Ҳикматуллоҳи Воҳидхон
24.04.2012, 07:55
Пораҳои андешаи як ҷавони муҳоҷир дар Русия…
Аз хурдиам вақте муаллимонамон мепурсиданд: «Калон шавӣ, чӣ мешавӣ?». Ҷавоб медодам, ки «русиячӣ» мешавам, ҳарчанд намедонистам, ки падарону бародарони мо чӣ қадар дар Русия азоб мекашанд…
Пас аз хатми мактаб ба донишгоҳ дохил шудаму бо азоби зиёд онро хатм кардам. Баъд аз гирифтани «диплом», хостам дар ватани азизам кор кунам, вале мутаассифона, ҷои кори муносиб пайдо карда натавонистам ва давоми тақдири ман мисли садҳо ҳазор ҳамсолонам Русия буд.
Вақте ба шаҳри Маскав расидем, шиносномаамонро тафтиш карданду ҷавобамон доданд. Чиптаи ман чун ба Владивостокбуд, мебоист чанд соати дигар дар фурудгоҳ интизори парвози ҳавопаймо ба ин шаҳр шавам. Дар ҳар қадам шиносномаамро тафтиш мекарданду бо нафрат «таджик?» гӯён мерафтанд. Аз ин муомилаи онҳо ғазабам меомаду чун дар шаҳри ғарибӣ будам, ҳеҷ ҳарфе дар ҷавоб гуфта наметавонистам.
Ба Владивосток расидам ва дар ин ҷо низ ҳамон рафтору ҳамон муомилаи сарду бад буд. Дар фурудгоҳ чун интизорам буданд, маро ба хонае, ки дар он ҷо бояд зиндагӣ мекардам, бурданд. Як хонаи дуҳуҷрагии бетаъмире буд, ки дар он 6 нафар мезистанд. Ростӣ, дар бӯи он хона тоқат кардан намешуд, вале маҷбур будам, ки зиндагӣ кунам. Ҳар нафаре дар он хона ба ҳар навъе ба ман «қоидаҳои шаҳрашонро» шарҳ медод: «Дар роҳ агар Равшану Ҷамшуд ё «чурка» (кунда) гӯянд, аҳмият надеҳ, чунки дар ҳолати дағалӣ карданат мумкин дарди сарат мешаванд. Хайр, худат мефаҳмӣ; мо мусофирем, забонамон кӯтоҳ аст…» Рафиқам, ки маро ба он шаҳр даъват карда буд, гуфт, ки ӯ аз фирма барои як рӯз ҷавоб гирифтааст, то ин ки пагоҳ ҳуҷҷатҳоямро месупорад. Ӯ бо меҳр гуфт: «Аммо то тайёр шудани ҳуҷҷатҳоят дар хона меистӣ. Ҳуҷҷатҳоят, ки тайёр шуд, фирмаамон туро ба кор қабул мекунад.»
Рӯзи дигар барвақт барои супоридани ҳуҷҷатҳоямон роҳ сӯи «Идораи муҳоҷират» пеш гирифтем. Вақте ба он ҷо дохил шудем, ҷавонони тоҷик дар навбат истода буданд. Ба онҳо сӯҳбат кардам. Дар рафти муколама маълум шуд, ки онҳо низ ҷавонони аз 18 то 30 – сола будаанд, ки барои дарёфти бурдаи нон ба онҷо рафтаанд. Нафаре аз онҳо бо алам гуфт: «Ман мактаби олиро бо баҳоҳои чору панҷ хатм кадам, ҳамкурсоне доштам, ки ҳатто сазовори баҳои се набуданд, вале бо сабаби «таға» доштанашон соҳиби ҷои кор шудаанд.»
Дигаре гуфт: «Бовар кун, бародар! Ин мардикориву муҳоҷират бар дилам задааст. Мехоҳам дар ватанам бошам ва барои ватанам кор кунам. Падару модари пире дорам, дуои онҳоро гирам, аммо чӣ илоҷ, ки дар ватан ҷои кор нест, фарзандонамонро бояд хӯронем… »
Баъд аз як соати интизорӣ навбати ман ҳам омад. Даромадан баробар, зани рус, ки корманди ин идора буд, хандида гуфт: «Ты тоже таджик?» Ман бо овози хаста ҷавоб додам: «Да, я тоже таджик». Каме саволу ҷавоб карду пурсид: «У тебя тоже есть диплом?» Ман гуфтам, бале. Он зани рус оҳе кашиду гуфт: «Имрӯз ту сеюмин нафаре ҳастӣ, ки бо маълумоти олӣ Тоҷикистон ба мардикорӣ равонатон кардааст… Аммо зиқ нашав, ин рӯзҳо ҳам мегузарад.»
Дар ҷавоб хомӯш истодам. Баъд аз чанд дақиқа бо осонӣ пул нагирифта, ҳуҷҷатҳоямро ба қайд гирифту ба ман дар корҳоям мувафаққият хост. Дар сар фикри Тоҷикистон – ватанам аз он ҷо берун шудам.
Ба худ мегуфтам: «Дар ҳақиқат Тоҷикистон бароямон азиз аст, вале чаро мо, ҷавононро, ба оғушаш намекашаду баръакс ба муҳоҷират равон мекунад? Агар Русия ҳамаи тоҷиконро аз қаламраваш барорад, ҳоли Тоҷикистон чӣ мешуда бошад? Оё ягон халқи дигар низ мисли мо дар муҳоҷират чунин лақабҳо, ба монанди «Ҷумшуд» дошта бошад?
Аз хонаву фарзанд дурр ва аз мусибату хурсандии дӯстон ҷудо… Чӣ рӯзест, ки бар сар дорем? Чӣ қадар фарзандон бо орзӯҳои неки худ дар ғарибӣ ҷон дода бошанд? Чӣ қадар падарон суханони охирини худро ба фарзандон нагуфта рафта бошанд? Чӣ қадар модарон бо орзӯи дидори фарзанди муҳоҷири худ аз дунё гузашта бошанд?… Оё инро ягон масъулин дарк мекарда бошад?»
Аммо ягона умеди мо Худост. Фақат аз ӯ мепурсем, ки истиқлолияти моро поянда, давлати моро обод, муҳоҷирони саргардони моро ба ватан баргардонаду ризқу рӯзиро дар Тоҷикистони азиз фаровон гардонад.