Categories Uncategorized

Ирландия аз идомаи бозӣ дар ҷоми «Евро 2012» маҳрум шуд

Тими футболи Ирландия аввалин шуда, аз ҳаққи идомаи бозӣ дар ҷоми «Евро 2012»маҳрум шуданд.

Футболбозони Испониё шоми 14 – июн тими милли Ирландияро дар шаҳри Гдански Лаҳистон бо ҳисоби чаҳор бар сифр шикаст доданд ва дар гурӯҳи худ соҳиби чаҳор хол шуданд.

Тими Итолиё бошад бо кӯшиши зиёд ба дарвозаи тими Хорватия як гол зад, вале Марио Мандзукич бозингари тими Харватия низ тавонист зарбаи ҷавобӣ дода ҳисоби бозиро 1 – 1 мусовӣ созад.

Бозии ин ду даста, Итолё ва Харватия  бо ҳисоби як бар як анҷом ёфт.

Акнун дар гурӯҳи С, Хорватия бо Испониё ва Итолиё бо Ирландия бозӣ хоҳанд кард.

More From Author

You May Also Like