Categories Uncategorized

Дар ҳафт моҳи сипаришуда аз Тоҷикистон 293 нафар хориҷӣ берун карда шуд

Дафтари матбуотии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст, ки кормандони Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ, нисбат ба шаҳрвандони хориҷие, ки дар Тоҷикистон будубош доранд, дар тӯли 7 моҳи соли 2013 дар маҷмуъ 508 протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, 293 нафари онҳоро аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон берун карданд.
Гуфта мешавад, ки ихроҷшудагон асосан шаҳрванди Ҷумҳурии Мардумии Чин, Афғонистон, Ӯзбекистон, Покистон, Бангладеш ва Ҷумҳурии Исломии Эрон буданд.

More From Author

You May Also Like