ЗӮРОВАРӢ АЛАЙҲИ ҶИНОЯТКОРОНИ ХАТАРНОК ТАВҶЕҲ ДОРАД
Вақте мавзӯи “Оё шиканҷа тавҷеҳ дорад?”-ро бо намояндагони вазоратҳои қудратии кишвар дар миён гузоштем, аксарият гуфтанд, ки дар бисёр ҳолатҳо, махсусан мавридҳои сару кор гирифтан бо ҷинояткорони хатарнок, дар онҳо эҳсоси зӯроварӣ алайҳи муҷрим буруз мекунад, вале гӯё аз хати кашидаи қонун берун намераванд. Бозрасҳо мегӯянд, ин ҳолат махсусан ҳангоми бозҷӯии қазияҳои марбут ба терроризм бештар мушоҳида мешаванд. “Вақте мебинӣ, ки нафари муттаҳам дар бораи шарикони худ, пинҳонгоҳи силоҳу лавозимот ва амалҳои террористии тарҳрезишуда иттилоъ намедиҳад, худдорӣ душвор мешавад”, гуфт яке аз бозрасҳои пулис ва афзуд, “барои мардум муҳим нест, ки мо чӣ гуна террористро бехатар ва гуноҳашро собит мекунем. Муҳим ин аст, ки онҳо тавонанд дар шаб оромона сар ба бистар гузоранд”.
Назармад Азизӣ, муфаттиши собиқадор, ки феълан дар яке аз ниҳодҳои давлатӣ кор мекунад, мегӯяд: истифодаи шиканҷа ва зӯроварӣ алайҳи ҷинояткороне, ки ба амнияти миллату давлат хатар доранд, тавҷеҳ дорад. Ин дар ҳолест, мавсуф эътироф мекунад, ки дар қонунҳои Тоҷикистон истифодаи шиканҷа нисбати зиндониён манъ аст ва ин амал муҷозот ҳам дорад. Аммо ӯ мавқеи худро бо он тавҷеҳ медиҳад, ки шиканҷа алайҳи ҷинояткорони хатарнок дар хадамоти амниятии соири кишварҳои дунё истифода мешавад. «Истифода аз зӯроварӣ дар мавриди гурӯҳҳои барои ҷомеъа хатарнок тавҷеҳ дорад, махсусан барои дастрасӣ ба иттилоъи муҳим. Ин метод дар таҷрибаи қариб тамоми давлатҳо мавҷуд аст. Бубинед, террористҳои байналмилалиро дар Гуантанамо, дар зиндони дорои низоми шадид қариб 10 сол нигоҳ доштанд».
Назармад Азизӣ аз ҳодисаи кушта шудани 25 сарбози нерӯҳои давлатӣ дар минтақаи Рашт ёдовар шуд ва гуфт, нисбати нафароне, ки ин ҷинояти мудҳишро содир кардаанд, бояд муҷозоти ҳамсанги ин истифода шавад.
Таҳлилгари масоили амниятӣ, Давлатманд Асламов, ки аз ҷонибдорони чораҳои шадид алайҳи ҷинояткорони хатарнок аст, мегӯяд: падидаҳои манфие, ки созмонҳои террористӣ дар ҷаҳони муъосир ба бор овардаанд, зарурати бознигарии қонунҳои кайфариро ба миён овардаанд. Ин таҳлилгар эътироф мекунад, ки истифодаи шиканҷа алайҳи афроди муттаҳам новобаста аз сабки ҷиноят мамнӯъ аст. Аммо ӯ мӯътақид аст, ки шиканҷа метавонад ҳаммаслакони афроди муттаҳамро хунсо кунад ва барномаҳои онҳоро барҳам занад. «Баъзе омилҳое ҳастанд, ки намешавад дар пешгирии онҳо ҳолатҳои мавриди назарро сарфи назар кард. Масалан, як нафар террорист ва зарари вай ба ҷомеъа калон аст. Нисбати ин гуна афрод, ки ба амалҳои номатлуб даст мезананд, бигузор аз зӯр кор бигиранд».
Акрам Ҷобиров, муфаттиши додситонӣ дар шаҳри Душанбе аз таҷрибаи бозрасии худ дар робита ба қазияи аъзои Ҳаракати исломии ӯзбакистон ва Ҳизбуттаҳрир дар вилояти Суғд ёдовар мешавад. “Дар ҳоле ки намояндагони ин ду гурӯҳ бо силоҳ ва васоили тарғиботӣ боздошт мешаванд, боз ҳам ба Қуръон савганд мехӯранд, ки яроқро нафари дигар ба онҳо додааст ва адабиёти тарғиботиро тасодуфан дар кӯча ёфтаанд, аз чӣ муносибате бояд кор гирифта мешавад, танҳо аз зӯр” . ӯ махсусан ба сарсахтии намояндагони Ҳаракати исломии ӯзбакистон ишора мекунад, ки гуноҳи худро ҳеҷ гоҳ эътироф намекунанд.
МУХОЛИФОНИ ШИКАНҶАИ ГУМОНБАРОН
Дар ҳамин ҳол, Ҷамшед Ҳусейнов, намояндаи насли ҷавони бозрасҳои тоҷик мегӯяд: шиканҷа ҳеҷ гуна зарурат надорад. Вай бо ишора ба манъи истифодаи шиканҷа дар қонунгузории Тоҷикистон меафзояд, зиндонӣ ҳам инсон аст ва бояд аз ҳаққи қонунии худ бархурдор бошад. «Қонун инро иҷоза намедиҳад. Барои ҳамин набояд аз доираи қонун берун шуд. Қонунро риоя кардан даркор аст».
Ҳуқуқдони тоҷик Сафармад Акмалов низ шиканҷаро дар нисбати боздоштшудаҳо ҷоиз намедонад ва мегӯяд, барои ба даст овардани эътирофи афроди муттаҳам бояд аз чораҳои қонунӣ ва шеваҳои нави бозпурсӣ кор гирифт, на лату кӯб ва таҳқир. Ба гуфтаи ӯ, нақзи қонун аз тарафи намояндаи қонун ба ҷомеъа пайғоми ғалат медиҳад.
Ба назари баъзе таҳлилгарон, фирори зиндониҳо аз маҳбас ва буду боши онҳо дар озодӣ ҳаросро то андозае дар дили сокинони кишвар ҷой кардааст. Ва он шабу рӯз эҳтимол ҳеҷ яки онҳо бар сари шеваи боздошт ва бархӯрд бо зиндониҳо намеандешид. Ҳама мехостанд, ки фирориҳо ба зудӣ хунсо шаванд ва кишвар ба гирдоби тарсу ҳарос ва беамниятӣ гирифтор нашавад.
НАЗАРИ МАРДУМ
Бо гузашти чанд моҳ аз ҳодисаи фирори зиндониҳо, мо, шаҳрвандони маъмулиро бо саволи матраҳшуда, ки “оё шиканҷа зарурат дорад?” ба баҳс кашидем. Аксари онҳо шиканҷаро амали ғайриқобили қабул унвон мекунанд. «Қонунгузорӣ шиканҷаро манъ кардааст. Агар ба зӯроварӣ иҷоза диҳанд, кормандони пулис ва амният аз тамоми намуди зӯроварӣ истифода мекунанд, новобаста аз шакли ҷиноят. Агарчӣ бе ин ҳам аз ин роҳ истифода мекунанд»,
«Ин кор дар ҳама давлатҳо манъ аст, дар Тоҷикистон ҳам бояд манъ шавад»,
«ман тарафдори зӯроварӣ нисбати ҷинояткорон мебошам, чаро ки онҳо ҳаёти дигаронро месӯзонанд, ба дигарон зарар мерасонанд. Барои пешгирӣ кардани амалҳои ҷинояткорӣ ва фош кардани сирри гурӯҳҳои дигар зӯроварӣ нисбати онҳоро дуруст мешуморам», гуфтанд онҳо зимни пурсиш.
ШИКАНҶАРО БА ҲЕҶ ДАЛЕЛ ҚАБУЛ НАДОРАМ
Ойиниҳоли Бобоназар, ҳуқуқдони саршиноси тоҷик бошад, аз роҳи шиканҷа ба даст овардани иттилоъ ва ё эътирофи гуноҳи фарди гумонбарро амали хилофи қонун мешуморад ва мегӯяд, ки онро ба ҳеҷ далеле қабул надорад. Ба гуфтаи хонум Бобоназарова, бо шиканҷаи инсон, принсипи башардӯстӣ аз байн меравад ва ҳуқуқи башар ҳама гуна усулҳои зӯроварӣ ва шиканҷа нисбати гумонбар, ҳатто зиндониро маҳкум мекунад. Шиканҷа ҳатто дар сатҳи зиндонҳое мисли Гуантанамо ҳам манъ карда шудааст. «Одам ҳатто дар вақти тафтишот, вақте вайро мезананду мекӯбанд, як одами дигарро тӯҳмат мекунад, гапи нодуруст мегӯяд, дар ҳамон ҳолат ӯ ба «гуноҳ» иқрор мешавад. Чунки дардро тоқат карда наметавонад, худ ва инсониашро гум мекунад. Чизе, ки ба даҳон дар ҳолати фишор ва дард меояд, онро мегӯяд. Барои ҳамин эътирофе, ки аз тариқи шиканҷа ба даст омадааст, дар додгоҳ далел шумурда намешавад».
Ойниҳол Бобоназарова мегӯяд, истифодаи шиканҷа алайҳи афроди муттаҳам тавҷеҳи хеле заъиф дорад ва далел ин аст, ки бозрасҳо наметавонанд ҷурми муттаҳамро бо роҳҳои қонунӣ собит кунанд.
Ҳарамгули Қодир