Categories Uncategorized

Тими футболи “Хайр” сармураббии худро интихоб кард

Рустам Хоҷаев, сармурабии ҷадиди тими футболи “Хайр”-и шаҳри Вҳдат таъин шуд.

Ӯ бозингари собиқи тими миллии Тоҷикистон буд ва ҳамчунин ба унвони мураббии тими “Истиқлол” – Душанбе  фаъолият кардааст ва дорои муҷаввизи дараҷаи “В” мебошад.

Рустам Хоҷаев иҷрокунандаи ин вазифа Исроил Идиевро иваз кард. Исроил Идиев ба далели надоштани муҷавизи мураббии дараҷаи ‘В’ ҳаққи дарёфти унвони сармурабии ин тимро надошт.

Қутбидин Хайров раҳбари тими “Хайр” мегӯяд, ки Исроил Идиев фаъъолияти худро ба ҳайси мураббии ин тим идома хоҳад дод.

Ёдовар мешавем, ки сармураббии пешини даста Юсуф Абдуллоев баъди бохти “Хайр” ба “Истиқлол”-и Душанбе бо ҳисоби 1 – 3 истеъфо дода буд.Ӯро то анҷоми давраи аввали мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон Исроил Идиев, мураббӣ-бозингар, иваз кард. Баъди анҷоми давраи аввали мусобиқоти лигаи олии “Хайр” бо 17 имтиёз дар ҷойи севум қарор дорад.

More From Author

You May Also Like