Categories Uncategorized

ФФТ беҳтаринҳои футболи Тоҷикистонро дар моҳи июн муайян кард Вижа

Натиҷагирии ҳар моҳаи Федератсияи Футболи Тоҷикистон доварони босалоҳият беҳтарин футболбоз, муррабӣ ва довари моҳи июнро муайян намуд.

Дар сомонаи расмии ФФТ омадааст, ки аз рӯйи натиҷаи моҳи июн беҳтарин футболбози чемпионат нимҳиямоятгари «Равшан»-и Кулоб, Дэвид Мауто ки аз кишвари Гана аст муайян шудааст.

Миёни муррабиён, роҳнамои «Энергетик»-и пойтахт, Тоҳир Мӯминов ва ҳамчунин довари беҳтарини сол Диловаршоҳ Орзуев номбар шудаанд.

Ин нафарон, имрӯз 4 июл дар ҳаҷми 500 сомонӣ ҷоизаи пулӣ хоҳанд гирифт.

Бояд гуфт, ки дар моҳи май бозингар, Виллер Соуза Оливейра, Никола Кавазович, собиқ муррабии мунтахаби Тоҷикистон ва довар, Равшан Ишматов ба унвони беҳтаринҳо ноил шуда буданд.

More From Author

You May Also Like