nahzat.tj
Ба роҳиби шумнафас Терри Ҷонси амрикоӣ, ки соли гузашта намоишкорона авроқи Қуръони каримро сӯхта буд, олмониҳо раводид надоданд.
Ӯ бояд ба Олмон бо даъвати ташкилоти иртиҷоиву ростгарои «Pro Deutschland» («Барои Олмон») меомад. Ин созмон филми «Бегуноҳии Муҳаммад»ро дар сомонаи худ гузоштааст.
Омадани ӯ ба Олмон боиси нооромии ҷомеа ва бетартибиҳову тазоҳурот мегардид, зеро ин роҳиб ба замми он ки авроқи Китоби муқаддасро сӯзонда буд, дар эҷоди филми охирин дар бораи Паёмбар (сав) ҳамчун мушовири филми «Бегуноҳии мусалмонон» иштирок кардааст ва дар мусоҳибаҳояш муносибати манфии худро нисбат ба Ислом ва паёмбари он Муҳаммад (сав) зоҳир кардааст.