Зимни як ҷаласаи вакилони шаҳри Душанбе, шаҳрдорӣ пешниҳод кардааст, ки бо дастгирии соҳибкорон ва роҳбарони бозорҳои давлативу хусусӣ дар моҳи шарифи Рамазон нархи маҳсулоти мева ва хӯрокворӣ то 15-20 дарсад пойин карда шавад.
Аз ҳукумати шаҳри Душанбе иттилоъ доданд, ки ин иқдом ҳамагӣ барои як моҳи Рамазон пешбинӣ шудааст ва ҳамзамон иҷрои он ҳам таҳти назорати комиссияи махсуси ҷамъиятӣ вогузор мешавад. «Ҳоло ин танҳо як пешниҳод аст, баъди ду рӯз қарори шаҳри Душанбе дар ин бора қабул мешавад.
Имрӯз ба роҳбарони бозорҳо ва соҳибкорон дастур дода шуд, ки нарху наворо дида бароянд ва баъдан қарори шаҳрдорӣ мебарояд. Савдогарони бозорҳои мазкур бо назардошти пойин бурдани нархи маҳсулоташон як моҳ аз пардохти маблағи ҳаррӯза ва якмоҳаи бозоршинӣ озод мешаванд». Ҳар сол дар Тоҷикистон дар моҳи Рамазон нархи маҳсулот, бахусус маводи ғизоӣ баланд мешавад.
Ҳамакнун ин навбат шаҳрдорӣ тасмим гирифтааст, ки беш аз 10 номгӯйи маҳсулот, тарбуз, равған, гӯшт, орд, чанд намуд мева, сабзавот ва ғайраро каме пойин барад.