Categories Uncategorized

Муҳаммадалӣ Ҳаит: Номард бо мушту силоҳ суҳбат мекунад!

“…тахмин баъд аз як соат ё ним соат нафари дигаре дари хонаи мо ҳозир мешавад, хеле одами шик, қоъидавӣ пӯшидагӣ, худашро аз ҳукумат муаррифӣ мекунад… Ӯ ҳам мепурсад ному насаб, соли таваллуд, чӣ кор мекунад, куҷо меравад. Хулас, ҳамин хел суҳбату баъд меравад.

Бегоҳи ҳамон рӯз ба ман ин қазия рух дод.” – мегӯяд Муҳаммадалӣ Ҳаит дар бораи воқеаҳои пеш аз лату кӯби эшон рух дода ва дар дигар тикаи муколама эшон таъкид дорад: “Вақте як рӯзноманигор, як журналист бо қалам, бо сухан суҳбат мекунад, вале ин номардҳо бо мушту лагад, ҳатто бо силоҳ суҳбат мекунанд… Барои ин ҳукуматдорони мо ба ҷойи сохтани қасру кушку истироҳатгоҳ, мошинҳои пурдабдабаву колоҳои муфарраҳ бояд фикри мардумро кунанд, ба мардум рӯ биёранд.  Ин аст роҳи ҳалли масъала.  Бо лату кӯби Муҳаммадалии Ҳаит ин мушкилот ҳал намешавад.” – Ин чанд пораест аз суҳбати ихтисосии Адолати Мирзо бо муовини раиси ҲНИТ “Муҳаммадалӣ Ҳаит: Суиқасд ба ман таҳдид ба озодии баён аст”, ки “Миллат” ба чоп расонидааст.

Рогозин ва Онишенко қатораи Тоҷикистонро тафтиш карда, ба хулоса омаданд, ки ин гуна қатораҳои ифлос ба ҳудуди Русия ворид нашаванд ва қариб ҳама расонаҳои кишвар ба ин амали онҳо вокуниш нишон додаанд, вале аз ҳама сухани ҷиддӣ ва сахтоҳангро “СССР” дар сармақолааш овардааст: “Бас аст думравиву думбардории ситамгарони Тоҷик.  Кистанд онҳо? На русанд, на ӯзбек, на тоторанд, на яҳуд. Инҳо просто одамони маризанд, девонаанд, танҳо фамилияашон дигар аст.  Стоп ба Рогозин. Уртоқ Онишенко. Тухта (ист!).  Бас подхалимии миллӣ… 21 сол аст ба онҳо подхалимӣ дорему кор пеш рарафт.  1 бор гапи моро гиред мардум, ку чӣ мешавад? Мо Метавонем!”

“Озодагон” мақолаи на он қадар бузург, вале пурдарди Рустам Маҷидов “Прокурор: “Ба “облава” муқобилат накунед, онҳо намояндагони ҳукуматанд!”-ро ба ҳукми хонандагонаш фиристодааст.  Воқеан, аҷиб аст, ки дар телевизион танҳо аз ҳаёти хеле бонишоту озода ва серу пури аскарон суҳбат мешавад, вале дар асл воқеиятро дигар хел тасвир мекунанд: “Таҳқир ва лату кӯби наваскарон як тараф, гуруснагии доимиашон тарафи дигар.  Гоҳо ҳатто об барои шустушӯи бадан намеёбанд.” – мегӯяд Аҳтам, ки се сол пеш аз хидмати ҳарбӣ баргашта аст. – “Пас аз хизмати ҳарбӣ аз сабаби ифлосии тӯлонӣ як сол аз инфексияҳои гуногун табобат гирифтам.  Охир, тӯли як моҳ, гоҳо ҳатто бештар, иҷозаю имкони сару баданамонро шустан намедоданд.” Магар аз ин мудҳиштар манъ ҳаст, ки аскарро як моҳ шустушӯй кардан намегузоранд!?

Ана, сабаби “облава” дар чист!  Пеш аз он ки ба дари мардум дароед, аввал тартибу низомро дар худи ҷузъу томҳои Артиши Тоҷикистон ҷорӣ кунед, он гоҳ худи бачаҳо бо ҷону дил ба ҳимояи Ватан мераванд.

Нашрияи “Нигоҳ” аз шумора то шумора аз ҷиҳати мазмуну муҳтаво беҳтар шудан дорад, дар мақолаи “Латукӯбҳои сиёсӣ” ҷабрдидаҳои солҳои охирро ба таври санавӣ овардааст:

2004. Вазир Шарипов, раиси Кумита Хайриддинов.

29 июл.  Раҷаби Мирзо.  Сардабири “Рӯзи нав”, шоми тобистони соли 2004 аз сӯи як шахси номаълум дар наздикии манзилаш мавриди ҳамла қарор гирифт.

2011. Вазир Қаҳҳоров, раиси Кумита Ятимов.

7 феврал.  Ҳикматулло Сайфуллозода.  Сардабири нашрияи “Наҷот”, субҳи 7-уми феврал дар роҳ ба сӯи идораи ҳафтанома, дар наздикиҳои манзили худ, воқеъ дар маҳаллаи Зарафшон дучори ҳамлаи афроди ношинос шуд.

Омилони ҳамла маълум нашуданд, вазир ба мақоми пасттар рафт.

5 май, 2012.  Салим Шамсиддинов, раиси ҷамъияти ӯзбектаборони вилояти Хатлон тақрибан соати 14: 30 дар наздикии манзилаш, дар рӯбарӯи бинои Раёсати вилоятии КДАМ аз ҷониби се нафари ношинос лату кӯб шуд.

То ба ҳол куҷову дар чӣ ҳол будани ӯ маълум нест.

7 майи 2012. Далер Шарифов, хабарнигори телевизиони “Сафина” дар наздикии Сафорати Русия мавриди лату кӯби афроди ношинос қарор гирифта, ҷароҳатҳои сангин бардошт…” Ин номгӯйро метавон давом дод, вале чӣ суд?!

Ягон нафари ҷинояткор то ҳанӯз ёфт нашудааст.

Як мушоҳидаи аҷиб.  Ҷинояткорон фақат ашхоси фаъоли мухолифинро мекӯбанд.  Чаро фаъолони дигар аҳзоби ба Ҳукумат наздик лату кӯб мешаванд…

“Фараж” мақолаи Фарангиси Музаффар “Истиқлол”- ро ҳам ба IRS месупоранд” мавзуи хеле муҳимро бардоштааст.

Дар мавриди ин ширкати соҳибдор, вале то ҳол муаммоомез “Муҳиддин Кабирӣ изҳор кард, ки чаро роҳҳои мазкурро ширкат (IRS) пас аз таъмир қабул мекунад, дар сурате ки барои бозсозии роҳҳо давлат маблағ ҷудо мекунад… Вазири нақлиёт суханони Кабириро беҷавоб нагузошта, гуфтааст, ки дар баъзе мавридҳои роҳтозакунӣ ба вазорат кӯмак мекунад. Аммо ин пурсиши Кабирӣ ба раиси МН Шукурҷон Зуҳуров маъқул нашудааст…”

Чаро депутатҳо аз Ҳизби халқӣ – демократӣ хомӯш?

Масалан, Давлаталӣ Давлатзода, ки аз минтақаи Варзоб муфт аз ҳисоби ҳизби ҳукмрон вакил шудааст, мебоист ба ҷойи Кабирӣ ӯ савол медод, зеро мардуми Варзоб зиёдтар проблема бо ин ширкат доранд!!!

Хулосаи банда ҳамин, ки то дар сиёсати давлат дигаргунии ҷиддӣ нашавад, Зуҳуров ва ҳамҳизбҳояш ба рӯй пӯсти ғафс кашида, гӯё, ҳеч чизро намебинанд.  Чӣ тавре мегӯянд, ҳаволаашон ба Худо.

“Фараж” муддатест, ки ба гурӯҳҳои гуногунақида минбар медиҳад, ки ин нишонаи сиёсати ботавозуни нашрияи мазкур аст.  Ин бор ҳам мақолаи баҳсангези “Наришкин ба гӯши Зоиров чӣ гуфт?” аз Аюбчон Мирзоев, ҳуқуқшинос, овардааст, ки дар назари мо обрӯи Зойировро хеле боло бардошта, ки ба раиси як ҳизби на он қадар бузурги сиёсии кишвари кӯчак Наришкин, раиси Думаи давлатии Русия чизе гуфтааст.  “Тавре сарчашмаҳои боэътимод хабар медиҳанд, рӯзи 11 апрел Раҳматилло Зоировро оаиси Думаи давлатии Русия ба ҳузур пазируфта, вазъи имрӯзаи сиёсӣ ва иҷтимоии Тоҷикистонро бо вай баррасӣ кардааст.”  Наход?

Барои он мақоларо баҳсангез гуфтем, ки Зойиров зуд расман изҳорот дод, ки чунин вохӯрӣ бо Наришкин барпо нашудааст.  Шояд тавассути мурофиа ин баҳс ҳалли худро ёбад.

Бо як лутфе аз “Тоҷикистон”, ки аз навиштаҳои ҳаҷвнигори маъруфи шодравон Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳ чоп кардааст, тақдиматон мекунем.

Шумо милиса

– Дадо, шумо милиса – а?

– Не, кӣ гуфт?

– Очаам.

– Кай гуфт?

– Дина, вақте ҳамаи пулҳояшро гирифтед.

More From Author

You May Also Like