Categories Uncategorized

Ҳамлаи нерӯҳои Сурия ба донишгоҳи Ҳалаб

Фаъолони Сурия мегӯянд, нерӯҳои давлатӣ дар ҳамла ба иқоматгоҳҳои донишҷӯёни донишгоҳи Ҳалаб дастикам 4 танро ба ҳалокат расониданд.

Ба гузориши “voanews”, ин ҳама дар ҳолест, ки нозирони СММ барои поён додан ба хушунат дар ин кишвар идома медиҳанд. Гурӯҳҳои тарафдори ҳуқуқи башар гуфтаанд, ки нерӯҳои давлатӣ дар ҳамлаҳои шабона ба донишгоҳи Ҳалаб, дар пайи як эътирози давлатӣ бо истифода аз гази ашковар ва тирпарронӣ, дастикам 200 нафар донишҷӯро боздошт карданд.

Ба гузориши “Фаронса”, нерӯҳои давлатӣ ду ҳамлаи дигарро дар Димишқ ба анҷом расониданд. Дар баробари ин чандин нозири СММ аз минтақаҳои Ҳамс ва Ҳумо дидан карда ва кӯшиш доранд, ки давлат бо шӯришиён тавофуқномаи отшабасро риоя намоянд.

Гузоришгари “Садои Амрико” дар Ховари Миёна ҳамроҳи нозирон ба ин минтақа рафта, саҳнаҳое аз вайрониҳои зиёдеро дидааст. Дар ин росто сарпарасти норвегии ҳайати СММ дар Ҳумо ба хабарнигорон гуфт, ки умедвор аст, ҳузури нозирон таъсири хубе барои ором кардани вазъ дар ин кишвар дошта бошад.

More From Author

You May Also Like