Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар сентябри соли ҷорӣ 422 миллион долар аз Русия ба кишвари худ фиристодаанд, ки ин муқоиса ба солҳои гузашта 11% зиёд мебошад.
Бино ба гузориши бахши форсии радиои Садои Хуросон, Созмони Милали Муттаҳид бо интишори баёнияе дар ин бора чунин эълон намудааст: «Бо афзоиши шумораи муҳоҷирони тоҷик дар Русия интиқоли пул ба Тоҷикистон нисбат ба 10-соли қаблӣ зиёд гаштааст.»
Бар асоси омори нашрнамудаи мақомоти рус, соли гузашта муҳоҷирони тоҷик ҷойи дуюмро дар интиқол додани маблағи зиёд ба кишварашон касб намудаанд..
Масъулони СММ бар ин боваранд, ки рӯ ба афзоиш овардани интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон, то ҷойе хонаводаҳои тоҷикро дар он ҳама машаққату танқисӣ кашидан аз боло рафтани нархи маводи ғизоӣ кӯмак хоҳад кард. Аммо мушкилии хонаводаҳое, ки ҳеҷ нафари аз онҳо дар Русия нест, шадидтар хоҳад шуд.
Тибқи эълони бонки марказии Русия, дар соли 2011 низ интиқоли пул тавассути коргарони тоҷик дар ин кишвар нисбат ба соли 2010 36% афзоиш ёфтааст.
Бояд гуфт, ҳудуди 80%-и аҳолии Тоҷикистон даромади худро аз Русия таъмин менамоянд ва бино ба гуфтаи идораи хадамоти муҳоҷирати ин кишвар, дар ҳоли ҳозир як миллион тоҷик барои таъмини даромад машғули кор дар нуқоти мухталифи Русия ҳастанд.