ҳукумов, савори автомашинаи БМВ ва дар маркази шаҳр он ҳам пойтахти ҶТ бо суръати баланд рондани мошин ва ниҳоятан ин, ки ба ноболиғ кӣ шаҳодатномаи ронандагӣ додааст?!
Ба назари муаллиф қонуни Тоҷикистонро на фақат фарзандон, балки падарони онҳо ва худи мақомдорон ҳам эҳтиром намекунанд. Сипас савол мегузорад, ки бо кадом ру Расули Амонуллоро падараш ба Олмон фиристод дар ҳоле, ки писари ӯ бояд назди тафтишот посуҳ гӯяд? Ва мақомоти тафтишотӣ бо кадом далел гузоштанд, ки писари раиси “РОТ” фирор кунад?
Миллат ҳодисаи мазкурро дар саҳифаи 3-юми худ бо ин ном: “Расули Амонулло «Барои табобати дасташ» ба Олмон рафтааст?»”, мавриди баррасӣ қарор дода аз ҷумла баъд аз зикри вақту макон ва хисороти ин ҳодиса бо такя ба манобеъи Озодӣ, чунин мегӯяд: «Вале тавре хабарнигорон мушоҳида мекунанд, ин паҳлуи масъала, ки Расули Амонулло писари яке аз шахсиятҳои бонуфуз ва наздик ба хонаводаи президенти Тоҷикистон аст, рӯз то рӯз мавзӯъро печидатар мекунад. Хабарнигорон мегӯянд, ки масъулин то рафт аз шарҳи ошкорои ин мавзӯъ худдорӣ мекунанд».
Дар матлаби дигаре Миллат аз коршиносони кишвар ин саволро пурсидааст, ки чаро ИНИТ натавонист имзои кофӣ барои интихоботи раёсати ҷумҳуриро ҷамъ биёварад?
Таҳлилгар Мирзои Салимпур дар посух ба саволи мазкур аз ҷумла чунин гуфтааст: «То ҷамъ кардани имзоҳо ҳазору як монеъа гузошта буданд, ки ягон нафари тасодуфӣ роҳ наёбад. Баъди ҷамъ шудани имзоҳо боз ҳазору як монеаи дигари боз ҳам бузургтар барои Бобоназарова тайёр карда буданд. Вақте худи низом ноқис аст, ҷавобгӯи ҳатто меъёрҳои ҳадди ақали як низоми демократӣ нест, чӣ фарқ дорад, ки шумо 200 000 имзо ҷамъ кардаед, ё 2 миллион».
Лола Олимова ду омилро зимни посух ба суоли зикршуда номбар мекунад: 1- вуҷуди монеаҳо; 2- ИНИТ як созмони нав аст.
Фараж дар пурсиши ин ҳафтаинаи худ вобаста ба ҳодисаи садамаи писари Ҳукумов, ин саволро аз чанд нафар пурсидааст, ки: «Оё Ҳукумов бояд истеъфо диҳад?». Посухҳо ба таври хулоса чунинанд:
– Маҳмадалӣ Ватанов, вакили МНМО ҶТ: «Барои чӣ? Доир ба парвандаҳои мушаххас баҳо додан ба салоҳияти мо дохил намешавад»;
– Исмоил Талбаков, муовини раиси ҲКТ: «Ҳама дар назди қонун баробар аст. Чӣ фарзанди мансабдор ва чӣ шаҳрванди қаторӣ бояд мувофиқи қонунҳои амалкунанда ҷавоб гӯяд»;
– Султон Валиев, собиқ раиси ноҳияи Восеъ: «Ин ба истеъфои Амонулло Ҳукумов чӣ муносибат дорад? Кӣ мехоҳад, ки чунин ҳодиса рух диҳад? Заминҷунбӣ, садамаи нақлиётӣ умуман ин ҳодисаҳои фавқулоддае мебошад, ки ғайриихтиёр рух медиҳад»;
– Зариф Ғулом, ҳуқуқшинос: «Аз ҷиҳати маънавӣ падароне, ки фарзандашон ҷиноят содир мекунанд, бояд истеъфо диҳанд»;
– Абдуҳалим Ғаффоров, раиси ҲСТ ва номзад ба мансаби президентӣ: «Танҳо пас аз ҳалномаи суд метавонам бигӯям, ки Ҳукумов сари вазифа истад, ё истеъфо диҳад»;
– Шералӣ Кенҷаев, коршиноси масоили сиёсӣ: «Дар Тоҷикистони мо риояи қонун ва иҷроиши он фақат барои халқи камбағал аст. Ба ашрофу ашрофзодаҳою мансабдорону фарзандони онҳо иҷроиши ягон қонун дахл надорад, ки ин бадбахтии ҷомеаи имрӯзаи мо аст».
Ҳафтаномаи Тоҷикистон аз баста шудани се мадрасаи исломӣ дар вилояти Хатлон, яъне мадрасаи духтарона ва писаронаи шаҳри Қӯрғонтеппа, шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Ховалинг хабар додааст. Намояндаи Кумитаи кор бо дини вилояти Хатлон Сафарбек Шарипов, аз ҷумла яке аз далелҳои баста шудани ин мадрасаҳоро дар надоштани мутахассисони касбӣ унвон кардааст.