Categories Uncategorized

Ҳоли зори донишҷӯён дар Кӯлоб

«Дар ягона хобгоҳи донишгоҳ, ки дорои 79 ҳуҷра аст ва барои буду боши 180 нафар пешбинӣ шудааст, донишҷӯёнро аз меъёр зиёд (343 нафар) ҷой додаем. Ва ҳуҷраҳои мувофиқ барои се нафарро кати дигар илова карда, онҳоро панҷнафарӣ кардем, яъне хобгоҳро «тоҷикӣ» кардем, то ҳама эҳтиёҷмандон ба хобгоҳ таъмин шаванд. Аз ҷумлаи ин 343 нафар 130-тои онҳо духтар ва 230-тои дигар писар мебошанд ва аз ҳамин шумораи умумӣ 137 нафар: 82 духтар ва 55 писарони донишҷӯе ҳастанд, ки тибқи квотаи президентӣ сазовори ин гуна имконият гаштаанд. 29 нафари дигар, ки бо хобгоҳ таъмин шудаанд, аз ҷумлаи донишҷӯёни камбизоъатанд.

Тибқи имкон шароити зисти донишҷӯёни хобгоҳро таъмин кардаем, аз ҷумла утоқҳоро бо гармкунакҳои барқӣ ва ошхонаҳоро бо плитаҳои барқии замонавӣ муҷаҳҳаз намудем. Ҳамаи утоқҳо бо мизу курсӣ таъминанд. Онҳо курпаю болишт ва болокашҳои сафед низ доранд. Кат барои ҳама мерасад, танҳо ду-се нафар истисно мебошанд, ки дар рӯйи фарш хобанд. Дар хобгоҳ донишҷӯён аз Душанбе, ВАБК, навоҳии Масчоҳи Кӯҳӣ, Ховалинг, Шӯрообод, Балҷувон, Фархор, Ҳамадонӣ, Мӯъминобод ва дигар ҷойҳо ба сар мебаранд», мегӯяд, ноиби ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба корҳои тарбиявӣ хонум Кенҷамоҳ Маҷидова.

Мо тасмим гирифтем, ки дурустии фикри масъули баландпояи донишгоҳи мазкурро мавриди санҷиш қарор диҳем, аз ин хотир озими хобгоҳи донишҷӯён шудем. Дар ошёнаи дуюм, ки духтарон зиндагӣ менамоянд, бо чанд нафари он ҳамсӯҳбат шуда, эшонро шароити зисташон суол кардем. Дар ошёнае, ки духтарон мезистанд, як ҳуҷра барои хӯрокпазӣ ҷудо шудааст, ки ду плитаи калони барқӣ дорад, вале онҳо дар ҳолати корӣ қарор надоштанд. Дар зимн Шарофати Ёқуб, донишҷӯи курси якуми факултаи ҷуғрофиё ва туризм аз ноҳияи Шӯрообод, ки ба омода кадани хӯрок машғул буд, гуфт: ин чаҳор плитаи хурди чинӣ, ки болои курсиҳо меистанд, моли худамон мебошанд, ки онҳоро аз хона овардаем, чунки плитаҳои донишгоҳ кор намекунанд. Мушкили дигари мо ин хунук будани утоқҳои зист аст. Агарчи он ҷойҳоро низ бо гармкунакҳои худӣ гӯё гарм мекунем, вале чӣ илоҷ, ки гарм намешаванд.

Бо донишҷӯи курси дуюми факултаи таърих ва ҳуқуқ Парвинаи Идибек бошад, дар ҳуҷраи зисташ ҳамсӯҳбат шудем. Воқеан ҳам, ҳуҷра хунук  буд. Чун ин ҳол дидам, аз ӯ пурсидам, ки чаро ҳуҷраашон хунук аст дар ҳоле ки ноиби ректор гуфта буд, тамоми ҳуҷраҳо бо гармкунаки барқӣ таъминанд. «Не, ҳеҷ гуна гармкунак барои мо надодаанд, танҳо аз худамон як плиткае дорем, ки онро барои гарм намудани утоқ истифода мекунем», гуфт донишҷӯ. Дар ҳуҷраи мазкур чор кат ва ду курсӣ мавҷуд буду халос, дар ҳоле ки  ва яке аз кат на кӯрпаву болишт дошту на болокаши сафед.

Ба ошёнаи чорум баромадем, ки он ҷо писарон зиндагӣ мекунанд. Зимни ворид шудан ба як ҳуҷра дидем, ки дар он ҳамагӣ ду кат гузошта шудааст ва болои онҳо кӯрпаҳои зиёде рӯи ҳам хобида. Бошандаи ин ҳуҷра Умаралӣ Азимов, аз ноҳияи Ховалинг мегӯяд, «ман донишҷӯи курси якуми факултаи забон ва адабиёти тоҷик мебошам. Ва дар ин ҳуҷраи танг 5 нафар зиндагӣ мекунем, 2 нафар болои кат ва 3 нафари дигар рӯи фарш. Донишгоҳ ягон кӯрпаву болиштамон надодааст. Ҳуҷраро бо плитаи барқӣ гарм мекунем, ки он ҳам аз худамон аст ва хӯрокро ҳам дар ҳамин утоқ мепазем». Аз ӯ пурсидем, ки «ҳоҷатхона ва ҷои шустушӯй доред»? Дар дохили хобгоҳ чизе нест, ҳоҷатхона ва ҷойи шустушӯй ҳам дар берун аст», посух дод донишҷӯ.

Ҳуҷраи дигареро низ аз назар гузаронидем ва он ҳам айни аввалӣ буд. Аз бошандагони он пурсидем, ки донишҷӯёни дигари хобгоҳ ҳам бо ҳамин ҳол ба сар мебаранд? 2 нафар дар кати хоб мераванду 3 болои фарш? «Бале, дар ҳар як ҳуҷра аҳвол ҳамин аст», посух доданд онҳо.

Дар ин ошёна ҳуҷраи холӣ барои хӯрокпазӣ мавҷуд буд, лекин ягон плитаи донишгоҳӣ ва мизе барои хӯрокпазии донишҷӯён ба чашм намерасид. Зиёда аз ин садорати донишгоҳ ягон ҳуҷраи хобгоҳро  бо гармкунакҳои барқӣ таъмин накардааст. Ва вақте дар бинои хобгоҳ як ҳоҷатхона ва ҷойи шустушӯй мавҷуд аст ва он ҳам дар берун, оё аз нигоҳи санитарӣ ташвишовар нест?

Ҳангоми сӯҳбат бо донишҷӯён огоҳ шудем, ки тақозои дарёфти хобгоҳ миёни донишҷӯён ниҳоят зиёд аст, вале дархости онҳо ҳамоно зери чангу болои мизҳо мондаанд. Онҳо маҷбур шудаанд, иҷорашин шаванд ва ё  шабро дар хонаҳои хешу табор рӯз кунанд.

Тӯли чаҳор сол аст, ки садорати донишгоҳ бинои таълимиеро аз Омӯзишгоҳи касбӣ-техникии №32 ба хотири истифодабарӣ ба тавозуни худ даровардааст, вале ҳеҷ не, ки масъулин аз гуфтор ба амал гузаранду биноро ба истифода диҳанд. Ҳоло ваъдаҳои дигаре низ кардаанд, ки тибқи он, имсол таъмири онро оғоз мекунанд.

Қобили қайд аст, ки дар шаҳри Кӯлоб Коллеҷи тиббӣ мафриди фаъолият қарор дорад, ки 217 донишҷӯро ба оғӯш гирифтааст. Коллеҷи мазкур дар тавозуни худ як хобгоҳи калон дорад. Аммо дар солҳои нооромиҳои кишвар хобгоҳи мазкурро нафарони бехона «забт» карда гирифтанд, ки шумораи онҳо 24 оиларо ташкил мекард. Чанде қабл бо пофишориҳои маъмурияти коллеҷ 11 оила хобгоҳро тарк карданд ва масъулини коллеҷ тавонистанд иддае аз донишҷӯёнро бо хобгоҳ таъмин кунад.

«Имрӯз коллеҷ 247 донишҷӯ дорад ва онҳо аз ҳар гӯшаву канори ҷумҳурӣ мебошанд. Шумораи дархосткунандагон барои истифодаи хобгоҳ хеле зиёд аст. То имрӯз дар дасти ман 70 ариза мавҷуд аст. Феълан, мо натавонистаем 13 оилаи дигарро берун кунем, ки аз замони нооромиҳо ин ҷо «сокин» гаштаанд. Шаш моҳ пеш нисбати ин масъала ба додгоҳ даъво пешниҳод кардем ва додгоҳи шаҳри Кӯлоб ин масъаларо санҷида истодааст, вале аз чӣ бошад, ки ба як хулосаи аниқ нарасида истодааст. Зимни ироъаи даъво ишора ба он ҳам кардаем, ки «сокинон»-и хобгоҳ тӯли 12-15 сол аз ҳисоби коллеҷ аз барқу об истифода кардаанд ва бояд онро пардохт намоянд. Чунки ҳамаи ин хидматҳои коммуналӣ аз ҳисоби коллеҷ пардохт шудаанд. Агар ин 13 оила аз хобгоҳ берун карда шаванд, 45-50 донишҷӯи дигарро бо хобгоҳ таъмин карда метавонем. Мо, феълан, аз ҳисоби маблағҳои дохилӣ се ошёнаи хобгоҳро таъмир намуда, шароити зистро барои донишҷӯён муҳайё сохтаем. Аз ҷумла ҳар як ҳуҷраи ин ошёнаҳо бо гармкунаки барқии иронӣ ва кат, кӯрпаву болишту рӯкаши сафед таъминанд. Шароити оббозӣ ҳафтае як маротиба фароҳам оварда шудааст, вале мушкилот танҳо сари ҳоҷатхонаи умумӣ аст.

Вазъият дар филиали дар Кӯлоббудаи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҳам хуб нест. Мушкили мавриди назарро маъмурияти филиали мазкур низ тасдиқ мекунад.

Дар охир гуфтан ба маврид аст, ки чун замонҳои пешин на ҳама донишҷӯён ба шакли буҷавӣ таҳсил менамоянд. Яъне тибқи қавонини нави таҳсил, афроди зиёде аз тариқи шартнома шомили донишгоҳу омӯзишгоҳҳо мешаванд, ки албатта, донишгоҳҳо ва коллеҷи дар боло зикршуда ҳам истисно нестанд. Чун чунин система роиҷ аст ва теъдоди зиёди донишҷӯён барои таҳсил дар донишгоҳу коллеҷ маблағ мепардозанд, чаро онҳоро наметавонанд бо хобгоҳ таъмин кунанд? Гузашта аз ин чаро иддае аз масъулин дурӯғ мегӯянд. Ахиран, ДДК ва бахши ДТТ дар Кӯлоб ва инчунин Коллеҷи тиббӣ кай метавонанд донишҷӯёни худро бо хобгоҳ таъмин намоянд?

М. Мустақим, Кӯлоб

Ҳафтаномаи «Наҷот»

More From Author

You May Also Like