Categories Uncategorized

Бардоштҳои иҷтимоӣ аз дин

Дин ба инсон ҳамчун як узви ҷомеа чӣ таъсире мерасонад? Дар масъалаҳои фарҳангӣ, аз чӣ ҷойгоҳе бархўрдор аст? Дар равобити гуногуни сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ дин чӣ нақше дорад? Ва ғайра… Дин воқеиятест, ки бо зиндагии мо омехтааст, аммо на ҳама вақт онро шинохтаем. Аҷдодони мо чӣ дар гузаштаҳои дур ва чӣ дар ҳазорсолаи наздик пайрави дин буда, дар тамоми шодию ғами худ аз он баҳра гирифтаанд ва худи мо низ ҳамчунин. Ростӣ, чаро бояд дар ин мавзўъ ва бо ин сабк сухан бигўем? Ба назар мерасад вазъияти илмии ҷомеа ва сатҳи фаҳмишу шинохти динии мо дар сатҳе қарор гирифтааст, ки аз ҳар назар бояд мавриди таваҷҷўҳ қарор гирад. Маънои ин сухан он нест, ки дар таҷрибаи илмии мо мавзўи таҳқиқу шинохти дин ё мазҳаб, махсусан динҳо ва мазҳабҳои дигар матраҳ набудааст. Балки он таҷрибаи қавии илмӣ ва он андешаи фарохи гузаштаро имрўз надорем. Дар давраи ҳукумати амирони манғит ва сипас дар тамоми давраи ҳокимияти Иттиҳоди Шуравӣ ҷомеаи мо дар як вазъияти ногувори динӣ қарор дошт. Яъне мо фақат дар бораи дину мазҳабе шинохт доштаем, ки ё худ ба он эътиқодманд будаем ва ё дину мазҳаби расмии мо ба ҳисоб мерафтааст. Дар ҳақиқат он таҷрибаи илмӣ-мубоҳисавии гузаштаи худро, ки самараи он ҳазорон ҷилд китоби арзишманди илмӣ дар мавзўъҳои гуногуни диншиносӣ ва дигар масъалаҳои илмӣ будааст, дар ин 150-200 соли охир аз даст додаем. Акнун шароити имрўзаи ҷаҳонӣ аз як тараф ва масъалаи ҳифзу нигоҳдории арзишҳои динӣ-мазҳабӣ аз тарафи дигар донишмандон, махсусан устодон ва муҳаққиқони моро водор месозад, то ба мавзўи дин ва диншиносӣ беш аз ҳар замони дигар аҳамият қоил шаванд. Мардуми мо то он вақте ки дар дохили марзҳои шуравӣ рафту омад дошт дар бораи масъалаҳои динӣ ҷуръати баҳсу мунозираи камтар дошт ва мушкилоташ низ чандон печида набуд. Вале ҳоло шароити мусофирату саёҳат ва озодии дину ақида барояш муяссар шудааст. Акнун ҳаряк шаҳрванди тоҷик метавонад ба ҳар кишваре, ки дилаш бихоҳад сафар намояд ва табиист, ки дар ин мусофиратҳо бо динҳою ақидаҳои гунгогун рў ба рў шуда ва ё мешавад. Яъне он ҷомеаҳоро таркибёфта аз эътиқодот ва арзишҳои диние меёбад, ки бо эътиқодоти ў фарқияти бисёр доранд. Бояд тазаккур дод, ки ҳанўз дар даҳаҳои ҳаштодум ва навадуми асри гузашта пешбинии ҷомеашиносон ва сиёсатмадорон ин буд, ки яке аз хусусиятҳои асри оянда рушди фаъолиятҳои динист! Масалан, агар кишвари дўст ва ҳамзабону ҳамфарҳанги Иронро дар назар бигирем, ҳар гоҳ шахсе аз Тоҷикистон ба он кишвар сафар намояд, пас аз баргаштанаш аз ҳар хусус сўҳбат кунад ҳам, боз саволи асосӣ ва ҷавоби асосияш масъалаи динӣ ва мазҳабии он сарзамин хоҳад буд. Чунки эътиқодоти мазҳабии ирониён (албатта, на ҳамаи онҳо)-ро бо эътиқодоти ҷомеаи худ муқоиса карда, онҳоро аз ҳамдигар ҷудо ва мутафовит ёфтааст. Ё агар ба ҳамин ҷомеаи худамон назар кунем, як бахши он пайрави мазҳабе ҳастанд, ки бо мазҳаби аксарияти ҷомеа фарқ мекунад, аммо ҳамин мазҳаб низ барои мо ношинохта боқӣ мондааст. Илова бар матолиби зикршуда, рафторҳо ва ҳаракатҳое баъзан дар ҷомеа рух дода истодааст, ки мавриди ташвиши мардум, уламо ва сиёсатмадорони кишвар гаштааст. Ин гуна мавридҳост, ки масъалаи дин ва мазҳаб ба сурати як мушкила ошкор мешавад. Яъне аз худ савол мекунанд, ки чаро баъзе мардуми тоҷик ё қисмате аз онҳо чунин андешаву ақида дошта ва ё чунин амал мекунанд ва дигарон ба шакли дигар? Ин навъ пурсишҳо ё рўбарў шуданҳо бо динҳою мазҳабҳои дигар метавонад бо шаклҳо, ҳадафҳо ва ё бо нигоҳҳои гуногун анҷом шавад, ки метавон онро чунин хулоса кард: 1- Бо нигоҳи як тарафа ва пайравона нисбат ба як дин бо мақсади исботи эътиқодоти худ ва радди бардоштҳои динии дигарон. 2- Бо нигоҳи муҳаққиқона ба дин ё динҳо бо мақсади шинохти беҳтари онҳо ва ғайра. Яке аз мушкилаи асосии ҷомеаи мо масъалаи татбиқсозии аҳком ва дастуроти Қуръони карим дар зиндагии рўзмарраи мардум мебошад. Дар донишгоҳҳо ва донишкадаҳои кишвар ва ҳатто дар миёни уламои муҳтарами дин низ диншиносии татбиқӣ, ҳамчун як дониши лозима ношинохтааст. Ҳамчунин вазъияти мавъизаҳои динӣ на ҳама вақт бо услубу равиши мулоим ва мақбул анҷом мегардад. Яъне воизон дар баъзе ҳолатҳо ҳангоми суханронӣ масъалаи равонӣ ва сатҳи фаҳмиши мардумро камтар дар назар мегиранд. Хушбахтона, ҷомеаи мо аз назари муҳити таблиғоти динӣ-мазҳабӣ шароити нисбатан озодтаре дорад, ки аз ин вазъият пайравони динҳои масеҳӣ, будоӣ, зардуштӣ, ва пайравони мазҳабҳои исломии ғайри ҳанафӣ истифода карда, андешаҳо ва эътиқодоти худро дар шаклҳои гуногун матраҳ карда ва мекунанд. Ин аз як тараф хуб аст, ки мардуми мо бо ин навъ эътиқодоту ҷаҳонбиниҳо ошно мешаванд, аммо аз тарафи дигар ҷомеаи мо ҳанўз барои ин гуна вазъ шароити мусоид надорад. Ҳамон гуна ки зикр шуд, мо бо далелҳои таърихӣ, сиёсӣ ва фарҳангие, ки дар ин 150-200 соли ахир аз сар гузарондаем, вазъияти равонии муносибе барои чунин гуногун ақида шудани ҷомеаамон надорем. Бинобар ин агар бо эҳтиёт ва шинохти дуруст ба масоили динӣ таваҷҷўҳ накунем, мумкин аст, оромишу суботи ҷомеа баҳам резад. Аз ин рў беҳтар аст, то дар донишгоҳҳо ва марказҳои илмии кишвар аз мутахассисони хуби динӣ баҳра бурда, аз таҷрибаи кишварҳои пешрафта дар ин замина истифода намоем. “Рисолат”

More From Author

You May Also Like