Бозор Собир, ки гуфта мешуд, аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон даъвати мулоқот бо аъзо ва ҳаводорони ин ҳизбро дастрас кардааст, гуфт, ин таклифро рад кардааст.
“Маро ба исломиҳо чӣ кор? Намеравам, ман бо исломиҳо чӣ ҳарф мезанам? Онҳо муллоанд, ман шоир, байни мо чизе нест.”- гуфт ӯ.
Шоири маъруфи тоҷик изҳороти ахирашро дар бораи зарурати бастани нашрияҳо дар Тоҷикистон шарҳ дода, гуфт: “Бояд тамоми нашрияҳои мустақил дар дохили Тоҷикистон баста шаванд, зеро онҳо ба ҷузъ иғво навиштан дигар рисолате надоранд. Озодии баён миёни мардум, дар кӯчаву дар минбарҳои дигар аст.”
“Дар ҳар як нашрия танҳо акси ришдорҳоро мебинед, тамом. Риш, риш, риш… чӣ бало риш аст. Дар нашрияҳои давлатӣ ҳам акси риш аст…”- афзуд ӯ.
Бозор Собир ҳоло дар хонаи сеҳуҷраӣ, дар хиёбони Исмоил Сомонии шаҳри Душанбе, ки президент Эмомалӣ Раҳмон баъди бозгашташ ба Ватан туҳфа кард, истиқомат дорад.
Ӯ дар тӯли ин ду моҳ, ки дар Тоҷикистон аст, ҳатто боре ба зодгоҳаш – Файзобод нарафтааст.
Ӯ мегӯяд, вазъи саломатӣ ва шароити моддияш хуб аст. Ҳамроҳи хоҳари ягонааш зиндагӣ дорад.
Фақат ӯ наметавонад беиҷозат ва бемашварат бо Низом Қосим, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва шоир, бо журналистон суҳбати муфассал кунад.
Мегӯяд: “Ҳар саволе, ки доред, ба Низом Қосим фиристед…”
Иқтибос аз матлаби “Бозор Собир дар бораи интихобот ва вохӯрӣ бо ҲНИТ”, “TojNews”