Ҳафтаи сипаришуда санаи 13 – 14 октябри 2012 тими таеквандочиёни наврас ба мақсади ширкат дар Мусобиқаи байналмиллалии таеквандо «Россия Опен – 2012», ки дар шаҳри Маскави Русия баргузор гашт, ба Маскав омаданд.
Бо роҳбарии Абдуҷабборов Ҷамшед, сармураббии дастаи наврасони Федератсияи таеквандои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастаи мунтахаби текавандочиёни навраси Ҷумҳурии Тоҷикстон дар ҳайати 5 нафар шогирдон; 1) Ворисов Насриддин дар вазни 58 кг, 2) Сиёвуши Шодизод дар вазни 48 кг, 3) Носиров Ҷамшед дар вазни 55 кг ва ду нафар духтарон; 4) Шукрона Шарифова дар вазни 49 кг ва 5) Ҷалилова Сайёра дар вазни 37 кг қувваозмоӣ намуда, маҳорату малакаи варзишии худро санҷиданд.
Пас аз хотимаи мусобиқа, Маркази фарҳангии «Нур» дар шаҳри Москав ҳайати дастаро шоми 15 октябр ба меҳмонӣ давъат намуда, доир ба фаъолияти варзишии наврасон дар Тоҷикистон ва рушди соҳаи таеквандо саволу посухҳо гузарониданд.
Аз он ҷумла, баъди вохӯрӣ бо ҳайати даста, намояндаи мо дар Маскав бо варзишгардухтарии тоҷик ва соҳиби медали биринҷӣ дар Бозиҳои олимпии наврасон дар Сингапур дар сабқати таэквон-до, Шукрона Шарифова, мусоҳибае анҷом додааст, ки пешкаши Шумо мегардонем.
– Шукрона, аввалан сафари варзишии Шуморо ба шаҳри Маскав ва бахусус ташрифатнро ба Маркази фарҳангии «Нур»-ро хайрамақдам мегӯем. Лутфан, иброз медоштед, ки аз синни чандсолагӣ ба ин намуди варзиш шуғл меварзед ва сазовори кадом унвону дастовардҳои варзишӣ ҳастед?
– Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон. Ташаккури зиёд. Мо якчанд нафар наврасон бо ҳамроҳии устодамон Абдуҷабборов Ҷамшед ба Маскав барои иштирок дар мусобиқаи байналмилалии таекван-до “Россия Опен – 2012”, ки дар майдони варзишии «ССКА» доир шуд, ширкат варзидем ва маҳорату малакаи варзишии худро санҷидем. Агар чанде ғолибият насиби мо нашуда бошад ҳам, вале иштирокамон дар қатори давлатҳои ҷаҳон Русияву Фаронса, Ироқу Сурия, Қазоқистону Ӯзбекистон ва дигар давлатҳои ҷаҳон худ бурде буд.
Ин сафари варзишии моро Роҳи оҳани Ҷумҳурии Тоҷикстон ва роҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, устод Муҳиддин Кабирӣ, сарпарастӣ намуданд, ки миннатдории хешро махсусан мерасонам!
Таеквандо дӯстдоштатарин намуди варзиши банда аст, ки аз сини 11- солагиам шӯғл меварзам.
Шукронаи Худованд, ки бо дастгирии волидонам дар ин намуди варзиш дар байни наврасон муваффақ ҳам шудаам ва ғолиби озмуни байналмиллалии олимпии Осиёи Миёна ва Тоҷикистон шуда, ному нишони миллатамонро баланд бубарам.
– Бо либоси исломие, ки дар тан доред, яъне ҳиҷоб, дар мусобиқаҳо чи дар сатҳи ҷумҳурӣ ва чи дар сатҳи байналмилаллӣ бароятон монеа эҷод накард?
– Аслан, ҳиҷоб набояд монеаи варзиш бошад! Ҳиҷоб либоси расмии ҳар фарди мусалмон ҳаст ва махсусан ҷавондухтарон. Онҳо бояд ба ин аҳамияти ҷиддӣ диҳанд!
Ҳиҷоб либоси миллӣ буда, ҳатто аз куртаи чакану атлас ҳам таърихи тӯлонитар дорад.
Дар Аврупо ва якчанд кишварҳое, ки сафарҳои варзишӣ доштам, бо ҳамин либосе дар тан дорам, ширкат варзидам. Ростӣ, ягон норозигӣ ва ё фишореро аз ҷониби доварони мусобиқа ва иштирокчиён надидам. Ин маъмулӣ шудааст ва ба чашми ҳамаи наврасону варзишгарон чизе аҷибе ҳам намерасад. Ҳама духтарони дастаи наврасони Ҷумҳурии Исломии Эрон низ ҳиҷобпӯш буданд. Фикр мекунам ягон ҷойи тарсу чизи аҷибе ҳам нест.
– Дар муассисаҳои таълимиву варзишии кишвар чӣ гуна аст?
– Мутаассифона, имрӯз ин воқеаҳое, ки зидди ба бар кардани ҳиҷоб дар муассисаҳои таълиму варзишӣ аст, фикр мекунам муваққатӣ мебошад.
Боварии комил дорам, ки он ҷавондухтарон ва занону модарони тоҷике, ки хоҳони либоси исломӣ дар кишвар ҳастанд, метавонанд дар оянда озодона ва бе монеа онро ба бар намоянд.
– Дар фаъолити варзишиат муваффақитҳо бурдбориҳоро таманно дорем.
– Ташаккур.
“nahzat.tj”