Categories Uncategorized

Исфара ҳабс кард, Хуҷанд озод кард!

Чанд дақиқа пеш Воҳидхони Қосиддин аз ҳабси маъмурӣ озод шуд!

Чи тавр пештар хабар дода будем, вакили Воҳидхони Қосиддин, Файзинисо Воҳидова аз болои қарори судяи Суди шаҳри Исфара Ғаниев Комилҷон, ки оқои Қосиддинро ба майдаавбошӣ ба 15 рӯз ҳукми маъмурӣ дода буд, ба коллегияи Суди вилояти Суғд шикояти касатсионӣ бурд.

Коллегияи суди вилоятӣ дар ҷаласаи ин пагоҳинаи худ ин қарори Ғариевро бекор карда, Воҳидхони Қосиддинро озод кард.

Ба мо худи оқои Қосиддин нақл кард, ки ӯ аз муомилаи кормандони шӯъбаи корҳои дохилӣ шикояте надорад, зеро онҳо дар муддати як шабонарӯз бо вай муносибати хеле хуб карданд. 

More From Author

You May Also Like