Categories Uncategorized

Марги афсари Вазорати дифои Тоҷикистон дар садама Вижа

Бино ба иттилои хабаргузориҳо дирӯз 23 июн дар километри 46-уми роҳи Душанбе-Чаноқ мошини КАМАЗ-и Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ба дарё афтида, як нафар ба ҳалокат расидааст.

“Озодӣ” гуфтааст, ки дар натиҷаи ин садама афсари вазорати дифоъ Баёнқул Холов ҳалок ва беш аз 30 тани дигар захмӣ шудаанд.

Вазорати дифои Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳодиса дар ҳоле рух додааст, ки дар рӯбарӯи “Камаз”-и ҳомили сарбозон, як худрав пайдо шудааст ва ронандаи саросема шуда идораи мошинро аз даст додааст ва мошин ба дарё сарозер шудааст.

Пас аз рух додани ин ҳодиса кормандони Вазорати дифоъ ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба ҷои ҳодиса расида, сарбозони маҷруҳшударо ба Бемористони вазорати дифоъ ва бемористони Қаряи Боло интиқол додаанд.

More From Author

You May Also Like