Имрӯз зимни мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Андрис Берзинш сарони кишварҳои Тоҷикистону Латвия зарурати тақвияти ҳамкориҳоро дар мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои он, ҷинояткории муташаккилонаи фаромарзӣ ва дигар чолишҳову таҳдидҳои замони муосир мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Тавре аз дафтари иттилоотии президенти кишвар хабар доданд, дар рафти музокирот президентҳои ҳарду кишвар вобаста ба муҳимтарин масъалаҳои муносибатҳои дуҷониба ва байналмилалӣ табодули афкор намуданд.
“Президентҳои ду кишвар саъю талоши муштаракро ҷиҳати мусоидати минбаъда ба анҷом додани мулоқотҳои мунтазам дар сатҳи олӣ, истифодаи фаъолонаи абзорҳои мавҷудаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангию башардӯстона, инчунин тавсеаи заминаҳои шартномавӣ-ҳуқуқии дуҷониба изҳор намуданд”, хабар медиҳад манбаъ.
Роҳбарони ду давлат масъалаҳои марбут ба захираҳои обию энергетикии кишвари Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор дода, саъю талошҳои Тоҷикистонро ҷиҳати истифодабарии оқилонаи онҳо бар манфиатҳои рушди иқтисоди кишвар ва тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ таъкид намуданд.
Categories
Uncategorized