Муҳиддин Асозода
01.01.2012, 00:12
Метавон соли навро иди миллӣ номид?
Аз ҷашни истиқлолият то баландтарин парчам
Аз муфлисшавӣ ва бебарқӣ то қонуни волидайн
Фасоди густарда ва болоравии нархҳо
Ташвишҳои навбатӣ
Таърихчаи соли нав
Аз мутолиъа ва мушоҳидаҳои манобеъи таърихӣ ба чунин хулоса метавон расид, ки анъанаи ҷашнгирии соли нави мелодӣ ва ё масеҳӣ бинобар қарори подшоҳи Рус Пётри 1 ба асри ҳабдаҳ рост меояд. Шоҳи рус Пётри 1, 20-декабри соли 1699 тибқи қарори худ дастур дод, то солшумории соли нав аз 1-уми сентябр ба 1- уми январ гузаронида шавад. Вале то он замон мардуми рус ҷашни солинавиро 1-уми март, 22-уми март, инчунин 14 сентябр низ ҷашн мегирифтаанд. Нахустин маротиба иди солинавиро тибқи тақвими масеҳӣ дар Русияи подшоҳӣ соли 1700 ҷашн гирфтанд. Дар асри 19 бошад, ба шакли васеъ ва густурда соли нави месеҳиро дар зери дарахти арча таҷлил намуданд, ки ин расм то кунун миёни пайравони дини масеҳӣ боқист.
Яке аз анъанаҳо ва расму русумҳое, ки аз замони собиқ Иттиҳоди шуравӣ то кунун ба мерос боқӣ монд, ин ҳамоно ҷашнгрии соли нави месеҳист, ки решаҳои худро миёни қишрҳои гуногуни ҷомеъа устувор нигоҳ медорад. Дар мавриди таҷлили ин ҷашнвора, ки таърихашро ба шакли мухтасар дар боло зикр кардем, бо боварӣ метавон гуфт, ба фарҳанг ва арзишҳои миллӣ-мазҳабии мо ҳеҷ гуна рабте надорад.
Метавон соли навро иди миллӣ номид?
Дар робита ба ҷашнгирии ин маросими зикргардида миёни андешамандон ва афроди мухталифи ҷомеъа назароти мухталифе арзи вуҷуд дорад. Ба вижа аксари руҳониёни саршинос ва маъруфи кишвар таҷлил ва ҷашнгирии ин маросимро бо ҳуҷҷат ва далоили шаръӣ мамнуъ эълон медоранд. Вале иддаи дигар ба истилоҳ зиёиёну масъулин бо ҷонибдорӣ аз ин ҷашнвора бар ин ақидаанд, ки тӯли беш аз 70 соли ҳукмронии собиқ Иттиҳоди шуравӣ ин маросим вориди арзишҳои миллии мо гардидааст. Ба ҳар тақдир вақтро чун довар меноманд, бо гузашти замон шоҳиди он гардидем, ки таҷлили ин сана рафта-рафта шукӯҳу шаҳомати худро аз даст дода ва ҷои онро дар сарзамини мо тибқи суннатҳои миллиамон ҷашни иди Навруз касб мекунад.
Баъзе аз «дастовардҳо» дар 2011
Соле, ки сипари гардид, мунсифона қазоват кунем, дар лобалояш чандон комёбиҳо ва дастовардҳои назаррасеро дида намешуд. Чолишҳои сиёсӣ, рақобатҳои носолим, сӯитафоҳум миёни кишварҳои ҳамсоя, ба хусус шарики стратегиамон Русия, ки ахиран дар қиболи қазияи ду халабон, ки ҳамагон огоҳанд, чи усулҳо ва тактикҳое аз худ нишон надод.
Аз ҷашни истиқлолият то баландтарин парчам
Дар соли сипаригардида ҷашни 20-умин солгарди истиқлолияти кишвари азизамон Тоҷикистон бо як шукӯҳу шаҳомати хоссае дар тамоми қаламрави кишвар ҷашн гирфта шуд. Дар арафаи ин ҷашн роҳбари давлат Э. Раҳмон қонуни афви умум, ки «Афви тиллоӣ» унвонаш мекунанд, ба имзо расонид. Тибқи хабарҳои манобеъи расмӣ беш аз 15- ҳазор нафар аз «гумонбаршудагон, айбдоршаванда, судшаванда ва маҳкумшудагон» афв хоҳанд шуд. Инчунин баландтарин парчам бо баландии 165-метр дар маркази пойтахт сохта шуд, ки тибқи хабарҳо дохили китоби «Гиннес» гардид.
Аз муфлисшавӣ ва бебарқӣ то қонуни волидайн
Дар яке аз нишастҳои матбуотӣ вазири молия Сафаралӣ Наҷмиддинов гуфта буд, қарзи берунии Тоҷикистон наздик ба 2- миллиард доллар расидааст, ки 34 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад. Бархе аз намояндагони мардумӣ ташкил додани 1-миллиарду 800 миллион қарзи Тоҷикистонро дар ҷараёни тасвиби буҷа нигаронкунанда арзёбӣ карданд. Ин нишондиҳанда паёме ҷуз аз муфлисшавии кишвар чизи дигареро намедиҳад.
«Дастоварди» дигар дар соли гузашта қабули қонун дар бораи «Масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд» буд, ки мавриди вокунишҳои на танҳо дохилӣ, ҳатто шахсиятҳои хориҷӣ ва созмонҳои ҳуқуқи башар қарор гирифт. Муддате ин мавзӯъ «зиннатдиҳандаи» саҳифаҳои аввали матбуоти даврӣ ва мавзӯъи мубрами рӯз маҳсуб меёфт.
Масъулини «Барқи тоҷик» бар ин назар буданд, ки бо фаъол шудани нерӯгоҳи барқии-обии «Сангтӯда-2» имкони комилан аз байн бурдани маҳдудияти нерӯи барқ дар саросари кишвар ба вуҷуд хоҳад омад. Вале бо гузашти вақт шоҳиди он гардидем, ки вазъ ва ҳолати мардум мисли солҳои қаблӣ мебошаду дар он беҳбудие ба назар намерасад.
Фасоди густарда ва болоравии нархҳо
Натиҷаи як пажӯҳиши муштараки Маркази таҳқиқоти назди раёсати ҶТ дар ҳамоҳангӣ бо дафтари намояндагии САҲА мизони фасод дар Тоҷикистонро муайн намуда ба натиҷае расиданд, ки фасодзадатарин ниҳодҳо, кормандони пулис, бемористонҳо, ва Бозрасии давлатии автомобилӣ ба шумор меравад. Ин назарсанҷӣ мегуяд, дар Тоҷикистон тамоми анвоъи фасод вуҷуд дорад. Соли сипаригардида Русия боҷи гумрукиро барои воридоти нафт боло бурд, ки ин иқдом мунҷар ба болоравии қимати бензин дар сарораси кишвар гардид. Дар натиҷа мушкилоти аксар аҳолии кишвар даҳчанд гардид, ки яке аз ин мушкилотро болоравии роҳкиро дар худи пойтахт ва соири манотиқи ҷумҳурӣ метавон арзёбӣ кард.
Ташвишҳои навбатӣ
Баробари фарорасии соли нави милодӣ, аксар аҳолӣ чун солҳои гузашта ҷомаи тарс ба бар мекунанд. Чун болоравии нарху наво дар ҷомеъаи мо пас аз ҷанги шаҳрвандӣ ба ҳукми анъана даромадааст, нигаронии мардумро ҳамасола даҳчанд мекунад. Аллакай миёни мардум аз болоравии нарху навои бе ин ҳам дар осмон даккахурда пас аз ҷашни соли нави мелодӣ мишмишу гуфтугӯҳост. Ва мардуми камбизоъат, ки аксари аҳолии ҷомеъаи моро ташкил медиҳанд, бо шунидани ин гуна ҳарфҳои дар боло зикргардида на эҳсоси ҷашн, балки эҳсоси мотам мекунанд. Суоли матраҳ ин аст, ки бо дар назардошти кадом ҳол қимати обу газу барқ ва дигар маҳсулоти мавриди ниёзи мардум боз ҳам боло меравад?