Categories Uncategorized

Қарзи беш 2 миллиардаи ҳукумат ва қасрҳои вазирону мушовирон

Бино ба иттилои мақомоти расмии Тоҷикистон қарзи хориҷии кишвар то 1-уми июли соли равон  ба 2 миллиарду 127 миллион доллар баробар шудааст. Қарзи хориҷии Тоҷикистон хабари нав нест, аммо зам шудани, он мояи нигаронӣ аст.

Соли 2011 Сафаралӣ Наҷмиддинов зимни як нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон таскин медод, ки қарзи хориҷиро Тоҷикистон давоми 50 сол ва бештар аз ин бояд гардонад. Аз ин рӯ ягон мояи нигаронӣ нест. Аммо, ки мегӯяд, ҳукумате ки имрӯз ин қарзҳоро мегирад, баъди 50 сол ҳам бошад аз кадом ҳисоб ҳукумати баъди бояд ки пардохт кунад? Ё то ҳамон 50 сол ва баъд аз он Тоҷикистонро қарзҳои дигар интизор аст? Ё он вақт ҳукумати оянда ҳуқуқ дорад, ки қарзҳоро аз ҳисоби дорои ва қасрҳои имрӯзаи аъзои ҳукумати феълӣ пардохт кунад? …. ва даҳҳо саволе дигароро аз воқеият мешавад далел овард. Аммо, ҳоло назари коршиносонро дар қиболи ваъдаҳои Сафаралӣ Наҷмиддинов мешунавем.

Раҳматҷон Ҳафизов таҳлилагари масоили иқтисодӣ мегӯяд, ки пайомади ин ду миллиард қарз он аст, ки ҳар сол аз ҳисоби бюҷет яъне пули мардум ва халқ бозгардони фоизи онҳо зиёд мешавад. Ба ин маъно, ки ҳар қарзи хориҷӣ барои як давра ва мӯҳлати муайян ва бо фоизи муайян дода мешавад. Тайи чаҳор панҷ соли ахир маблағи ҷудомешуда барои фоизи ин қарзҳо бамаротиб афзуда истодааст.

Ин маблағе, ки ҷудо мешавад аз ҳисоби буҷет, яъне ҳамон андозбанидҳои зиёд аст. Агар ин мимқдор қарз набошад камтар фоиз ҷудо мешуд.

Ашрафиддини Ҷалолиён аъзои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва муҳоҷири муқими шаҳри Санкт-Петерург ҳам қарзҳои ҳангуфти Тоҷикистонро, чандон хушоянд намедонад. Зеро ба назари вай вақте қарз аст, ҳатман ки вобастагиҳо ҳам мавҷуд аст. Ҳамсӯҳбатам мегӯяд, қарзе ки ҳоло Тоҷикистон дорад, болои сарнавишти на танҳо миллат, ҳатто давлат осебпазир аст. Зеро Тоҷикистон он нерӯеро аз лиҳози иқтисодӣ ва тавлидотӣ надорад, ки заминаи баргардонидани онро дошта бошад. Дуввум вақте қарз аст, вобастагӣ аз ҳар кишвари қарзгиранда манфӣ аст.

Кишварҳое, ки қарзи хориҷии кам доранд, онҳо имкони бештари рушдро ноиланд. Барои мисол Тошканд ва Остона, ки хело пешрафт кардаанд. Аммо Тоҷикистон чӣ, қарз ними буҷаи онро мехӯрад.

Ба таъкиди Раҳматҷон Ҳафизов қарз ҳарчӣ камтар бошад барои хидматрасонӣ ба ин қарз пул аз бюҷет камтар ҷудо мешавад. Вале масъалаи асосӣ ин аст, ки сарфи ин қарзҳо ба таври шаффоф ва дар ҷойи даркорӣ сурат намегирад. Агар ин мимқдор қарз набошад, камтар фоиз ҷудо мешуд.

Он ба ҷайби чанд нафар меравад вале дарсадӣ ва ё фоизи он аз ҳисоби бюҷети давлат пардохта мешавад. Бюҷети давлати Тоҷикистон тавони ба ин қадар қарз хидмат кардан яъне бо фоиз додан надорад Ин ҳама  зуракӣ анҷом дода мешавад.

Хуршед Манаимов устоди донишгоҳ мегӯяд, ки тассуфовар аст ки вақте ҳукумат даҳҳо миллион доллар қарздор аст, аммо дар ҳар як хиёбонҳои марказии душанбе пайвандони роҳбари давлат, вазирону мушвоирон соҳиби қасрҳои ғароибе мешаванд. Пас онҳо аз куқо маош меёбанд, аз муҳоҷират аз русия. Қарзҳоро аз ҳисоби ана ҳаминҳо бояд ки ҷуброн кард.

Қарзи беш 2 миллиардаи ҳукумат ва қасрҳои вазирону мушовирон дар чашми мардум, бозгуйи воқеоти ҷомеаи капитлистии кишвар аст ё хайр?

More From Author

You May Also Like