Тибқи навиштаи сомонаҳои Рузия муноқиша ва занозании дастаҷамъона миёни тоҷикону озарбойҷониҳо дар анбори захираи сабзавоти шаҳри Екатеринбурги Русия ба вуқӯъ пайваст.
Бояд гуфт, ки иштирокчиёни муноқиша бо яроқи оташфишон, корд ва дигар лавозимоти ҳуҷум мусаллаҳ будаанд, ки чанде аз онҳо бо истифода аз таппончаи ҷароҳатдеҳ дасту пои ҳамдигарро захмӣ карданд. Дар натиҷа беш аз 30 нафар иштирокчиёни муноқиша боздошт ва ба шуъбаи пулис равона шуданд, сабаби ин ҷангҷол, яъне фурӯшандагон бо боркашон, барои ҷойи фурӯши сабзавоту мева будааст.