Наздик ба як миллион мусалмон дар Испания барои адои намоз ҳамагӣ 9 масҷид доранд, ба ҳамин далел аз набудани макони муносиб намози ҷумъаро бештар вақт дар хиёбонҳову роҳҳо адо мекунанд.
Ба гузориши хабаргузории “islamworldnews”, рӯзи ҷумъа барои миллионҳо мусалмон дар Испания рӯзест, ки мусалмонони ин кишвар барои гузаронидани намози ҷамоат ҳамеша ба мушкилӣ рӯ ба рӯ ҳастанд. Аз сабабе ки масҷидҳо дар ин кишвар теъдоди камеро ташкил медиҳанд, мусалмонҳо дар ин рӯз намози худро дар майдону хиёбонҳо адо мекунанд.
Дар робита ба ин мавзӯъ метавон мисолеро аз минтақаи Сон Рук дар яке аз шаҳрҳои ин кишвар зикр кард, ки дар ин минтақа мусалмонони покистонӣ ба сар мебаранд, ки онҳо низ аз набудани масҷид танқисӣ мекашанд. Онҳо барои адои ибодати худ майдони варзишиеро ба унвони макон барои адои намоз дар рӯзҳои ҷумъа интихоб кардаанд.
Дар баробари ин мусалмонони минтақаи Эликонти бошад, намози ҷамоати рӯзи ҷумъаро дар яке аз хиёбонҳо адо мекунанд. Ҳамин тариқ мусалмонони ин кишвар ҳар рӯзи ҷумъа ба чунин мушкилот рӯ ба рӯ ҳастанд. Ин дар ҳолест, ки ҳама сола теъдоди мусалмонҳо дар ин кишвар бештар мегардад.