Categories Uncategorized

Масъули ҲНИТ дар шаҳри Хоруғ дар боздоштгоҳи амниятӣ ошкор шуд

Маҳмадалӣ Ҳайит, муъовини раиси Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон мегӯяд, ки Шерик Карамхудоев, масъули бахши ин ҳизб дар шаҳри Хоруғ дар боздоштгоҳи Кумитаи амнияти Тоҷикистон дар Душанбе ошкор шудааст.

Ба гуфтаи оқои Ҳайит, ҲНИТ расман аз Кумитаи амният дархост карда буд, ки дар бораи сарнавишти оқои Карамхудоев рӯшанӣ андозад ва ахиран маъмурони амниятӣ дар ин замина посух додаанд.

Бар пояи иттилоъи маъмурони амниятӣ, Шерик Карамхудоев аз сӯйи ниҳодҳои амниятӣ дар шаҳри Хоруғ боздошт ва ба боздоштгоҳи Кумитаи амнияти Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе интиқол шудааст. Иллати боздошт ва иттиҳомоти ворида то ҳол эълом нашудаанд.

Рӯзи душанбеи 7 август Маҳмадалӣ Ҳайит изҳор дошт, ки оқои Карамхудоев аз рӯзи 24 август, нопадид аст. Тибқи иттилоъи пайвандони оқои Карамхудоев, вай дар рӯзи нахусти амалиёт боздошт ва ба боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе интиқол ёфтааст.

“ВВС”

More From Author

You May Also Like