Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода: Банда ба ин фикр ҳастам, ки дар Тоҷикистон барои қабули чунин қонун ҳеҷ зарурат набуд. Зеро ҳар як падар ва ё модар фарзанди худро дӯст медорад. Дӯст доштани фарзанд ин як ғаризаи инсонист ва ҳар падару модар инро дорад. Масъала бояд эҳтироми фарзанд ба падару модар мебуд, ки кори душвор аст. Агар мо тибқи қонунгузорӣ фарзандҳоро маҷбур мекардем, ки падару модари хешро эҳтиром кунанд, онҳоро ба хонаҳои пиронсолон нафиристанд, бепарастор ва бекӯмаки моддӣ нагузоранд, аз сӯҳбати худ маҳрум накунанд ва барои ин корҳо агар масъулият таъйин мекардем, ҳатто ҷазо медодем, ин беҳтар буд. Аз тариқи қонун маҷбур кардани падару модарро ҷиҳати дӯст доштани фарзанд кори бефоида аст, балки ба таъбири тоҷикӣ ғайриоқилона аст ва зарурат бар ин кор нест. Дигар ин ки дар моддаи 12-и лоиҳаи мазкур зикр мешавад, ки дар ҳолати иҷро накардан ё ба тариқи дахлдор иҷро накардани ӯҳдадориҳое, ки дар қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, падару модар тибқи қонунгузории кишвар ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Дар Тоҷикистон ҳудуди як миллион муҳоҷир дорем, ки бештари вақт дар манзил нестанд, дар Русия ҳастанд. Онҳо имкон надоранд, ки фарзандони худро назорат кунанд. Дар ин маврид ҷавобгарӣ ба гардани кӣ меафтад? Қонун гуфтааст, ки ё падар ва ё модар. Пас ҳатман ин масъулият болои модар меафтад, модари бечорае, ки машғули пайдо кардани ризқ барои ин фарзанд аст. Агар фарзанд дуруст нахонад ва ё ба масҷид равад, падару модар ҷавобгаранд, зеро дар лоиҳаи қонун омадааст, ки фарзандони то 18-сола бояд масҷид нараванд. Пас, ин ҷо ҳам падару модар ҷавобгар аст. Фарз кардем, фарзанд масҷид рафт, падару модарро чӣ гуна ҷавобгар мекунанд? Оё фикр кардаанд, ки дар ҳолати фақр ва нодорӣ аз куҷо онҳо ин қадар маблағи ҷаримаро ёфта пардохт мекунанд?
Он чизе ки ин қонун талаб мекунад, воқеъан, як дахолати ошкор ба ҳаёти шахсии афрод аст. Моддаи 1-и лоиҳаи ин қонун ноболиғ гуфта фарзанди то 18- соларо дар назар дорад. Яъне фарзанди ба синни 18 нарасида, агар масҷид рафту намоз хонд, намози таровеҳ ва ё намози ҷумъа ва намози ид хонад, падару модар ба ҷавобгарӣ кашида мешавад. Табиъист, ки қабули ин қонун ихтилофи шадид миёни фарзанду падар, миёни ҳукумат ва ҷомеъаи мусулмонии кишвар эҷод мекунад. Тибқи талаботи шариъат, падару модар вазифадоранд, ки фарзандро аз хурдсолӣ, ҳатто аз ҳафтсолагӣ намозхон кунад ва ба масҷид барад. Ва ягон нафар ҳам аз масъулини масҷидҳо имому хатиб ҳақ надорад, ки ҷавони аз даҳсола болоро аз намоз дар масҷид манъ кунад. Аммо дар лоиҳаи қонуни мазкур омадааст, ки имомҳову домуллоҳо фарзандони аз 18-сола поёнро ба масҷид қабул накунанд. Худо мегӯяд, ки билъакс аз даҳсола болоро аз ибодат манъ накунед, на танҳо манъ накунед, онҳоро ба масҷид биёред, даъват кунед. Падару модарро вазифадор мекунад, ки фарзандро ба масҷид барад.
Пешниҳоди мо ин аст, ки бояд ин қонун қабул нашавад. Агар қабул ҳам шавад, он чанд банде, ки ба масъалаи иштироки ҷавонҳо дар масҷид таъаллуқ дорад, бекор карда шавад ва низ аз гирифтани маълумоти ибтидоии динӣ мардумро маҳрум насозанд. Худо накарда, агар ин қонун қабул шавад, акси садои ин баъд аз чанд сол маълум мешавад. Ва на танҳо норозигии ҷомеъа зиёд мешавад, балки насли наврас аз дин дур мешавад. Он насли наврасе, ки ба Худо бовар надорад, ба рӯзи қиёмат ва дӯзаху ҷаннат бовар надорад, ҳеҷ гоҳ масъулиятшинос нахоҳад шуд. Дар дурнамо мебинед, ки ин гуна насл ба сари падару модар ва бар сари мансабдорҳо чиҳо меоранд. Ҷавонҳои бедин, онҳое, ки аслан ҳеҷ гуна муқаддасот надоранд, тавре тарбия меёбанд, ки барои ҷомеъа нафарони хатарноктарин хоҳанд шуд.