Муҳиддин Асозода
nahzat.tj
Интишори филме дар Амрико ба номи «Бегуноҳии мусулмонон», ки мӯҳтавои тавҳиномез бар Паёмбари Ислом, он мунҷии башариятро дар бар дошт, на танҳо олами ислом, ҳатто метавон гуфт кураи заминро такон дод.
Бинобар хабарҳое, ки аз ҷониби манбаъҳои мӯътамад дар расонаҳои хабарӣ пахш гардид, аввалин қатраи масмумкунандаи ин филмро дипламатҳои кишваре нӯшиданд, ки филми зикргардида дар ҳамон ҷо рӯи навор омад буд. Инсонҳо таи чанд рӯзи охир куштаву захмӣ ва манзилҳову мошинҳо аз тарафи мардуми ба шӯромада ба оташ кашида шуданд.
Чунин амалкарди номатлуби тавҳиномез таи солҳои ахир бори аввал нест, ки алайҳи арзишҳои динии мусулмонон аз ҷониби афроде дар кишварҳои Аврупо ва Амрико сар мезанад ва мунҷар ба харобӣ ва қатли афрод мегардад.
Гарчанде дар ин замина назарҳое арзи вуҷуд дорад, ҳадс задан басо мушкил аст, ки дар пасманзари чунин филм чӣ сенария тарҳрезӣ шудааст. Шояд касоне, ки имрӯз ба истилоҳ «марази қалбӣ ва ё руҳӣ» доранд, ин дастовардҳои чашмгир ва паёмадҳои некеро дар олами ислом чашми дидан надоранд ва бо сӯйистифода аз он имконоти фароҳаме, ки дар ихтиёри эшон қарор дорад, вазъро дар манотиқ мехоҳанд ноором бисозанд. Бо ин бозиҳои саратонзои худ мехоҳанд ҷаҳониёнро нишон диҳанд, ки ин аст Ислому муслимин.
Вале ин тоифаи дур аз олами инсоният ғофил аз онанд, ки ҳама барномаҳо ва тарҳҳояшон нақше рӯи обанду бас.
Зеро имрӯз инсонҳо рӯз то рӯз аз пайравии адёну мазоҳиби ботилу мансух ва аз гуноҳу маъсият эҳсоси хастагӣ мекунанд, гузашта аз ин эҳсос мекунанд, ки пайравии кур-курона аз адёни ботилу мансух хоҳишоти фитрии онҳоро бароварда наметавонад. Бинобар ин, бо он ангезаи рӯҳонӣ ва таҷдиди назар бо камоли майл суроғи нуру ҳидоят раҳсипор мешаванд. Фарҳанги ҳайвонӣ ва хушунат имрӯз дигар миллатҳоро хаста кард. Бо истифода аз технологияи муосир ва торномаву шабакаҳои моҳвораӣ инсонҳо ҳақиқатро барои худ пайдо мекунанд.
Хеле тааҷҷубовар ба назар мерасад, вақте дастандаркорони ин филм худ ва ё дигаронро мехоҳанд гумроҳ бисозанд. Изҳор медоранд, “мо аз интишори ин филм чунин паёмадеро таваққуъ надоштем.”
Хеле посухи бемантиқ ва дур аз чорчӯбаи инсоният. Дин ва арзишҳои динӣ барои мардуми диндор аз молу ҷон ва аз ҳар чи ки дар ҷаҳон арзи вуҷуд дорад, азизтар аст. Бозӣ кардан бо нозуктарин эҳсосоти мардум ин бозӣ кардан бо “думи аждаҳор” аст.
Ин муғризон шабеҳи ҷамъе аз каждумонанд, ки бо муқтазои табиаташон неш бар пайкари инсонҳо мезананд. Ғофил аз онанд, ки заҳри неши эшонро худи эшон «нӯши ҷон» мекунанд.