ДастаимунтахабиҷавононифутболиТоҷикистондарҶомиИттиҳод-2013 аз тими Молдова бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрд.
Баъди бохт аз тими Литва дар даври чорякниҳоӣ, рӯзи ҷумъа, 25-уми январ тими
ҷавонони футболи Тоҷикистон дар вохӯрӣ барои ҷойҳои 5- 8-ум баҳамсолони худ аз Молдова бозиро бо ҳисоби 1:3 бохтанд.
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар ин бозӣ бо чунин ҳайат ба майдон баромада буд: Фаррух Бердиев, Фуруғ Қодиров, Алишер Шарифов, Сиёвуш Асроров, Руслан Тиллоев, Нуриддин Давронов (капитан), Ҷамолиддин Зардиев, Ҷаҳонгир Эргашев, Аҳтам Назаров, Шодибек Ғаффоров, Фирдавсӣ Қурбонов.
Аввалин шуда ҳисобро дар дақиқаи 12-ум ҳамлагари тими Молдова Карп Кэтэлин боз кард. Дар охири қисми аввал футболбози тоҷик Фирдавсӣ Қурбонов
ҳисобро баробар кард.
Вале дар нимаи дувуми бозӣ, дар дақиқаи 56-ум, боз Карп Кэтэлин дастаи Молдоваро ба пеш баровард. Даҳ дақиқа пеш аз анҷоми вохурӣ Николай Немеренко голи севвуми дастаи Молдоваро ба дарвозаи тими мо ворид намуд.
Ба ин тартиб дар рӯзи охирини мусобиқа, 27-уми январ дастаҳои Қазоқистон ва Молдова барои ҷойҳои 5-уму 6-ум, тимҳои Узбакистон ва Тоҷикистон барои ҷойҳои 7-уму 8-ум талош хоҳанд кард. Барои ҷойҳои 3-4-ум дастаҳои Беларус ва Литва қувваозмоӣ мекунанд.
Барандаи Ҷоми Иттиҳод-2013 дар бозии ниҳоӣ миёни дастаҳои Русия ва Украина муайян хоҳад шуд.