Categories Uncategorized

Ф. Қиёмиддинов: «Ман мехоҳам, ки дар соҳаи микробиология ихтирооти илмӣ намоям»

Сӯҳбаторо: Абдулвоҳиди Ҷабборпур
nahzat.tj

Фарҳод Қиёмиддинов, шогирди синфи 11 аз Мактаби байналмиллалии шаҳри Душанбе, аз фанни биология дар олимпиадае, ки дар шаҳри Ҳюстон Иёлати Техаси Амрико рӯзҳои  2 – 7 майи соли ҷорӣ баргузор гардида буд, ширкат варзида, соҳиби медали биринҷӣ гардид. Хабарнигори мо бо ӯ сӯҳбате дошт, ки пешкаши Шумо мегардонем.

– Фарҳод, пеш аз ҳама шуморо ба муносибати соҳиби медали биринҷӣ шудан табрик мегӯем.
– Ташаккур аз шумо.
–  Бигӯед, ки ин аввалин олимпиада буд, ки шумо иштирок мекунед?  Ё аз ин пештар дар дигар чунин озмунҳои дониш сабқат карда будед?
– Аввал салому дуруди худро ба ҳамаи кормандони сомона ва кулли мусулмонони ҷаҳон мерасонам. Олимпиадаи Амрико аввалин набуд. Соли гузашта дар олимпиадаҳое, ки дар  ҷумҳуриҳои Гурҷистону Туркия баргузор шуда буданд, ширкат доштам. Ман, хушбахтона, дар  ин ду кишвар сазовори медали тилло гардидам.
Боз аз  ҳамсабаконатон дар ин олимпиадаҳои мазкур кӣ ширкат кард?
– Мо 12 нафар будем. Фақат аз ин 12 нафар 2 нафари мо; ману ҳамсабакам, Амонуллоҳ Абдуллоев пирӯз шудем.
Шуморо волидонатон бештар дастгирӣ менамоянд ва ё устодонатон?
– Ман ҳам аз волидонам ва ҳам аз устодонам дастгирӣ меёбам. Волидайн дасти кумаки хешро аз ман дареғ намедоранд ва устодонам бошанд, лоиҳаро ба ман пешниҳод мекунанд. Ман аз ҳамаи онҳо миннатдорам.
Пас аз хатми Мактаби байналмилаллии шаҳри Душанбе нияти ҳуҷҷатҳоятро ба куҷо пешниҳод кардаед?
– Ман ният дорам, ки ҳуҷҷатҳоямро ба Донишгоҳи Гирестон, ки дар Амрико воқеъ аст, фиристода, таҳсили худро он ҷо идома диҳам.
Пас аз хатми донишгоҳи мазкур фаъолити кориятро дар куҷо оғоз менамоед?
– Ҳамагӣ, ман дар он ҷо дар риштаҳои пизишкиву микробиёлогӣ 8 – сол мехонам. Албатта, 8-сол муддати зиёд аст. Ҳоло дар ин бора чизе гуфта наметавонам.
Агар барои шумо ҳуҷҷати шаҳрвандиро диҳанд ва шуморо чун шаҳрванд дар Амрико қабул кунанд, чӣ?
Албатта, бароям раводиди 8 сола медиҳанд, аммо агар манро ҳамчун шаҳрванд қабул кунанд ҳам, ман ин пешниҳодро рад мекунам. Зеро дар он кишварҳо мутахассисон бисёранд. Аммо дар кишвари мо мутахассисон хеле кам мебошанд.
Ман дар оянда мехоҳам беҳтарин мутахассис шуда дар ватани азизам кору фаъолият намоям.
Оё падаратон ҳамчун шумо микробиолог мебошад?
Падари ман дар асл омузгор мебошанд, вале ҳоло тарки касб намуда, ба корҳои тиҷоратӣ машғул мебошанд.
Касби модаратон чист?
Модари ман пизишк мебошад. Он кас ҳам мисли падарам тарки касб намуда, дар тарбияи фарзандон машғул мебошад (яъне хонашин мебошад).
Шумо дар оила чанд фарзанд ҳастед?
Мо дар оила чаҳор фарзанд мебошем.
Дар оянда чӣ орзуҳову умедҳо доред? Ва барои ҳамсабаконатон чӣ?
Ман мехоҳам дар соҳаи микробиология ихтирооти илмӣ намуда, ватани азизам Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ намоям.
Ман барои ҳамаи ҳамкасбонам ва ҷавонони тоҷик комёбиҳо орзуманд буда, ба онҳо гуфтаниям, кор кунед, меҳнат кунед ватанамонро обод кунед.
Дар охир аз иқдоми Сарвари давлат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хело сипосгузорам, ки ӯ ҷавонон – яндагони миллатро дастгирӣ менамояд.
Барои суҳбат ташаккур!
– Саломат бошед. Бори дигар ба кормандони сомона муташаккирам.

More From Author

You May Also Like