Categories Uncategorized

Вокуниши Эрон ва Русия алайҳи таҳримҳои Амрико ба Эрон

Ҷумҳурии исломии Эрон дар нахустин вокуниш нисбат ба тасвиби лоиҳаи ташдиди таҳримҳо муддаъӣ шуд, ки ташдиди таҳримҳо ба печидатар шудани мавзуи ҳастаӣ ва сахттар шудани ҳалли он мунҷар мешавад.

Аббос Ироқчӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон дар вокуниш ба тасвиби лоиҳаи ташдиди таҳримҳо дар маҷлиси намояндагони Амрико, сиёсати ташдиди таҳримҳоро сиёсате шикастхӯрда баршумурд.

Ба гузориши “persian.rfi.fr”, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон таъкид кард, ки танҳо таъсире ки дар пай хоҳад дошт сахттар ва печидатар кардани ҳаллу фасли масоили мавҷуд аст ва ин роҳ ҳеҷ осониро барои ҳалли масоил марбута ба роҳ монда наметавонад.

Русия низ дар вокуниш ба тасвиби лоиҳаи ташдиди таҳримҳо, Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро ба афзоиши фишор бар иқтисоди Эрон муттаҳам кард.

Муовини вазири умури хориҷаи Русия афзуд, ки Русия бар ин бовар аст, ки Шӯрои амнияти СММ чанд қатъномаи ҳовии таҳримҳоро алайҳи Эрон ба тасвиб расонида, ки барои манъи густариши силоҳи ҳастаӣ комилан мутаносиб ва кофӣ аст.

More From Author

You May Also Like