Categories Uncategorized

Баъзе ёддоштҳо дар ҳошияи анҷумани навбатии ҲНИТ

Абдуллоҳи Раҳнамо

Анҷумани навбатии ҲНИТ, ки дар моҳи сентябри 2011 доир гашт, ҳамчун як ҳодисаҳои сиёсӣ таваҷҷӯҳи зиёди маҳфилҳои сиёсию хабарии дохиливу хориҷиро ба худ ҷалб намуд. Ин сатҳи таваҷҷӯҳ пеш аз ҳама аз омилҳое чун аҳаммияти худи масъалаи ислом, ҳассосияти мавзӯи ҳизби сиёсии динӣ дар ҷомеа, хусусиятҳои муносибати дину давлат, мураккабии вазъи сиёсии минтақа ва ҷаҳон ва ғайра бармеомад. Банда низ дар ин анҷуман ба ҳайси меҳмону коршинос иштирок дошта, баъзе мушоҳидаю мулоҳизаҳои худро дар тӯли анҷуман ва пас аз он барои худ ёддошт намуда будам. Вале чун дар матбуоти даврӣ баъзе баҳсҳо дар атрофи кору мӯҳтавои ин анҷуман ҳамоно идома доранд, зарур донистам, ки бахше аз ёддоштҳои шахсии банда низ дастраси алоқамандони ин мавзӯъ қарор гирад.

Ва аз ҳамин оғоз бояд зикр шавад, ки матлаби зер на аз мавқеи ҷонибдорӣ ё мухолифат бо ин ё он иштирокчии раванди сиёсии кишвар, балки сирфан аз назари шахсию диди коршиносӣ таҳия шуда, дар он талош рафтааст, то ба ин саволи меҳварӣ посух диҳем, ки дар ин марҳила ва дар ин раванд манфиати кишвар, манфиати мардум, манфиати ҳукумат ва манфиати худи ин ҳизб пеш аз ҳама дар чист? Ва чӣ басе нуктаҳое, ки манфиати ҳамаи онҳо бисёр наздик ва ё комилан муштарак аст. Ва бисёр муҳимм аст, ки дар канори огоҳӣ аз тафовутҳо, ин умумияту муштаракиҳо низ дуруст шинохта шаванд.

Ёддошти 1: ҲНИТ дигар фақир нест: нигоҳе ба сатҳи баргузории анҷуман

Дар анҷумани навбатии ҲНИТ кори ташкилӣ ва таҳияи имконот дар сатҳи баланд ба роҳ монда шуда буд. Ороиши бошукӯҳи толор бо салиқаи муосир (бо сабки ҳунару рангомезии постмодерн), таъмини воситаҳои аёнӣ ва имконоти электрикию электронӣ, таъмини гӯшиҳои фардӣ бо тарҷумаи ҳамзамон (синхронӣ) ба забонҳои русӣ, арабӣ ва англисӣ, насби экранҳои калон дар беруни бино барои бинандагон, имкони пахши мустақими кори анҷуман аз тариқи интернет, ширкати теъдоди зиёди меҳмонони хориҷӣ, баргузории зиёфатҳои олӣ, навбатдории «қадам ба қадам» дар толор, ташрифоти танзимшудаи истиқболи меҳмонон, таъмини хидматрасониҳои автомобилӣ дар тӯли кори анҷуман, ҳадяҳои арзишманди ёдгорӣ ба меҳмонон ва ғ. ҳамагӣ нишонгари як сатҳи нави коргузорӣ буданд. Ин воқеият пеш аз ҳама ба нуктҳои зерин ишора мекунад:

1.ҲНИТ ҳамчун як ташкилоти сиёсӣ дар масъалаи мудирияти чорабиниҳо ва коргузорию ташрифот нисбат ба ҳолати пешинаи худ бисёр пештар рафта ва бисёр ботаҷрибатар шудааст.

2.Тавоноиҳои молии ин ҳизб ахиран ба таври чашмгир боло рафтаанд. То ҷое, ки дигар наметавон гуфт, ки ҲНИТ як ҳизби аз назари молӣ заиф ё фақир бошад.

Ёддошти 2: ҲНИТ-ро аз наздик диданд: масъалаи иштироки меҳмонон ва коршиносон

Иштироки меҳмонон аз беруни ҳизб дар анҷуманҳои ҳизбҳои дигар низ маъмул аст. Вале ҲНИТ ҳар бор дар чорабиниҳои худ на фақат намояндагони ҳизбҳои дигар, балки муассису сардабирони нашрияҳои давлатию хусусӣ, таҳлилгарону сиёсатшиносони расмию мустақил, фаъолони ТҒД ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, рӯҳониён ва дигар чеҳраҳои шинохтаи кишвар, доираи васеи хабарнигорони ватанию хориҷӣ ва ғайраро даъват менамояд. Яъне, касоне, ки афкори умумии ҷомеаро месозанд имкон пайдо мекунанд, ки бо вазъият ва фаъолияти ин ҳизб аз наздик ошно шаванд. Аз ин вазъият чанд нукта қобили мулоҳиза аст:

1.Ҳузур доштани «созандагони афкори умумӣ» ва робитаи мӯҳтарамонаи ҳизб бо онҳо дар бораи ҲНИТ дар фазои умумӣ афкори мусбат ташаккул медиҳад ва ҳамзамон, имкон намедиҳад, ки афкори манфӣ дар бораи ҲНИТ дар фазои умумӣ ҷойгоҳи таъсиргузор ёбад. Ҳаҷми маводи мусбате, ки онҳо дар атрофи ҲНИТ меофаранд, нисбат ба чанд мақолаи танқидие, ки гоҳ-гоҳ дар баъзе расонаҳои давлатӣ нашр мешавад, бисёр зиёдтар ва таъсиргузортар аст. Ин як механизми пуртаъсиру камхарҷест, ки ҲНИТ аз он дуруст истифода менамояд.

2.Таҷрибаи бо «созандагони афкори умумӣ» чунин наздик кор карданро ҳизбҳои дигари кишвар низ метавонанд ба таври муфид истифода намоянд.

Ёддошти 3: Ҳамкории интиқодӣ:  ё нигоҳе ба рӯҳияи анҷуман

Дар ду соли охир, хусусан, пас аз интихоботи парлумонии соли 2010 нигоҳи ҲНИТ ба ҳукумат то ҳадде муташанниҷ гашта ва дар дохили ҳизб навъе фазои норозӣ аз ҳукумат ҳоким буд. Вале, бо вуҷуди ин, дар як-ду моҳи пеш аз анҷуман навъе оддишавии муносибати ҳукумат ва ҲНИТ мушоҳида гашт. Аз ин рӯ, дар масъалаи муносибат бо ҳукумат, метавон гуфт, ки фазои анҷумани навбатии ҲНИТ дар кулл, зиддиҳукуматӣ набуд. Албатта дар рафти анҷуман ҳам раиси ҳизб ва ҳам баъзе меҳмонҳо аз сиёстҳои алоҳидаи ҳукумат интиқод карданд, вале фазои умумии анҷуман ва рӯҳияи куллии он зиддиҳукуматӣ набуд. Иқдомҳое чун бо нишони «20 солагии истиқлолият» мукофотонида шудани М.Кабирӣ, дар кори анҷуман бо паёми табрикӣ иштирок доштани мушовири Президенти ҶТ М.Сайфиддинов ва хусусан, дар баргузории анҷуман ва омадани меҳмонони хориҷӣ мусоидат кардани мақомоти давлатӣ ба ин масъала таъсири хуб гузошта буд. Ин буд, ки ҳам дар рафти анҷуман ва ҳам дар конфронси матбуотӣ М.Кабирӣ борҳо аз ҳукумат ва мақомоти давлатӣ барои ҳамкорию мусоидаташон расман ташаккур кард. Аз ин вазъият нуктаҳои зерин қобили мушоҳидаанд:

1.Дар ин марҳилаи ҳассоси сиёсии минтақа ва ҷаҳон оҳанги рӯёрӯӣ ва рӯҳияи зиддиҳукуматӣ нагирифтани анҷумани ҲНИТ барои солим боқӣ мондани фазои сиёсии кишвар падидаи мусбат аст.

2.Ин таҷрибаи андак нишон медиҳад, ки дар як ҳамкорӣ мешавад ташаннуҷи муносибатҳо коста шавад ва вазъият ором нигоҳ дошта шавад. Аз ин рӯ, беҳтар аст, ки нисбати ҲНИТ на нигоҳи сирф рақобатӣ, балки сиёсати давлатдоронаи «ҳамкории интиқодӣ» пеш гирифта шавад. Яъне, дар рафти як ҳамкорӣ бояд ҳукумат хостаҳои ин ҳизбро то ҳадди имкон ба назар гирифта, хостаҳои худро низ ба ин ҳизб расонад ва дар чунин сурат амалӣ шудани онҳо бисёр осонтар аст.

Ёддошти 4: Интихоб ё таъйин: назаре ба шеваи интихоби роҳбари ҲНИТ

Нуктае, ки чӣ дар рӯзи анҷуман ва чӣ дар рӯзҳои пас аз он мавриди зикру таъкидҳои зиёд қарор гирифт, интихоби роҳбари ҲНИТ ва хусусан, шеваи ин интихоб буд. Дар бораи дубора интихоб шудан ва ё нашудани М.Кабирӣ ҳанӯз дар остонаи анҷуман дар ҷомеа андешаҳои зиёде гуфта шуданд, ки оғози ин баҳсро худи ӯ ба миён гузошта буд. Аммо тавре дида шуд, М.Кабирӣ бо ҷонибдории мутлақи вакилон дубора раиси ҲНИТ интихоб шуд ва танҳо худи ӯ ба таври рамзӣ ё шояд воқеӣ, барои худ овози зидд дод. Дар арзёбии ин интихоб ва ин интихобот метавон ба нуктаҳои зерин таваҷҷӯҳ намуд:

1.Гарчӣ дар остонаи анҷуман на дар дохили ҳизб ва на дар ҷомеа масъала ва эҳтимоли иваз шудани М.Кабирӣ ба таври ҷиддӣ матраҳ набуд, вале ин тарҳи матбуотиву таблиғотӣ барои ҲНИТ чанд натиҷа дод:

Як, шӯҳрату обрӯи М.Кабириро боз ҳам афзуд;

Ду, таваҷҷӯҳро ба анҷумани навбатии ҲНИТ боз ҳам бештар намуд;

Се, вокуниши эҳтимолӣ ва афкори умумӣ дар дохили ҳизб ва дар сатҳи ҷомеа дар ин маврид санҷида шуд.

2.Бидуни рақобат ва алтернатива ва бо «як овоз» интихоб шудани М.Кабирӣ боиси эроду интиқоди зиёд дар ҷомеа ва матбуот гашт. Ҳанӯз дар худи анҷуман рӯҳонии барҷастаи кишвар Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода ин масъаларо ба таври сареҳ мавриди нақд қарор дода, таъкид кард, ки агар ҲНИТ дар ин солҳо се-чор нафар шахси лоиқи номзадӣ ва роҳбарӣ омода накарда бошад ва натавонад як интихоботи воқеии борақобатро баргузор намояд, он нуктаи заъфи ин ҳизб аст. Худи М.Кабирӣ низ нисбати интихоби худ истилоҳи «таъйин шудан»-ро истифода намуд, ки ин сухан манзараро боз ҳам печидатар намуд. Гарчӣ дар фарҳанги исломӣ «ходими қавм будани ҳокими қавм», «дар хидмати интихобкунандагон будани интихобшаванда» ва ба ин маъно, аз тарафи интихобкунандагон «тасвиб» ё «таъйин» будани як интихоб амри дуруст аст, вале дар забони сиёсии имрӯзаи мо ва дар муҳите, ки ҳангоми ин интихоб ба вуҷуд омад, ибораи «таъйин шудан» бештар ба маънои маъмӯли имрӯзаи он фаҳмида шуд. Ва журналистону меҳмононе, ки атрофи мо нишаста буданд бо таассуф мегуфтанд: дар ҳақиқат интихоб нашуд, таъйин шуд.

3.Интихоби дубораи М.Кабирӣ масъалаи тақрибан ҳалшуда буд, вале ин интихобот метавонист ба сурати дигаре анҷом шавад. Изҳороти қаблии М.Кабирӣ дар бораи он, ки 5-10 нафаре ҳаст, ки тавонад ҲНИТ-ро роҳбарӣ кунад, то ҷое дуруст аст ва баъзе аз ин шахсиятҳо метавонистанд вориди саҳнаи интихобот шаванд. Вале дар вазъияти имрӯза, агар ин «5-10 нафар» худро номзад мегузоштанд ва интихоботи умумӣ баргузор мешуд, боз ҳам М.Кабирӣ пирӯз мешуд. Зеро агарчӣ дар сафҳои болоии ҲНИТ нисбати ӯ баъзе норизоятиҳо вуҷуд доранд, дар сафҳои миёна ва поёнии ҲНИТ эътирофи имрӯзаи ӯ болотар аз номзадҳои эҳтимолии дигар аст. Номзадҳои эҳтимолӣ низ аз сатҳи шинохту маҳбубияти имрӯзаи М.Кабирӣ дар беруни ҳизб ҳатман огоҳӣ доштанд.

4.Ба таври мушаххастар, имрӯз М.Кабирӣ дар дохили ҲНИТ алтернативаи воқеӣ надорад. Номзадҳои эҳтимолии хориҷиҳизбӣ мисли Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода ва Давлат Усмон бо сабабҳои муайяне ба ин маърака ворид нашуданд ва эҳтимолан, дар оянда низ намешаванд. Номзадҳои эҳтимолии нисбатан ҷиддии дохилӣ бошад дар ин марҳила омодагии воқеиро барои иҷрои нақше чун М.Кабирӣ надоштанд ва зоҳиран, дар ин мақом будани Кабириро афзалтар донистанд. Аз ин рӯ, дар ин марҳила М.Кабирӣ на танҳо интихоб шуд, балки ҳамчун як зарурат ва эҳтиёҷи ҷиддии ҲНИТ ҳифз шуд. Ва шояд маънои дигари «таъйин шудан» ин бошад.

5.Пас, барои чунин нимапӯшида ва якномзадиву берақиб гузаштани интихоботи роҳбари ҲНИТ ва дар ҷомеаи хабарӣ ба вуҷуд овардани чунин боди интиқод зарурати амалие вуҷуд надошт. Агар мақсад интихоби дубораи М.Кабирӣ мебуд, он дар ҳар сурат таъмин буд, зеро дар ҳамин вазъият ҳар номзади дигаре аз дохил ё беруни ҳизб дар баробари М.Кабирӣ довталаб мешуд, боз ҳам пирӯзӣ аз Кабирӣ буд.

Танҳо далеле, ки дар тавҷеҳи ин тарзи интихобот ироа мешавад, талаботи Оинномаи ҲНИТ аст. Тибқи оинномаи ин ҳизб номзад ба раисии ҳизб аввал дар Раёсати олии ҲНИТ интихоб шуда, танҳо раёсат ҳақ дорад, ки номзадро ба анҷумани ҳизб пешниҳод намояд. Вакилони анҷуман ҳақ доранд, ки номзади пешниҳоднамудаи раёсатро қабул ва ё радд намоянд. Дар сурати рад шудан, боз ҳам раёсат номзади дигареро пешниҳод мекунад. Раёсат метавонад аз байни чандин номзаду довталаб як номзадро интихоб ва пешниҳод намояд.

Пеш омадани чунин масъала ва зери танқиди шадиди маҳфилҳои сиёсию матбуотии кишвар қарор гирифтани ин шева, дар назди ҲНИТ саволеро матраҳ мекунад, ки бо ин банди оинномаи худ чӣ муносибат намояд? Ба назар мерасад, ки ду тарафи ин масъала чунинанд:

Тарафи А (Аз нигоҳи технологияи муосири сиёсӣ): Агар ҲНИТ меъёрҳои маъмӯли ҷомеаи имрӯз ва хусусан, меъёрҳои демократии муосирро асос қарор диҳад ва ҳамчунин, масъалаи имеҷи сиёсии ҳизб ва роҳбари ҳизбро дар ҷомеаи коршиносиву матбуотӣ ва дар сатҳи байналмилалӣ (хусусан, дар диди доираҳои ғарбӣ) дар мадди назар дошта бошад, бояд ин банди Оинномаи худро ислоҳ намуда, дар оянда имкони дар худи анҷуман матраҳ шудани номзадҳо барои раисии ҳизбро фароҳам оварад. Дар чунин сурат вакилони анҷумани ҳизб метавонанд аз байни чанд номазад ба таври шаффоф номзади қобили қабули аксариятро интихоб намоянд. Чунин интихобот барои мусбат шудан ва оромиш ёфтани афкори умумии ҷомеа низ муҳим аст ва ин ҳизбро аз «забонкӯтоҳӣ» раҳо мекунад. Илова бар ин, дар шароите, ки имрӯз интихоботи шаффоф ба як ормон ва як масъалаи усулии раванди сиёсии кишвар табдил шудааст, баргузорӣ ва ба намоиш гузоштани як интихоботи воқеӣ бо усули демократӣ барои ҲНИТ ва ҷонибдорони он як имтиёз ва як ифтихор мебуд. Шояд эроди Ҳ.А.Тураҷонзода низ асосан ба ин ҷанбаи масъала марбут бошад.

Тарафи Б (аз нигоҳи усулӣ): Агар ҲНИТ ба ин масъала ба таври усулӣ нигарад, механизми мавҷудаи интихоби роҳбари ин ҳизб на бо таълимоти исломӣ дар ин мавзӯъ ва на бо таҷрибаи демократии ғарбӣ дар ин масъала мухолифат надорад. Ин интихобот моҳиятан аз чор қадам иборат аст: 1.Аъзои ҳизб вакилони анҷуманро интихоб мекунанд. 2.Вакилони анҷуман Раёсати олии ҳизбро интихоб мекунанд. 3.Раёсати олии ҳизб (ҳамчун намояндаи интихобшудаи аъзо ва вакилон) номзадии роҳбари ҳизбро (аз байни довталабон) интихоб ва барои раъйдиҳӣ ба анҷуман пешниҳод менамояд. 4.Анҷуман номзади пешниҳодшударо интихоб мекунад (ва ё метавонад радд кунад ва номзади дигарро талаб намояд). Чунин механизмҳо ҳам дар таърихи ҷомеаҳои исломӣ ва ҳам дар демократияи ғарбӣ бисёр фаровон истифода шудаанд:

Намуна дар садри ислом: пешвоёни бонуфӯзу босалоҳияти мардум (вакилон) дар шӯрои худ номзадеро барои мақоми халифа пешниҳод (интихоб) мекунанд, дар марҳилаи дуюм ӯ бояд аз мардум байъат гирад, яъне овоз ва розигии мардумро ба даст орад, то ба мақоми роҳбарии мардум бинишинад. Рафти овозгирии (байъатгирии) баъзе аз хулафои рошидин (пас аз интихоби онҳо дар шӯро) боз моҳҳо давом ёфта буд ва фақат пас аз гирифтани байъати (овози) мардум ба мақоми роҳбарӣ нишастанд.

Намуна дар демократияи ғарбӣ: мардум вакилони порлумонро интихоб мекунанд, вакилони мардумӣ сардори давлат ё раиси ҳукуматро интихоб менамоянд. Масалан, дар Олмон, Испания, Италия, Австрия, Туркия ва ғ., ки намунаҳои демократияи муосир ба ҳисоб меоянд.

Аз ин рӯ, ҲНИТ метавонад бо тақозои технологияи сиёсӣ ва ё барои дарёфти имеҷи «демократӣ» механизми интихоби роҳбарашро иваз кунад, вале аз назари усулӣ (на усули исломӣ ва на усули демократӣ) он як зарурати ҳатмӣ нест. Зеро ин механизме, ки ҳаст, на ғайриисломист ва на ғайридемократӣ.

6.Чизи бисёр муҳимме, ки дар ин масъала барои мардуми мо ва барои миллату давлати мо аҳаммияти амалӣ дорад, ин аст, ки дар ин интихоботҳо ва аз тариқи ин механизмҳо чӣ касоне интихоб мешавад. Агар аз тариқи ин механизмҳо, чӣ ғарбӣ ва чӣ шарқӣ, шахсони шоиста ва сазовор ба роҳбарӣ интихоб гарданд, шахсоне интихоб гарданд, ки хидматгузори мардум бошанд, он интихоб интихоби дуруст аст. Аз ин рӯ, бо тафовут аз доираҳои сиёсию матбуотӣ, мардум бештар ба он таваҷҷӯҳ дорад, ки чӣ касе интихоб мешавад ва барои онҳо чӣ хабари наве аз ҳалли мушкилот, чӣ паёми наве аз як ояндаи рӯшан хоҳад дошт. Ва мардум ба интихоби дуруст ҳатман аҷр мегузорад.

7.Албатта, ҷиҳати пеш наомадани нофаҳмӣ бояд зикр шавад, ки озодӣ дар чигунагии механизми баргузории интихобот ҳаргиз аҳаммияти шаффофияти онро кам намекунад. Яъне, гарчӣ чигунагии механизм ва тарзи баргузории интихобот озод аст, вале шаффоф будан ё набуданаш ҳаргиз озод нест. Аз ин рӯ, новобаста аз усулу шеваи интихобот, новобаста аз шарқию ғарбӣ буданаш, новобаста аз ҳизбию умумӣ буданаш, новобаста аз мустақиму чандзинаӣ буданаш, он бояд ҳатман шаффоф бошад. Зеро, маҳз шаффофияти интихобот ду масъалаи асосӣ, яъне қонунияти (легитимность) интихобшаванда ва ризоияти интихобкунандаро таъмин менамояд. Аз ҷумла, ризоияти бозандагони интихоботро низ. Аз ин рӯ, байни шаффофияти интихобот ва ваҳдату суботу амнияти як ҷомеаи демократӣ робитаи мустақим вуҷуд дорад.

Ёддошти 5: «Шарики мӯътадил»: ё чаро Кабирӣ низ гоҳо тунд мешавад?

Ва ба ҳар ҳол, акнун анҷумани ҲНИТ гузашт ва М.Кабирӣ дубора роҳбари ин ҳизб интихоб шуд ё боқӣ монд. ҲНИТ аз он, ки роҳбари худро ва ваҳдати худро барои як давраи дигар ҳифз кард, бешакк, бурд кард. Вале оё миллат, давлат ва хусусан, ҳукумат низ аз ин интихоб суде доштанд? Дар ин бора метавон ба нуктаҳои зерин ишора намуд:

1.Аз нигоҳи муборизаи сирф сиёсии байниҳизбӣ, шояд тавон гуфт, ки дубора ба раёсати ҲНИТ интихоб шудани М.Кабирӣ барои рақибони сиёсии ӯ чандон хушоянд набуд. Зеро баъзе сифатҳои дар сиёсат мусбати ӯ мавқеашро дар ҷомеа қавӣ сохта, бо ин интихоб раванди ташаккули шахсияти калонтари Кабирӣ боз ҳам идома меёбад. Аз ҷумла сифатҳое чун: дар ҳодисаҳои низомии ҷанги шаҳрвандӣ олуда набудан, чеҳраи ҷавон ва оянда доштан, ҳам дар муҳитҳои «динӣ» ва ҳам муҳитҳои «дунявӣ» эътибор доштан, ҳам барои ғарбиҳо ва ҳам барои доираҳои мӯътадили ҷаҳони ислом қобили қабул будан, мавқеи мӯътадил ва технократӣ доштан ва ғайра. Ба ин тариқ, ҳатто дар сурати хостан, дар як муборизаи сиёсӣ заиф кардани шахси М.Кабирӣ барои дастгоҳи идеологии рақибони сиёсии ӯ осон нахоҳад буд.

2.Дар айни замон, дубора интихоб шудани М.Кабирӣ барои ҳукумат ва умуман, барои давлат нуктаҳои мусбати зеринро низ дорад:

-М.Кабирӣ аз назари мавқеи идеологӣ шахси ифротӣ нест. Аз ин рӯ, дар сурати боқӣ мондани фазои мӯътадил дар ҷомеа, ӯ метавонад хатти ҳаракати ҳизбро мӯътадил нигоҳ дорад. Ин ҳам барои ҳизб, ҳам барои ҳукумат ва ҳам барои давлати мо муҳимм аст.

-М.Кабирӣ таҷрибаи хуби кори сиёсӣ, музокирот, ҳамзистӣ ва ғайра дорад ва бо вуҷуди ҷавонӣ, фазои давраи музокироти сулҳи тоҷикон ва фаъолияти КОМ-ро фаро гирифтааст ва дар раванди ташаккули низоми сиёсии феълии кишвар ширкат кардааст. Аз ин рӯ, бо Кабирӣ гуфтугӯ кардан ва ҳамкорӣ кардан имконпазир аст. Дар сурати набудани шахсе бо чунин таҷриба бо эҳтимоли зиёд, хатти солими ҳаракати ҳизб ҳифз нашуда, имкони музокираву ҳамкорӣ низ метавонад коҳиш ёбад.

3.Албатта, дар якуним соли охир ҷомеа бо чеҳраи нисбатан тундшудаи М.Кабирӣ рӯбарӯ буд. Вале ин мавқею изҳори назарҳо бештар на ба навъи шахсият ва тарзи тафаккури худи Кабирӣ, балки бештар ба вазъияте, ки ӯ дар он қарор гирифта буд,  рабт доранд. Ба таври хулоса, бисёре аз талошҳои мӯътадили ӯ дар ҷомеа аз тарафи мақомоти давлатӣ дастгирӣ наёфтанд ва дар натиҷа, ӯ ҳам аз тарафи доираҳои дохилии ҳизб ва ҳам аз тарафи доираҳои берунии ҳизб бисёр зери фишор ва маломат қарор гирифт. Ҳатто дафъаи пеш сафири Британия дар минбари ҲНИТ дар ҳузури ҳамаи вакилону меҳмонон аз М.Кабирӣ ошкоро танқид кард, ки «Шумо чӣ гуна оппозитсия ҳастед, ки ин вазъиятро тоқат мекунед ва номи инро таҳаммулпазирӣ гузоштаед?!» Ҳукумат низ бо баъзе иқдомҳои ҳисобношуда дар масъалаҳои муносибат бо дин М.Кабириро дар назди доираҳои динию сиёсӣ боз ҳам забонкӯтоҳтар намуд. Аз ин рӯ, шароити пешомада ба қадре тундтар шудани мавқеи Кабирӣ мусоидат кард.

Бо таваҷҷӯҳ ба ин, шояд беҳтар аст, ки ҳукумат бо М.Кабирӣ ҳамчун бо як шарики муътадил ҳамкории бештар дошта бошад, то ӯ тавонад хатти мӯътадили ҳаракат, мавқеи ватанӣ ва дар кулл, раванди ислоҳоти ҲНИТ-ро идома диҳад ва ба ин восита ҳамсафону пайравонашро ба таври бебозгашт қонеъ гардонад, ки бо роҳи иштироки  қонунманди сиёсӣ ва бо мавқеи мӯътадилу осоишта низ метавон ба дастовардҳое расид. Ин иқдом на ба маънои дастгирии шахси Кабирӣ, балки ба маънои ҳифзи раванди солими сиёсӣ ва ҳифзи фазои осудаи кишвар дар назар мебошад.

Ёддошти 6: Анҷумани шаффоф ва барномаи ношаффоф?

Бисёре аз ҳозирон ва таҳлилгарон сохту тартиби ғайриоддии баргузории анҷумани ҲНИТ-ро зикр карданд, ки ин тартиби кор ба анҷуманҳои маъмӯлии ҳизбҳои дигар бисёр монанд набуд. Вале шояд тафовути бисёр ҷиддии ин анҷуман аз анҷуманҳои ҳизбҳои дигар дар саросари ҷаҳони муосир дар он буд, ки дар ин анҷуман суханронии ҳисоботӣ ва нутқи барномавии роҳбари ҳизб садо надод. Шояд дар рӯзи аввали анҷуман, ки хусусияти сирф дохилиҳизбӣ ва асосан пӯшида дошт, ин ҳисоботу барномаҳо матраҳ шуда бошанд, вале дар рӯзи дуввум ва кушодаи анҷуман ин чизҳо ба таври бояд шунида нашуданд. Чун дар рӯзи дуввум дар канори вакилон даҳҳо меҳмони хориҷӣ, намояндагони пуршумори ҳайатҳои дипломатӣ, намояндагони расмии ҳукумат, сиёсатмадорону коршиносон, намояндагони матбуоти дохиливу хориҷӣ ва дигар меҳмонону нозирон ҳузур доштанд, аз тарафи роҳбарияти ҲНИТ ба таври мухтасар гузориш шудани кору фаъолияти чорсолаи ҳизб ва пас аз интихоби раиси нав, ба таври мухтасар ироа гаштани самтҳои асосии барномаи фаъолияти ҳизб дар чорсолаи оянда бисёр зарурӣ буд. Вале тартиби кори анҷуман тавре рехта шуда буд, ки ба ҳозирину меҳмонон қариб маълум нагашт, ки ин ҳизб дар чор соли гузашта чӣ корҳо карда ва дар оянда чӣ корҳо карданист, чӣ дастоварду нокомиҳо дошта ва чӣ паёмҳо барои оянда медиҳад; дар бахшҳои сиёсиву фарҳангӣ чӣ тарҳҳо кашида ва дар самтҳои иқтисодиву иҷтимоӣ чӣ барномаҳо дорад.

Албатта, дар конфронси матбуотие, ки ду рӯз пас аз анҷуман доир гашт, М.Кабирӣ бахше аз ин холигии иттилоотиро то андозае ҷуброн намуд ва низ гуфта шуд, ки дар моҳҳои оянда барномаҳои ҲНИТ эълон хоҳанд шуд. Вале дар ҳар сурат, боиси тааҷҷуб ва ҳам таассуф буд, ки анҷумани навбатии ҲНИТ (рӯзи кушодаи он) бе яке аз бахшҳои муҳимми мафҳуми «анҷуман», яъне бе таҳлили бурду бохти ҳизб дар чорсолаи гузашта ва бе эъломи барномаҳои мушаххаси он дар чорсолаи оянда гузашт, бе бахше, ки ҳар анҷуманро анҷуман мекунад.

Ёддошти 7: Ҳамкории фосиладор: ё масъалаи иштироки Ҳ.А.Тураҷонзода дар кори анҷуман

Домулло Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода солҳои охир дар чорабиниҳои дигари ҲНИТ низ иштирок намуда буд. Вале ин бор дар мавриди иштироки эшон пешбиниҳо зиёд буданд ва дар матбуот ҳатто эҳтимоли раиси ҲНИТ интихоб шудани эшон низ матраҳ гашта буд. Дар ҳақиқат, дар остонаи ин анҷуман масъалаи ба ҲНИТ пайвастан ё напайвастани ин шахсияти бонуфӯзи рӯҳонию сиёсӣ аз чанд назар қобили таваҷҷӯҳ буд:

Якум, имрӯз яке аз нуктаҳои асосии «заъфи» ҲНИТ маҳз надоштани роҳбари рӯҳонию динӣ ба ҳисоб меравад ва бисёре аз пайравони ҳизб ин камбудро ба хубӣ эҳсос мекунанд. Бо вуҷуди шахсияти шоистаи М.Кабирӣ, маҳз «чеҳраи рӯҳонӣ» надоштанро заъфи аслии ӯ медонанд. (Масалан, ниг.: Мусоҳибаҳои эътирозии яке аз собиқадорони ҲНИТ М.Навид дар матбуоти моҳҳои гузашта). Аз ин рӯ, ба ҲНИТ омадани домулло Ҳ.А.Тураҷонзода (агар чунин фарз шавад) метавонист ин заъфи ҷиддии ҳизбро бартараф намояд.

Дуюм, дар айни замон, яке аз нуктаҳои асосии «заъфи» домулло Ҳ.А.Тураҷонзода маҳз дар ихтиёр надоштани як созмон ва команда дониста мешавад. Гарчӣ худи эшон бо ҳамроҳии бародаронашон дар фазои умумии кишвар эътибори хосса доранд, вале дар як раванди амалии сиёсӣ як ташкилот ва созмон нақши амалии ҷиддитар мебозад.

Вале дар масъалаи ин пайвастан ба назари банда хулосаҳои зерин дурусттар мебошанд:

1.Ба таври назарӣ, агар эътибору таҷрибаи Домулло бо имконоту сохтори ҲНИТ якҷо шавад, дар ҳақиқат як нерӯи динию сиёсии бисёр бонуфӯзтар аз ҲНИТ-и имрӯза шакл мегирад. Дар ин муҳосиба бояд илова бар нуфӯзи шахсии Ҳ.А.Тураҷонзода потенсиали бародарони бонуфӯз ва пайравону ҷонибдорони эшон низ дар назар гирифта шавад.

2.Аммо аз диди амалӣ, ҳамкорию наздикшавии Домулло бо ҲНИТ ҳоло асосан ба муносибатҳои хуби шахсии эшон бо М.Кабирӣ ва ҳамдигарро эътирофу эҳтиром доштани онҳо марбут аст. Дар асл бошад, миёни Домулло ва бахши чашмгире аз фаъолони аршади ҲНИТ аз ибтидо ихтилофҳои ҷиддии фикрӣ ва ё шахсӣ вуҷуд доранд, ки он пеш аз ҳама, дар шакли «ҳамдигарро қабул надоштан» зоҳир мешавад. Аз ин рӯ, ҳоло эҳтимоли роҳбари ҲНИТ шудани домулло Ҳ.А.Тураҷонзода вуҷуд надорад. Дар мақоми поинтар аз роҳбар бошад, эшон дар ҳизб «намегунҷад».

3.Дар айни замон, ду омил метавонанд мавқеи Домулло ва ҲНИТ-ро наздиктар созад:

-идомаи иштибоҳҳо ва мавқеҳои носуфтаи мақомоти давлатӣ дар сиёсати динӣ;

-пеш омадани фишорҳо ва ё каноргузориҳо нисбати ҳарду нирӯи зикршуда.

Дар чунин сурат, агар байни Ҳ.А.Тураҷонзода ва ҲНИТ иттиҳоди воқеӣ ҳам ҳосил нашавад, эҳтимоли он вуҷуд дорад, ки эътилофи тактикию манфиатӣ ба вуҷуд ояд. Яъне агар сиёсати ҳукумат дар самти арзишҳои динӣ шадидтар гардад ва ё фишор болои ин ду ҷониб афзоиш ёбад, онҳо аз баҳри баъзе ихтилофҳо гузашта, ногузир дар муқобили «фишори муштарак» ба ҳам наздиктар мешаванд.

Вале агар сиёсати динии ҳукумат тундтар нашавад ва ё фишори мушаххасе болои Ҳ.А.Тураҷонзода ва хонаводаи онҳо оварда нашавад (яъне, агар омилҳои иловагӣ ба вуҷуд наоянд), Домулло ҳамчун мунаққиди (оппоненти) ҳукумат боқӣ мемонад, вале бо эҳтимоли бисёр зиёд, дигар ба сиёсати калони амалӣ барнамегардад. Мавқеи расмии худи эшон низ чунин аст.

Ёддошти 8: Миёни «миллӣ мондан» ва «ҷаҳонӣ шудан»: масъалаи меҳмонони хориҷии анҷуман

Ширкати меҳмонони хориҷӣ низ таваҷҷӯҳи зиёдеро ба анҷуман ҷалб намуд. Ин амал ҳам дар зеҳни аъзою пайравони ҲНИТ ва ҳам дар зеҳни ҷомеаи кишвар чунин маъно гирифт, ки ҲНИТ як созмони қавӣ буда, дар хориҷи кишвар низ эътирофу датсгирӣ дорад. Дар кулл, иштироки ин сатҳи меҳмонони хориҷӣ дар аҷумани як ҳизб ба нуфӯзу обрӯи он таъсири ҷиддӣ расонид. Вале ин масъала паҳлӯҳои бисёр ҳассостари дигареро касб намуд, ки дар мавриди он метавон ба нуктаҳои зерин таваҷҷӯҳ намуд:

1.Аз мазмуни суханрониҳои меҳмонон ва муносибати роҳбарият ва вакилони анҷуман ба он метавон пай бурд, ки васеъ шудани робитаҳои ҲНИТ бо ҳизбу доираҳои сиёсии исломии хориҷӣ метавонад ба рӯҳияи ин ҳизб ҳам таъсири мусбат ва ҳам таъсири манфӣ гузорад. Агар бо нирӯҳои созандаву пешқадам ҳамкорӣ шавад, он таъсири созанда мегузорад. Вале агар бо нирӯҳои тунди идеологӣ ҳамкорӣ шавад, он таъсири манфӣ мегузорад ва то ҳадде ба идеологӣ ва тундтар шудани нигоҳҳои ҳизб мусоидат мекунад.

Фазои анҷуман нишон дод, ки хусусан, дар вазъияти аз як пешвои бонуфӯзи динӣ (дар сатҳи марҳумон С.А.Нурӣ ва М.Ҳимматзода) маҳрум будани ҲНИТ, пайвастҳои амиқтар бо баъзе доираҳи берунии сиёсию идеологӣ метавонад як силсила мушкилоту норозигиҳои таърифнашуда ва аз назари динию идеологӣ шарҳнаёфтаи ҷомеаи моро барои наҳзатиён таърифи сирф идеологӣ бидиҳад. Бо таваҷҷӯҳ ба ин, ки бо сабаби ношинохтани баъзе воқеиятҳои ҷаҳонӣ наҳзатиён ба ин шахсиятҳо ҳамчун «устодон» ва «пешвоёни» ҳаракати исломӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ нигоҳ мекунанд, сухану талқини онҳо барои аъзои ҳизб таъсири ҷиддӣ хоҳад дошт. Ба таври мисол, суханронии меҳмонони малайзӣ ва русӣ (хусусан, Ҳайдар Ҷамол) мафҳумҳои дар ҷаҳони ислом маъмул, вале дар фазои сиёсии Тоҷикистон ғайримаъмулро ба зеҳни вакилон ҷорӣ мекарданд. Масалан, агар дар муҳити Тоҷикистон як мушкила ва як эътироз ҳамчун «эътироз зидди як камбудии ҳукумат» ва ғ. шарҳ шавад ва ҳалли мушаххаси он мушкила аз ҳукумат талаб шавад, дар ин суханрониҳо тарафҳои муборизаи сиёсӣ ҳамчун «хайру шарр» ё «ҳизби Худову ҳизби шайтон» ва кори наҳзати исломӣ «мубориза бо шайтон» ва ҳадафи он «сарнагунии куфр ва шайтон» ва ғайра таъриф мешуд. Ва аз толор низ нидоҳои эҳсосӣ дар истиқболи ин суханрониҳо ба авҷ мерасид.

Дар кулл, ин суханрониҳои шиорию идеологии баъзе аз меҳмонони хориҷӣ суханрониҳои орому ботааммули М.Кабириро ҳатто зери соя гузоштанд. Дар ин бора бояд таваҷҷӯҳ кард, ки агар фазои муборизаи сиёсии кишвар чунин идеологӣ шавад, дар оянда натиҷаҳои зерин хоҳад дошт:

баҳси солими сиёсӣ, ки имрӯз дар кишвар то ҷое давом дорад, аз доираи масъалаҳои мушаххас баромада, моҳияти куллии рӯёрӯии идеологӣ мегирад ва он фазоро муташанниҷтар карда, ба ҳалли ҳеҷ масъалаи мушаххаси ҷомеаи мо кумак намекунад. Масалан, имрӯз барои ҷомеаи мо муҳимм аст, ки ҲНИТ низ дар канори нирӯҳои дигар дар ҳалли масъалаҳои мушаххаси ҷомеа ва кишвар ширкат кунад, на ин ки худро дар як муборизаи абстрактӣ «бо шайтон» ё «бо куфр» тасаввур карда, моҳияти оштинопазиру ғайрисозанда гирад. Чунин мисолҳо дар ҷаҳони муосири ислом бисёр зиёданд ва яке аз мушкилоти ҳаракатҳои исломии имрӯза дар ҳамин аст.

-ин вазъият барои худи ҳизб ҳам таъсири манфӣ дошта, аз як сӯ, бино бар фарҳанги сиёсии ҷомеа, масъалаи фаъолияти оромонаи ҳизбро бо мушкилот рӯбарӯ мекунад, аз сӯи дигар, боиси дар роҳбарияти он нуфӯзи бештар ёфтани нирӯҳои тунду сирф идеологӣ мегардад. Он вақт бо чунин ҳизб гуфтугӯ ва ҳамкорӣ кардани ҳукумат ва нирӯҳои дигари ҷомеа бисёр мушкил хоҳад шуд. Чунин ҳизб ҳатман ба манбаи низоъ табдил мешавад.

– чунин масъалагузорӣ дар як ҷомеаи мусулмонӣ аз назари ақида ва шариати исломӣ низ ҷои баҳси ҷиддӣ дорад, зеро ҳизбҳои сиёсии исломӣ дар ҷомеаҳои мусулмоннишин на «нирӯи исломӣ» дар баробари нирӯи «куфр» ё «шайтон» ҳастанд, балки бахше аз фазои умумии сиёсие ҳастанд, ки аксари иштирокчиёни дигари он низ аз ҷумлаи мусулмононанд ва метавон гуфт, ки баҳси сиёсии онҳо аксаран, баҳси дарунмилливу байнимусулмонист. Албатта, дар ҷомеаи  ғайримусулмоние чун ватани меҳмон шояд ин шиор тавҷеҳпазир бошад, вале дар як ҷомеаи мусулмоннишин ин даъвату маслиҳатдиҳӣ бисёр мушкилофар мебошад.

Хулоса, барои пеш наомадани вазъияти бӯҳронӣ дарки ин масъала бисёр муҳимм аст, ки ихтилофи имрӯзи сиёсӣ дар Тоҷикистон моҳияти усулию оштинопазири идеологӣ надошта, он ихтилофи куфру имон, ихтилофи «ҳизби Худо»-ву «ҳизби Шайтон», ё рӯёрӯии мӯъминону ғайримӯъминон, мусалмонону ғайримусалмонон, ҳанафиёну ғайриҳанафиён, тоҷикону ғайритоҷикон нест. Таъкид бар ин нукта аз он назар зарур аст, ки агар, мабодо, фазои идеологӣ чунин самт гирад ва ихтилофу гуногунфикрии имрӯзаи ҷомеаи мо дар қолаби чунин мафҳумҳои ҳамдигарро инкоркунанда шарҳ дода шаванд, дар марҳилаи баъдӣ мафҳуми «номумкин будани ҳамзистӣ» ва дар марҳилаи дигар, «зарурати мубориза бо ҳамдигар» ба миён гузошта мешавад. Ин аст занҷирӣ мантиқии чунин идеология. Ҳамин ки мо, мусалмонони Тоҷикистон, ҳамдигарро бо чунин номҳо ва тасаввурҳои оштинопазир шиносем, он тарафаш барои идеологҳо ва барои технологияи сиёсӣ мушкил нест.

Ин ҷо дурустию нодурустии чунин таълимотро баҳс намекунем, балки имрӯз дарки ин муҳимтар аст, ки воқеияти Тоҷикистон чунин нест ва баҳси сиёси байни аҳзоби ҷомеаи мо як баҳси усулии «ҳизби Худо» ва «ҳизби шайтон» ва баҳси куфру имон нест. Балки, ин баҳс дар сатҳи гуногунфикрӣ ва ихтилофи назарҳо дар як ҷомеаи мусулмоннишин идома меёбад. Бале, нирӯҳои сиёсии Тоҷикистон, аз ҷумла ҳукумат ва ҲНИТ, дар масъалаҳои муҳимме чун роҳи ҳалли бӯҳрони иқтисодию иҷтимоии кишвар, вазъи таъмини баъзе ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, шеваҳои кору коргузории ҳукумат, ҷойгоҳи дин дар ҷомеа ва сиёсат, самтгирии сиёсати хориҷии кишвар ва ғайра назару мавқеъҳои мутафовит доранд. Вале ин баҳси куфру имон ва тафовути ҳизби Худову ҳизби Шайтон нест, балки дар фазои эътирофи ҳамдигар ва бо шарти қоил будани ҳаққи мавҷудият барои ҳамдигар, дидгоҳҳои гуногун ба баҳс кашида мешаванд. Ин вазъиятро метавон ихтилофҳо дар доираи умумиятҳо номид.

Бале, фосилагирӣ аз куфр ва мубориза бо шайтон вазифаи ҳар мусалмон аст ва ин як таълимоти қатъист. Вале, алорағми даъвати меҳмонони азиз, имрӯз вазифаи ҲНИТ дар фазои сиёсии Тоҷикистон сарнагун кардани куфру шайтон нест, зеро наҳзат дар Тоҷикистон бо чунин нирӯе рӯбарӯ намебошад. Ин низ як масъалаи усулист. Бале, тафовути куфру имон мушаххас аст ва марзи куфру имон рӯшан аст, вале ин низ рӯшан аст, ки имрӯз ин марз аз миёни нирӯҳои сиёсии феълии Тоҷикистон намегузарад.

Албатта, паз аз даврони ҷанг аз тарафи ҲНИТ дар ин масъала чунин мавқеъгирӣ дида нашудааст, вале манзури таъкидҳои банда дар он аст, ки дар ин масъала бояд ба шиорҳои баъзе аз меҳмонон бо камоли эҳтиёт муносибат кард, зеро бисёр шудааст, ки мусалмонон аз сари камфаҳмӣ ё бо макри душман бародарони имонии худро бо дасти худ, дар зеҳни худ, дар ҷабҳаи идеологии мухолиф гузошта, баъдан ӯро бо дасти худ заиф сохтаанд ва ё бо дасти ӯ заиф карда шудаанд. Ва агар мо ҳам ба ин самт биравем, он гоҳ ҳам нанги ҷоҳилӣ мекашему ҳам дар пирӯзии куфри воқеӣ саҳм мегузорем.

Ёддошти 9: «Ҳарактаи ҷаҳонии исломӣ»: гоҳе бародарон, гоҳе гургон

Иштироки меҳмонон ва мазмуни суханрониҳои онҳо тасаввуреро дар фазои анҷуман ба вуҷуд овард, ки тибқи он, имрӯз ҳамаи ҷаҳони ислом ба таври воҳид дар баробари «куфр» саф кашидааст ва ҲНИТ низ ҷузъе аз ин «ҳаракати бузурги ҷаҳонӣ» мебошад. Изҳор шуд, ки имрӯз аъзои наҳзати исломии Тоҷикистон ё наҳзати Фаластину Лубнону Кашмиру Афғонистону ғайра будан ҳеҷ тафовуте надорад. Ҳар кас узви ин аст, узви он низ ҳаст. Ва гуфта шуд, ки дар ин толор садҳо фаластинию лубнонию кашмирию афғонистонӣ нишастаанд ва он кишварҳо низ дар як лаҳза метавонад пур аз «тоҷикон» шавад. Ва ниҳоят, изҳор шуд, ки марзи масъулиятҳои ҲНИТ фаротар аз Тоҷикистон аст, на ин марзҳои сунъии ҷуғрофӣ. Меҳмони русӣ Ҳайдар Ҷамол ҲНИТ-ро мӯҳраи муҳимми ин ҳаракат дар минтақа номид ва пешниҳод, кард, ки кадрҳои ҳаркати исломии давлатҳои ИДМ ин ҷо тарбият ёбанд ва ғайра.

Дар масъалаи «ҳамдилии ҷаҳонии исломӣ» низ зикри чанд нукта зарурӣ ба назар мерасад, ки ба баъзе аз онҳо банда ҳанӯз дар мизи гирди рӯзи анҷуман ишора намудам:

1.Ба истилоҳ, ба «ҳаракати ҷаҳонии исломӣ» пайвастани ҲНИТ ва аз марзҳои ҷуғрофии кишвар васеътар донистани марзи масъулияти ҳизб боис мешавад, ки дар дохили кишвар дар муносибат бо ҳизб баъзе баҳсҳои кӯҳна аз нав оғоз шавад. Зеро дар даҳсолаи охир, хусусан, баъди бозгашт аз ҳиҷрат, роҳбарони ҲНИТ, хосса марҳум С.А.Нурӣ тамоми талошро намуда буданд, ки бар моҳият, аҳдоф ва масъулиятҳои сирф дохилӣ ва миллӣ доштани ин ҳизб таъкид намоянд. Ин матлаб дар Оинномаи ҲНИТ низ ворид шуд ва марзи масъулияти он низ марзҳои Тоҷикистон дониста шуд.

Аз сӯи дигар, элитаи сиёсии кишвар низ дар ин мавзӯъ омодагии зеҳнӣ надоштаю ба масъала нигоҳи бисёр идеологӣ дорад ва чунин «ҳамдилӣ» ва хусусан, қадамҳои амалии ҲНИТ дар ин самтро шояд оромона таҳаммул нахоҳад кард. Масалан, дар анҷуман да

More From Author

You May Also Like