Categories Uncategorized

Як хонаводаи норвегӣ мусалмон шуд

Аъзои як хонаводаи норвегӣ, ки барои сафар ба Туркия рафта буданд, пас аз шунидани тиловати Қуръон ва рафтори хуби мусалмонҳо, дар масҷиди ҷомеи яке аз шаҳрҳои ин кишвар мусалмон шуданд.

Тибқи хабаргузории “m-salah.blogfa”, ин хонавода барои мусофират дар айёми таътил ба шаҳри Мормориси Туркия мусофират карда буданд, ки дар дидор аз масҷиди ҷомеи ин шаҳр ва шунидани тиловати 20 дақиқаии Қуръон дар ин масҷид таҳти таъсири садои дилнишини Қуръон қарор гирифта ва аз бархӯрди хуби мусалмонон бо онҳо ба Ислом рӯй оварданд.

Тавре дар гузориш омада, ҳангоме ки тиловати Қуръон ба итмом расид, тамоми аъзои ин хонаводаи норвегӣ дар ҳоле ки гиря мекарданд, аз қории Қуръон дархост карданд, ки иттилооти бештаре дар бораи Ислом дода ва онҳоро мусалмон кунад.

Яке аз узви ин хонавода гуфтааст, ки замоне ки Қуръон гӯш мекардам, эҳсоси сабукӣ дошта ва воқеан эҳсос озодӣ мекардам. Ман имрӯз метавонам бигӯям, ки ман хушҳол ҳастам, ки Исломро ба унвони дини худ интихоб кардам ва хонавода ҳам аз рӯи озодӣ ин интихобро кардаанд.

More From Author

You May Also Like