Categories Uncategorized

Муҳиддин Кабирӣ: Як наҳзатӣ бояд сабур ва қонунмеҳвар бошад

Иқтибос аз мусоҳибаи ихтисосӣ бо Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ ва вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон

Суол: Ба назари Шумо тафовути асосии узви ҲНИТ аз дигар ҳизбҳо, аз ҷумла, ҲХДТ чӣ аст?

Муҳиддин Кабирӣ: Аз лиҳози ҳуқуқ ва масъулият назди қонун, миллат ва кишвар ҳеҷ фарқе надорад.

Вале дар амал узви ҳизби мо бояд бидонад, ки ҳама гуна мушкилиҳо метавонанд дар роҳ пайдо шаванд, ин омодагиро дошта бошад ва рӯҳафтодаву маъюс нашавад.

Узви ҳизби мо бояд қонунро аз дигарон беҳтар бидонад ва риоят кунад, чун талабот аз ӯ бештар аст.

– Ваъда буд, ки то интихоботи соли 2015 сафи аъзои ҲНИТ то ба 150  ҳазор  мерасад, аммо нашуд. Чаро?

– Ҳоло соли 2013 аст ва ду соли дигар дар миён. Агар аз шӯхӣ берун биёем, ин барномаи 7-сола баҳори 2008 қабул шуда буд ва раванди рушди демократия дар ҷомеа, суботи сиёсӣ ва дигар нишондодҳои иҷтимоӣ баёнгари он буданд, ки бисёрҳизбӣ дар кишвар бемайлон пеш меравад.

Ёдатон ҳаст, ки он солҳо дар муносибатҳо байни ҳукумат ва ҳизбҳо як оромӣ ва эътидол вуҷуд дошт. Худатон ҳам ишора ба ширкати намояндагони ҳукумат дар чорабиниҳои мо кардед, ки нишонаи ҳамон фазо буд. Ин барнома дар он сол бо назардошти он вазъияту воқеият қабул шуда буд ва иҷрошаванда ҳам ба назар мерасид.

Ахиран, ин масъала дар ҳизб баррасӣ шуд ва баъзе дӯстон пешниҳод карданд, ки он бознигарӣ шавад. Вале аксарият зид баромаданд. Далел ҳам он буд, ки мо бояд барномаи яксоларо тағйир бидиҳем ва онро мутобиқ ба воқеиятҳо созем, на барномаи кулро. Чун набояд фикр кард, ки ин вазъият, ҳатман, то соли 2015 давом хоҳад кард. Оне, ки мо ба ҳисоби миёна моҳе 300-400 узв қабул мекунем, тибқи барномаи яксола аст, вале аз барномаи кулл қафо мебошем.

– Аммо гуфта мешавад, ки як сабаби бетобӣ ва ташвиши бархе аз доираҳо ин аст, ки шумораи аъзои Шумо аз он рақами расмӣ хеле бештар аст. Аз ин ҷост, ки маъракаҳову барномаҳои мухталиферо  муқобили Шумо роҳандозӣ мекунанд.

– Шумораи аъзои мо ҳамоне аст, ки дорем, вале ҳаводорони мо чандҳо маротиб зиёданд. Агарчи вазъияти охир раванди узвиятро кунд кардааст, вале сафи ҳаводорон меафзояд ва ин табиист.

Қонуни физикие ин ҷо амал мекунад, ки бо боло рафтани қувваи фишор болои ҷисм мутаносибан муқовиматро бештар месозад. Ҳар ҳизби дигар, ҳатто, ҲХДТ ҳам агар дар ҷойи мо мебуд, сафи ҳаводоронаш меафзуд, чун ҷомеа ҳамеша чунин рафтор мекунад ва аксуламал нишон медиҳад.

Иқтибос аз “Нигоҳ”

More From Author

You May Also Like